25 марти соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон” дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, (солҳои 2018-2028) баргузор гардид.
Дар кори он дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин, намояндагону коршиносони МТОК ва илмии хориҷи кишвар, аз ҷумла, аз Шоҳигарии Нидерланд, Ҳиндустон, Малайзия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Дар сухани ифтитоҳии роҳбарияти донишгоҳ зикр гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуданд ва ҳоло Тоҷикистон аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим шинохта шудааст.
Қобили қайд аст, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул намуд.
Вобаста ба иҷрои чорабиниҳои дар доираи қатънома қабулшуда аз 22 то 24 марти соли 2023 Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии баргузории ҳамоиши имрӯза ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш гурӯҳе аз донишмандону кормандони дохилию хориҷӣ суханронӣ карданд.
