МУШКИЛКУШОВУ РАҲНАМО

Китоби нави адиби шинохта Абдурауф Муродӣ бо номи «Ҳамосаи китоб» (Душанбе, «Маориф», 2022, 88 саҳ. Муҳаррир Низом Қосим) дастраси хонандагон гашт. Ин адиб фаъолияти бавусъати эҷодӣ дошта, ӯро хонандагон, қабл аз ҳама, ҳамчун шоир ва нависандаи ҳаҷвнигор, хушгуфтору ҳозирҷавоб, рӯзноманигори сермаҳсулу пухтакор мешиносанд. Агар аз А. Муродӣ пурсанд, ки «дӯсти наздики ту кист?», бар он боварем, ки ӯ фавран, бидуни андеша посух хоҳад дод: китоб.
Воқеан, ин қаламкаши варзида китобро ба дараҷаи олӣ арҷ мегузорад ва шахси китобхонро ҳама ҷо ҳурмату эҳтиром менамояд, дӯст медорад. Ҳамин муҳаббату самимияти беандозаи ба китоб доштааш ӯро водор намуда, ки китобе таҳти унвони “Ҳамосаи китоб” эҷод карда, ба ҳамагон пешкаш гардонад. “Ҳамосаи китоб” бо сабку услуби возеҳу башира ва хеле муҷазу самимӣ эҷод шудааст. Хонанда бе ягон душворӣ мақсади шоирро дарк мекунад ва китобро бо камоли шавқ мутолиа менамояд. Дар китоб пас аз манзумаи «Ҳамосаи китоб» манзумаи “Ҳамосаи дониш” омадааст, ки мантиқан хеле баҷост, чунки манбаи дониш китоб мебошад. Шахсе, ки ба мутолиаи китоб машғул мешавад, сухандону суханвару донишманд мегардад. Инсоне, ки аз илму дониш бархурдор аст, ҳаргиз ба роҳи бад намеравад, дар ҷомеа мавқеи шоистаи хешро пайдо мекунад, сазовори ҳурмату эҳтироми мардум мегардад. Ёдовар мешавем, ки адибони классики форсу тоҷик дар боби баҳрабардорӣ аз китоб ва манфиати илму дониш суханҳои воломазмун гуфтаанд. Онҳо низ «дардҳо»-и маънавии ҷомеаро бо доруе, ки варо ном “китоб” ва “дониш” аст, табобат намудаанд. Дар қисмати охири «Ҳамосаи китоб» пораҳои насрӣ оварда шудаанд, ки ҳама панду андарз дар ситоишу арҷгузории китобанд.
Мутаассифона, дар шароити пуршӯру шарри ҷаҳони имрӯза сафи китобхонҳо хеле коҳиш ёфтааст. “Ҳамосаи китоб” барои ҷалби ҳамагон ба китобхонӣ ва барои тақвияти муҳаббат ба ин манбаи дониш нақши муҳим хоҳад бозид. Муаллиф сифатҳои китобро бо камоли маҳорату муҳаббат баён намудааст. Китоб аз назари адиб раҳнамои одамон, фурӯзонтар аз хуршеди ҷаҳон, кафолатбахши пирӯзии мо, фароҳамовари рӯзии инсон, сари болои мо, роҳбари мо, пиру мавлои мо, розномаи ошиқон, бегазанду безавол, орӣ аз зишту кин, сафобахши одамон, ганҷи бебаҳои зиндагӣ, беҳтарин дороии ҳар фард, уқёнуси беҳадду канор, кӯҳи устувор, тавоноқудрати мушкилкушо, раҳнамои мулки дониш, маънибахши зиндагии одамон, сафои ҳафт пушти тоҷикон, беҳтарин дороии аҷдоди мо, субҳи босафо, давои дардҳо, муттакои дармондагон, бақои ҳастии олам, забунсози ҷаҳолатпарастон, уқдакушои зиндагӣ, сарвати беинтиҳою бегазанд, хирвори нур, кони сурур, ифтихори миллат мебошад.
Мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу тарғиби он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд. Дар мамлакатамон бо ибтикори Сарвари кишвар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” роҳандозӣ шудааст. Ин ибтикороти Пешвои миллат ҳазорҳо хонандаро ба мутолиаи китоб ва омӯзиши илму дониш ҳидоят намуд.
“Ҳамосаи китоб” дар қалби хонанда завқу шавқи мутолиаи китобро афзун намуда, баҳри омодагӣ ба озмунҳои мазкур ҳидоятгару раҳнамою илҳомбахш аст. Китоб андозаи дафтарчаи кисагиро дорад ва хонанда метавонад онро дар кисааш дошта бошад ва дар ҳар мавриди мувофиқ ба мутолиааш машғул шавад.
Айни муддао мебуд, агар ин китоб бо теъдоди зиёд нашр гардад, то ба тамоми мактабҳои кишвар дастрас бошад. «Ҳамосаи китоб» ба омӯзгорон низ барои тарғиби китобу китобдӯстиву китобхонӣ ва баргузории дарсҳои тарбиявию ҳамоишҳои адабӣ муфиду ёвар хоҳад буд.
Муҳаммадраҳим Тошпӯлодов,
устоди литсейи №2 барои хонандагони
болаёқат дар шаҳри Душанбе