МОҲИЯТИ ИНСОНГАРОИИ ҶАШНИ АҶДОДӢ

Наврӯзи бостон ёдгору мероси таърихии миллати тоҷик ҳисоб мешавад. Он роҳи пуршебуфарозеро паймуда, то ба имрӯз расида, шукӯҳу шаҳоматашро батамом нигаҳ доштааст. Ин ҷашни муборак барои мо оғози иқдомҳои наву тоза, рамзи покию нексириштӣ, пайки хушбахтию пирӯзиҳо, қосиди сулҳу салоҳ ва ободонию созандагиҳои нав мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, дар остонаи иди Наврӯз мардум бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон ёрӣ мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Баҳор, ки худ фасли тозаписанду покипараст ва шукуфоию эҳёи табиат аст, аз инсон низ покиро тақозо дорад. Аз ин хотир, инсон бояд бо вуруди баҳор ва айёми Наврӯз сиришти худро аз тамоми олудагию кудурат, кину адоват, нафсу одат пок кунад ва чун гузаштагони бовиқору сарбаландаш гуфтори нек, кирдори нек, пиндори некро шиори аввали зиндагӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳад. Ҳангоме ки баҳор табиатро зинда карда, онро саховатмандона дар ихтиёри инсон мегузорад, башар бояд ҷавобан саховату созандагӣ, накуию накукирдорӣ ва хушгуфториро пеша созад.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагию ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯйи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.
Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун шавад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.
Инсонгароӣ ё бузург доштани мақому манзалати инсон аз Наврӯзи олам сарчашма мегирад. Зикр бояд кард, ки фарҳангу фалсафаи инсонгароии Наврӯз боиси ба Наврӯзи олам ё Наврӯзи ҷаҳонӣ мубаддал гаштани он гашт. Аслу моҳияти Наврӯз худ инсонпарастист. Мартабаи инсон дар мағзу маҳаки ҷашни Наврӯз ҷой гирифтааст ва мартабаи инсон ба ҳаддест, ки Наврӯз марзу сарҳадҳоро убур карда, ба ҷашни тамоми мардуми олам табдил ёфт. Дақиқтар гӯем, айни ҳол 200 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашн мегиранд ва ин мояи тафохури мост. Наврӯз миёни аслҳои фарҳангӣ ва наслҳои инсонӣ пайвандгарест, ки наслҳоро бо аслҳо, гузаштаро бо имрӯз, имрӯзро бо оянда ва дар ниҳоят Ҷаҳони Кеҳин (инсон) – ро бо Ҷаҳони Меҳин (кайҳон) мепайвандад.
Як фазилати бузурги Наврӯз оштӣ додан мебошад, ки чун анъанаи наврӯзӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯз расидааст. Шарт аст, ки бо фарорасии Наврӯз – яъне соли нав набояд инсон нисбат ба шахсе дигар дар дил кину адоват дошта бошад.
Инсонгароӣ, ки аз фазилатҳои беҳтарини Наврӯз аст, боис гашт, ки онро ҷаҳониён чун беҳтарин ҳадияи фарҳангӣ қабул карданд ва ин барои мо ифтихори бузург аст.

Ҷ. Улфатшоҳ,
“Омӯзгор”