НАВРӮЗИ ВЕШКАНД

Вешканд деҳаест дар водии Зарафшон. Мардуми он бештар ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Аҳли ин деҳа монанди тамоми тоҷикон аз қадимулайём Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд. Бо фарорасии Наврӯз кӯдакон гули бойчечак мечинанд ва сурудхонон аз омад-омади баҳор ба ҳама сокинони деҳа мужда мерасонанд.
Сокинони деҳа ба ивази ин мужда ба кӯдакон шириниҳои гуногун дода, бойчечакро бӯй мекунанд ва ба абрувонашон мемоланд.
Мардум сараввал хоната-конӣ мекунанд, тамоми ҷиҳози хонаро бароварда, зери офтоб паҳн месозанд. Зарфҳои лабшикаста ва куҳнаро бароварда мепартоянд. Одамоне, ки бо ҳам қаҳрӣ буданд, аз нав оштӣ мешаванд. Танӯр, оташдон ва ҷойҳоеро, ки сиёҳ шудаанд, сафед карда, ба Наврӯз омода мешаванд. Мардуми ин диёр сухане доранд, ки “оби раҳмат дар рӯзи душанбе асту Наврӯз дар рӯзи панҷшанбе”. Бегоҳи Наврӯз тамоми мардуми деҳа оши палав мепазанд. Кӯдакон ба хонаҳои хешу ақрабо ва ҳамсояҳо ош бурда, ош меоранд, ки онро ,,ошбарак” меноманд. Пагоҳӣ, яъне рӯзи Наврӯз ҳама либоси нав ба бар мекунанд.
Дар байни ин мардум чунин сухани гузаштагон роиҷ буд: “Агар дар Наврӯз либоси нав надошта бошӣ, сӯзани ба об нарасидаеро дар пушти гиребонат зан”.
Кӯдакон ба саҳни табиат баромада, рӯи сабза ғел мезананд, арғунчакбозӣ мекунанд ва ҳамдигарро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик менамоянд.
Дар ин рӯз дар ҳар як хонаводаи мардуми Вешканд дастархони наврӯзӣ ороста мешавад. Тамоми нӯшу неъмате, ки доранд, рӯи дастархон мегузоранд. Сараввал нон ва ҳафтмева мегузоранд.
Мардуми деҳаи Вешканд аз таомҳо – оши бурида (оши туппа ҳам мегӯянд), оши суюқ (бо рустаниҳои шифобахш – хирёк, ҷиғак, пудина, қоқу), ширбиринҷ, самбӯсаҳои алафӣ, таом бо гӯшти паранда омода намуда, дастархони наврӯзиро оро медиҳанд.

Фурӯзанда ҲУСЕЙНОВА,
донишҷӯи курси 2, факултаи журналистикаи ДМТ