ҲИМОЯИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Иди Наврӯз аз шумори рукнҳои устувори фарҳанги миллати тоҷик аст, ки реша аз умқи таърих мегирад.
Дар замони истиқлол фарҳанг ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидааст. Маҳз ин падидаи бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хидмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳову фарҳангҳо, ки асоси шинохт ва шаклдиҳандаи як миллат арзёбӣ мешаванд, осебпазирии фарҳанг пайваста афзун мегардад, бегонашавии баъзе осори таърихӣ — фарҳангиро низ ба вуҷуд меорад. Муаррифӣ шудани осори таърихию фарҳангӣ ва шахсиятҳои барҷастаи илму адаб аз ҷониби миллатҳои гуногун аз шумори инҳоянд. Дар ин раванд он фарҳанге, ки ба он зиёдтар молиёт сарф мешавад, зиёдтар пажуҳиш карда мешавад, бештар таҳлил сурат мегирад, бисёртар танқид сурат мегирад, дар ин рақобат пирӯз мегардад.
Ҳолати феълӣ ба он водор месозад, ки раванди фаъолгардонии субъектҳои пешбарандаи фарҳанги миллӣ ва соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ нисбат ба пештар беҳтар карда шавад.
Дар баробари ашхоси фаъоли пешбари фарҳанг бояд дигар намояндагони ҷомеа ҳам фаъол бошанд. Аз ҷумла, фаъол будани ашхоси берун аз меҳан. Баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии миллии ин қишр муҳим арзёбӣ мегардад.
Айни замон ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ бештар аз ҷониби давлат ба роҳ монда мешавад. Намояндагони алоҳидаи фарҳанги миллӣ дар самти муаррифӣ ва ҳифзу эҳёи ҷузъҳои алоҳидаи фарҳанг аз нуқтаи саҳмгузорӣ мавқеи заиф ишғол намудаанд. Дар ҳамин замина, вобастагии худро аз давлат дар самти амалӣ намудани ин вазифа камтар ва фаъолнокиро бештар намудан зарур мебошад, чун тӯли ҳазорсолаҳо ва як муддати таърихии бедавлатӣ ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои халқҳои гуногунро паси сар намояд. Муборизаи беамон бурда, ин арзишҳоро зинда нигоҳ дорад.
Чун анъанаи наврӯзӣ, бояд торикии дарунӣ, фикру гумони баду манфӣ нисбат ба якдигар, хусумат ва бадбинии шахсиро монанди тозагии манзилу ҷойгоҳи худ, фикру андешаи хешро баҳри рушди устувори меҳан, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва истиқлол мисли ба бар кардани пироҳани нав таҷдид кунем. Аз таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн бояд ибрат гирифт ва рукнҳову ҷузъиёти дигари фарҳангро монанди Наврӯз эҳё, ҳифз ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун осори ниёгон муаррифӣ намуд.

Ҳамза ДАВЛАТОВ,
донишҷӯи Академияи
идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон