Барои ҳар як инсон, пеш аз ҳама, муҳим он аст, ки ҷаҳони маънавияш ғанӣ бошад ва аз ин рӯ, аҳли хирад ба сиришти одамон, ба фаҳму идроки онҳо бартарӣ додаву «Сурати зебои зоҳирро чӣ суд?! Эй бародар, сирати зебо биёр» гуфтаанд. Ҳусни ботин, ки ҳамбаста ба одобу маърифат аст, ҳуснафзои зоҳир мешавад. Ин нуктаи ҳикматборро ҳар омӯзгор бояд хуб донаду ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Дар ҷараёни таълиму тарбия бояд мунтазам бар он кӯшиш кард, ки хонандагон афзалияти маънавиятро дар ҳаёт хуб дарк намоянд ва бо ҳидояту дастгириҳои омӯзгорон пайваста баҳри таҳкиму вусъатбахшии дунёи маънавии худ бикӯшанд, дониш омӯзанд, боодобу хушрафтору накукор бошанд.
Тарбияи ватандӯстии хонандагон ба воситаи машғулиятҳои гуногун дар мактаб, пеш аз ҳама, тавассути дарсҳо амалӣ карда мешавад. Тамоми фанҳои таълимӣ барои татбиқи тарбияи ватандӯстии шогирдон имконоти зиёд доранд. Ба ин самти тарбияи насли наврас бояд аз марҳалаҳои аввали таҳсилот таваҷҷуҳ зоҳир кард. Махсусан, дар зинаи ибтидоии таълиму тарбия дар мактаб тарбияи ватандӯстӣ бояд ба таври муассир татбиқ шавад. Хонандагони хурдсол хеле ҳассосу зираканд ва ҳар меҳре, ки дар дилашон роҳ меёбад, амиқ нақш мегузорад. Ба онҳо бо истифода аз усулҳои фаъолу пурсамари таълиму тарбия ватандӯстиро талқин бояд кард. Барои ин дар китобҳои дарсӣ маводи фаровон мавҷуданд. Дар тарбияи ватандӯстии хонандагон истифода аз шеъру ҳикояҳо, китобҳои бадеӣ, зарбулмасалу мақолҳо, силсилаи суратҳои манзаравӣ ва монанди инҳо хеле пурсамар хоҳад буд. Хонандагони зинаи аввали таҳсилот ба шеър хондан ва азёд кардан рағбату шавқи зиёд доранд. Бояд аз ин хислати ҳамидаи онҳо омӯзгорон ба таври шоиста истифода намоянд. Дар адабиёти тоҷик шеърҳои зиёде дар мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ барои кӯдакон мавҷуданд. Омӯзгорро мебояд, ки илова ба маводи китоби дарсӣ ин гуна шеърҳоро пайдо карда, дар лаҳзаҳои алоҳидаи дарсҳо ва дар машғулиятҳои беруназсинфӣ бо хонандагон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор бидиҳад, вобаста ба муҳтавои ин шеърҳо бо шогирдон саволу ҷавоб ташкил намояд. Азёд кардани шоҳбайтҳо дар ситоиши Ватан ва тавзеҳ дода тавонистани мазмуни онҳо боз як омили муҳимми тақвиятбахши тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Педагоги барҷастаи рус К.Д. Ушинский гуфтааст: «Дар мактабҳо дар сатҳи баланд ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстӣ гарави он аст, ки дар оянда сафи ҳомиёну рушдбахшандагони Ватан ва таъмингарони шукуфоии пайвастаи он боз ҳам хоҳад афзуд». Ин нуктаи бебаҳсро аҳли таълиму тарбия бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд.
Марҷона Азизмуродова,
омӯзгори мактаби №92,
ноҳияи Сино
