ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМ

Дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон фанни математика нақши муҳим мебозад ва он яке аз омилҳои муҳимтарини пешрафти ҷомеа дониста мешавад. Ҳар як омӯзгор баҳри инкишоф додани маҳорату малака ва дониши хонандагони хурдсол кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Баланд бадоштани сифати таълим, асосан, ба тайёрии муаллим ба дарс вобаста аст, ки он ба донишҳои назарӣ оид ба математика ва методикаи таълим дар синфҳои ибтидоӣ, курси асосҳои математика дар синфҳои ибтидоӣ, назария ва амалияи ҳалли масъалаҳои матнии математикӣ, ба донишҳои пелагогӣ ва психологӣ доир ба ташкили раванди таълим, қонунмандиҳои аз худ кардани маводи таълимӣ такя мекунад. Омӯзгор дар ҷараёни дарс шахсияти мактаббачагонро инкишоф дода, шавқу ҳаваси маърифатҷӯии онҳоро рушд мебахшад.
Масъалаи курси математикаи синфҳои ибтидоӣ мавридест, ки баррасӣ ва таҳлил ба воситаи амалҳои арифметикӣ сурат мегирад. ҳал кардани масъала воситаи муҳимми ташаккулёбии ҷаҳонбинии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба ҳисоб рафта, хусусиятҳои мусбати ахлоқиро низ ҳосил мекунад. Масъалаҳои математикаи мактабӣ аҳаммияти бузурги таълимиву тарбиявӣ доранд. Мо бо ёрии онҳо маҷмуи донишҳои математикӣ ва маҳорату малакаҳои заруриро ташаккул медиҳем, хонандагонро ба фаҳмидани қонунҳои табиат омода месозем, татбиқи онҳоро меомӯзонем, яъне, мазмуни донишҳоро васеъ мегардонем, малакаи мустақилонаи ҳал кардани масъалаҳоро инкишоф медиҳем. Яке аз қисматҳои таркибии таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ ҳисоббаробариҳои шифоҳӣ ва хаттӣ мебошад.
Ҳисоббарробарии шифоҳӣ дар асоси донистани нумератсияи ададҳо; истифодаи таркиби ададҳо; татбиқи ҳосилҳои амалҳои арифметикӣ иҷро карда мешаванд.
Дар курси математикаи синфҳои ибтидоӣ бузургӣ ҳамчун базъе хосияти амалҳо ва ҳодисаҳо баён карда мешавад. Бузургиҳои фосиладор ва бефосила аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, дарахтони боғ, қатори ададҳои натуралӣ, хонандагони синф, галаи аспҳо ва монанди инҳо бузургиҳои фосиладор буда, дарозӣ, вазн, вақт, ҳаҷм, масоҳат, масофа, суръат ва ғайра бузургиҳои бефосила мебошанд.
Имрӯз мо дар фазои ҷаҳонии таҳсилот қарор дорем. Ҷаҳонӣ шудани таҳсилот моро водор месозад, ки ҳамқадами замон бошем.
Зарурати гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим ба як қатор омилҳо вобаста аст. Масалан, ба ҷаҳонишавӣ ва ворид гардидан ба системати ягонаи таҳсил ва талаботи системаи болонӣ, таълими анъанавӣ ва инкишофи хотир, тағйир ёфтани моҳияти дониш ва таҷрибаи ҷомеа, тағйирот дар принсипҳои дидактикии таълим, зарурати ворид намудани тағйирот ба мундариҷаи таълим, фалсафаи муносибати таълими салоҳиятнок, зарурати ислоҳоти соҳа бо дарназардошти талаботи муносибати салоҳиятнок ба таълим.
Муносибати салоҳиятнок ба таълими фанни математика ва забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ ба чунин омиҳо вобаста аст: зарурати тағйири муносибат ба таълим, сарчашмаҳои низоми анъанавии таълим, методологияи шарҳӣ-аёнӣ дар низоми анъанавии таълим, хусусиятҳои низоми синфӣ-дарсӣ, махсусияти барномаҳои таълим дар низоми анъанавӣ, вазифаҳои асосии таълими анъанавӣ ва хусусияти тазаккурӣ доштани таълим дар он.
Барои муайян намудани методҳое, ки ба ташаккули салоҳиятҳои хондан мусоидат мусоидат менамоянд, сараввал омӯзгор бояд ба таркиби як салоҳияти дар стандарт нишондодашуда сарфаҳм равад. Дар стандартҳои фанни “Забони модарӣ” аз хондан барои ҳар як синф чор салоҳият пешниҳод карда шудааст. Ҳар як салоҳият аз маҷмуи дониш, малака ва маҳорат иборат аст. Барои хуб фаҳмидани ҳар як салоҳият дар ҷадвал тафсири салоҳиятҳо нишон дода шудааст. Дар он натиҷаи таълим ва фаъолияти таълимӣ низ нишон дода шудааст. Шояд шумо пурсед, ки чаро номи мавзуъҳо оварда намешавад? Тавре ки мутахассисон борҳо гуфтаанд, дар таълими салоҳиятнок малака ва иҷрои амалии он асос аст. Мавзуъҳо танҳо воситаҳои машқ ва аз худ кардани малакаҳо мебошанд. Омӯзгор ҳуқуқ дорад, мавзуъҳои таълимро мувофиқи талабот, шароит ва имкони мактаб ва қобилияту шавқи хонандагон интихоб кунад.

Ш. АХМЕДОВА,
М. БОБОЕВА,
омӯзгорони литсейи №3 барои
хонандагони болаёқат
дар шаҳри Душанбе