ЗАБОНИ ТОҶИКӢ РУШД МЕЁБАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ ташаккул ёфта, дар он ҳама асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳувият ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошанд.
Давлатдории миллӣ, дар навбати худ, дар асоси забон ва фарҳанги миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати миллат меҳвар, ҳувияти ташаккулёфтаи миллӣ амалӣ мегардад. Дар ин радиф забони миллӣ шоҳсутуни давлатдории миллӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ таъкид намуда буданд: “Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо будааст, истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд».
Дар ин росто дастоварди бузурги раванди эҳёи забони давлатиро мо бевосита аз нашри асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” мушоҳида менамоем. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардида, рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд.
ҳамчунин, бояд иброз намоем, ки ин асар баёнгари таърихи пуршараф, мақом ва манзалати забони тоҷикӣ мебошад.
Дар ҳамин раванд маҳз забони тоҷикӣ дар байни чанд забони рӯи дунё таърихи қадим дорад ва сарвати бебаҳои илмиву фарҳангӣ ва адабии миллати бостонии мо бар пояи забони тоҷикӣ, ки дар даврони Рӯдакиву Фирдавсӣ бо номи забони форсии дарӣ ёд мешуд, бунёд ёфта, дар тӯли ҳазорсолаҳо наслҳои гуногуни халқи моро ба ҳам пайвастааст. Дар баробари ин, маҳз ба ҳамин забон осори гузаштагони бузурги мо – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Хайёму Саъдӣ, Низомиву Бедил, Ҷомиву Ҳилолӣ ва даҳҳо донишманди дигар дар ганҷинаи фарҳанги тамаддуни башарӣ сабт гардида, ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст.
Баъди ба Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии забони мо чун забони давлатӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи таҷриба ва меъёрҳои байналмилалии истифодаи забонҳо таҳия ва 5 октябри соли 2009, №553 қабул шудааст, муайян ва мушаххас гардидааст. Ин рукни муҳиму меҳвариро мо бояд ҳамчун самараи сиёсати пайгирона, хирадмандона ва маънавибунёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба забони давлати соҳибистиқлолу мустақили худ арзёбӣ намуда, ба он арҷ гузорем.
Мирзоқодир Қодирзода,
Мирзоалӣ Бобоев,
ҳуқуқшиносон