(Ёде аз аввалин занони омӯзгор, ки ҷиҳати бедории аҳли ҷомеа ба дасти таассубзадагон ба ҳалокат расиданд)
Яке аз вижагиҳои асосии башарият аз роҳи хирад дарку фаҳми олам намудан ва дар баробари падидаву ҳаводисе, ки ба вуҷуд меоянд, тасмими дуруст гирифтан аст. Ин, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуур ё хираду тафаккури инсон ҳамбастагӣ дорад, ки ба ин восита падидаю ҳодисаҳо ва вазъиятҳоро дарк намуда, дар баробари онҳо тасмимгириҳои илмию амалӣ ва воқеӣ менамояд. Ҳамчунин, тадбирандешӣ намуда, онҳоро ба воситаи фаҳм ва ё дарку хиради худ мавриди арзёбию баррасӣ қарор медиҳад.
Мусаллам аст, ки инсон зимни ба дунё омадан дорои ҳеҷ гуна шинохт ва дарки ҷаҳон нест. Инсони навзод ба мавҷуди биологӣ бештар шабоҳат дорад, то ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ будан. Иҷтимоишавии инсон аввалан аз марҳилаи таваллуд ва дар ҳалқаи хонадон шуруъ мешавад, баъдан ин раванд идома пайдо карда, ба он муҳити атроф, махсусан, боғча, мактаби ибтидоӣ, мактаби миёна ва мактаби олӣ таъсиргузор аст.
Қобили қайд аст, ки дар раванди иҷтимоишавӣ саҳми муаллиму омӯзгор ниҳоят муҳим аст. Аз замони ба вуҷуд омадани тақсимоти меҳнат ва аз ҳам ҷудо шудани истеҳсолоти моддию маънавӣ касби муаллимӣ ба ҳайси яке аз пуршарафтарин ва муҳимтарин пешаҳои башарӣ шинохта шудааст, яъне, аз он замон, ки одамон муҳимтарин шохисҳои пешбарандаи зиндагии инсонӣ будани хираду донишро дарк намуданд ва дарку фаҳми ҷаҳонро ба ҳайси яке аз муҳимтарин хусусиятҳои башарӣ арзёбӣ намудаанд, муаллим ва омӯзгори илму дониш ба яке аз пешаҳои маҳбубтарини ҷомеа табдил гардид.
Албатта, ин равандро дар ҳар марҳалаи рӯзгори инсонӣ метавон ба тарзҳои гуногун арзёбӣ намуд, зеро мароҳиле мавҷуд аст, ки дар он илму дониш ба ҳайси муҳимтарин арзиш дар ҷомеаву рӯзгори башар арзёбӣ гардида, дар баъзе аз давраҳои дигар он ҳамчун пешбари ҷомеа ва дарку фаҳми ҷаҳон шинохта шудааст.
Дар ин партав метавон ҳолатҳоеро арзёбӣ намуд, ки худи фаҳми донишу хирад низ ба маъниҳои гуногун фаҳмида шудаанд. Ва пеш аз ҳама он марбут ба тафаккури пешбари замон аст ва аз арзишҳои ҳоким, маншаъ мегирад.
Агар дар асрҳои миёна меҳвари шинохти дониш танҳо ҷаҳонбинии динӣ дониста мешуд, дар замони Эҳё ва замони Нав донишҳои аз таҷриба баисботрасидаи илмӣ ба ҳайси яке аз муҳимтарин омилҳои пешбарандаи ҷомеа дарку фаҳм карда шуд.
Мо агар ба таърихи тамаддуни башар назар афканем, мефаҳмем, ки танҳо илму хирад, дониш ва шинохти дурусти падидаву ҳодисаҳо, баррасии онҳо метавонад натиҷаи мусбате аз дастовардҳои илмиро ба миён оварад ва дар он замина офаридаҳои нави инсонӣ шакл гиранд ва мушкилоти башар ҳал мешавад.
Натиҷаи хирадгароӣ ва маорифпарварӣ буд, ки кишварҳои аврупоӣ дар давоми 500 соли ахир ба марҳалаи баланди рушд ноил гардида, бо роҳи басавод кардани ҳамаи аҳли ҷомеа ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Марҳалаи рӯ овардан ба илму дониш баъдан ба Россияву кишварҳои дигар ва пас аз он ба Осиёи Марказӣ низ интиқол ёфт.
Агарчи бо нишондоди устод Айнӣ дар ҳудуди аморати Бухоро мактабҳои навъи муосир ба вуҷуд омада, қабл аз Инқилоб илму дониш то андозае ҷойгоҳи баланду мавқеъ дошт, вале дар қаламравҳои Бухорои Шарқӣ ин мафҳум аз як тараф, ҳанӯз ҷанбаи таассубӣ ва динию хурофотӣ дошт ва аз ҷониби дигар, сатҳи саводнокӣ маҳдуд ва қишри босаводи ҷомеа ниҳоят кам буд.
Бо дарназардошти ҳамин вазъият, аз аввалин корҳои равшангарие, ки дар даврони ибтидоии барқарор кардани ҳокимияти Шуравӣ дар қаламрави Бухорои Шарқӣ ба роҳ монда шуд, татбиқи барномаи махсуси маҳви бесаводӣ ба ҳисоб мерафт. Моҳияти ин барнома аз он иборат буд, ки боястӣ сар то сари аҳолӣ ҳамагӣ дорои хатту савод ва ҷаҳонбинии илмию дидгоҳи воқеънигорона ва таҳлилӣ дар баробари ҳаводиси ҷаҳон дошта бошанд.
Раванди маорифпарварии мазкур, ки аз Аврупо оғоз гардида буд, натиҷаҳои хешро дар фазои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии қораи зикршуда нишон дода буд. Дар натиҷаи тавсиаи илму дониш рушди босуръати сармоядорӣ дар Аврупо ба вуқуъ омада, анвои гуногуни истеҳсолот ва техникаву технологияро ба миён овард, ки он сабаби як ҷаҳиши бузурге дар ҳамаи соҳаҳо гардид. Ҳаминро ба назар гирифта, пас аз барқарор шудани ҳокимияти Шуравӣ аз аввалин тасмимҳои гирифташуда маҳви бесаводӣ буд.
Барои рафъи бесаводӣ аз тамоми қаламравҳое, ки дар онҳо ҳокимияти Шуравӣ барқарор гардида буд, донишмандону шахсонеро, ки аҳли савод буданд ва пеш аз ҳама муаллимонро ба минтақаҳо ва ҷойҳое, ки зарурат ба дониш гирифтану илму ҳунар омӯхтан буд, равона менамуданд. Дар ин солҳо шахсонеро зиёде аз Россия ба Осиёи Марказӣ ҷиҳати ба мардум хатту савод омӯзонидан ва онҳоро дар руҳияи ҷаҳонбинии илмӣ тарбият намудан ва тайёр кардани мутахассисону донишмандоне, ки бо техникаву технологияи навин кор карда тавонанд, вобаста карда шуданд.
Роҳбарияти ҳокимияти Шуравӣ дуруст дарк карда буд, ки яке аз сабабҳои асосии бадбахтии мардуми Осиёи Марказӣ набудани дониш ва хатту саводи ҳамагонист, ки боиси оқибмондагӣ ва рушд накардани ин минтақа гардида, яке аз сабабҳои асосии бардадорӣ низ гардида буд.
Бо дарназардошти чунин вазъият таъсис додани мактабҳои навъи муосир ва босавод гардонидани аҳолии деҳоту кӯҳистон яке аз масъалаҳои мубрами замон ба ҳисоб мерафт. Махсусан, бесаводию нодонии занҳо боиси он гардида буд, ки ин қишри ҷомеаро руҳониёни иртиҷоӣ ва ҳокимони он замон сӯиистифода намоянд ва ҳатто онҳоро ба хотири бароварда кардани ниёзҳои ҷинсии худ чандин нафарашонро дар як вақт ба никоҳи худ медароварданд.
Мусаллам аст, ки тарбияи асосии фарзандон бар дӯши зан — модар буда, танҳо онҳо метавонанд вобаста ба донишу ҷаҳонбинии худ фарзандонро бо роҳи дуруст тарбият намоянд, аз онҳо аъзои фаъоли ҷомеа ба вуҷуд оваранд. Яке аз сабабҳои ҷаҳолату нодонӣ ва ақибмондагии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна ин набуди донишу ҷаҳонбинии илмӣ ва махсусан, аз хатту савод ва дониш гирифтан дур мондани занон ба ҳисоб мерафт.
Ҷомеаи теократӣ бо такя намудан ба арзишу ритуалҳои динӣ саводомӯзии занонро чандон амали бамаврид ва хубу арзишманд талаққӣ намекард, зеро ҳар қадар аъзои ҷомеа донишманд гардад, хатар ба ҳукмронии он гурӯҳҳои ҳоким, ки бунёди ин навъи ҳокимиятро донишҳову арзишҳои динӣ ташкил медод, бештар меафзуд.
Онҳо асли дониш ва шинохтро низ бар пояи дарку ҷаҳонбинии динӣ, ки он аз нақлу ривоёти боварманд маншаъ мегирифт, ба роҳ монда буданд. Ҳеҷ гоҳ қабул надоштанд, ки берун аз чорчӯби арзишҳои онҳо диду назари дигаре дар ҷомеа вуҷуд дошта бошад. Аз тарафи дигар, ҳамеша аз соҳиби донишу хатту савод гардидани занон ин гурӯҳҳо тарс доштанд, зеро мутмаин буданд, ки бо соҳиби донишу ҷаҳонбинии илмӣ гардидани занон онҳоро идора кардан ва дар маҳдудаи иҷтимоӣ қарор додан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, кушиш мекарданд, ки занонро бештар дар маҳдудаҳои андешаву ҷаҳонбинӣ нигоҳ доранд ва онҳоро ҳанӯз аз 9 — солагӣ ба шавҳар дода, тамоми бори зиндагиро бар дӯшашон мегузоштанд.
Бо бунёди ҳаёти сохти нав аз аввалин тасмимҳое, ки аз ҷониби ҳукумат гирифта шуд, он маҳви бесаводӣ буда, ҳадафи асосиаш саросар босавод гардонидани аҳли ҷомеа, бахусус, занон буд. Ҳамчунин, таъмини баробарҳуқуқии зану мард ва онҳоро ба узви фаъоли ҷомеа табдил додан яке аз ҳадафҳои меҳварии ин барнома ба ҳисоб мерафт.
Бо дарназардошти ҳамин вазъият пас аз инқилоби Бухоро ва барпо гардидани ҳокимияти Шуравӣ аз саросари қаламрави аморати Бухоро ҷиҳати маҳви бесаводӣ ва озод намудани занон аз банди таассубу хурофот мактабҳои навъи муосир ташкил карда шуда, заноне, ки соҳиби саводу дониш буданд, ҳамчун омӯзгору таълимдиҳанда ба кор фаро гирифта мешуданд.
Мусаллам аст, ки татбиқи ин иқдом барои ҷомеаи феодалии дорои ҷаҳонбинии теократӣ саҳлу сода набуд, зеро барои чунин навъи ҷомеа зан-ро аз маҳдудаи асримиёнагӣ озод кардану ба он эътибори иҷтимоӣ қоил шудан падидаи нав ва тааҷҷуббарангез буд.
Маълум аст, ки ҳама гуна падидаи нав дар ҷомеаи суннатӣ бисёр ба душворӣ қабул мегардад ва дар марҳалаи аввал мардум ба он бархӯрди инкоркунанда менамоянд. Айнан ҳамин гуна вазъият дар бомдоди барпо шудани ҳокимияти Шуравӣ низ ба вуҷуд омада буд ва то ба аслу моҳияти ин ҳадаф сарфаҳм рафтани аҳли ҷомеа он ба бархӯрду чолишҳои гуногун дучор омада буд.
Руҳонияти иртиҷоии он замон дарк менамуданд, ки бо ҷорӣ шудани чунин вазъият онҳо ҳокимияти худро аз даст хоҳанд дод ва аҳли ҷомеа ба мақсадҳои риёкоронаи онҳо пай бурда онро дигар қабул нахоҳанд кард. Аз ин хотир, ба шахсоне, ки барои пайвастан ба ҷомеаи нав ва махсусан, кор гирифтан аз саводи сартосарӣ омӯзонидани аҳли ҷомеа талош доштанд, ба назари шубҳаву тардид ва нафрат менигарис-танд. Барчаспҳои гуногунеро, аз қабили «аҳли куфр», «бидъат», «аз дину оин рӯ гардонида» ва амсоли ин ба номи онҳо пайваст менамуданд.
Ҳамин аст, ки солҳои аввали ҳокимияти Шуравӣ ҷиҳати маҳви бесаводӣ ва боло бурдани ҷойгоҳи занон дар ҷомеа садҳо зани ҷасур дар ин роҳ худро қурбон намудаанд. Онҳо аз ҷониби нафароне, ки ба сохти нав душманӣ ва бархурди манфӣ доштанд, мавриди зулму шиканҷа қарор гирифта, иддае низ аз ҷониби ин гурӯҳҳои табаҳкор ваҳшиёна ба қатл расонида шудаанд.
Дар ин муборизаҳои қаҳрамонона метавон аз саргузашти занҳои ҷасуре, ки ба ҳайси аввалин омӯзгорон дар минтақаи кӯҳистон, аз ҷумла, дар водии Рашт фаъолият намуда, бар асари амалҳои буздилона ва касифи гурӯҳҳои зиддишуравии таассубӣ ва зиддимиллии босмачӣ кушта шудаанд, метавон мисол овард.
Тавре ки аз маълумоти таърихӣ бармеояд, солҳои бистуми асри бист минтақаи водии Рашт борҳо аз даст ба даст гузашта, ҳатто солҳои 30-юм ҳаракати зиддимиллии босмачигарӣ дар он мавзеъҳо вуҷуд дошт ва он замон амалҳои ваҳшиёнаи зиддиинсонӣ бар алайҳи шахсони аз лиҳози ҷаҳонбиниву ақида пешқадам роҳандозӣ мешуд.
Чунин ҳолати мудҳишро мо дар ҷинояту бархӯрди ғайриинсонӣ бо аввалин муаллимаҳое, ки дар ноҳияи Ҳоит ба дасти гурӯҳи босмачиён бо сардории Фузайл Махсум содир гардида буд, мебинем.
Муаллимаҳои мазкур Маълумбибӣ, Чилабибӣ, Оламбӣ ба ҳисоб мераванд, ки аз аввалинҳо шуда, ҷуръат карда фаранҷиро аз сар андохтанд ва курсҳои муаллимтайёркуниро гузашта, ба ҳайси омӯзгор дар ин минтақа ба фаъолият шуруъ намуда буданд. Онҳо аз аввалин шахсоне буданд, ки курси яксолаи муаллимтайёркуниро бо муваффақият хатм намуда, барои соҳиби хатту савод гардонидани дигар бонувони минтақа заҳмат мекашиданд.
Ин муаллимаҳо аз гузаштаи рӯзгори худ ва рӯзи сахти дигар бонувон огоҳ гардида, ба чунин натиҷа расида буданд, ки танҳо аз роҳи илму дониш ва огоҳӣ метавон занони тоҷикро аз зери зулми бардагии асримиёнагӣ озод намуд. Онҳо ба касби худ ва ақидаву ҷаҳонбинияшон устувор буда, дар ин роҳ барои боло бурдани сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинии занон пайваста ва содиқона хидмат менамуданд.
Аммо баъд аз панҷ соли фаъолияташон ҳаводиси бисёр баду манфур сурат гирифт, ки боиси бадбахтии на танҳо ин муаллимаҳо, балки тамоми мардум гардид. 12 апрели соли 1929 дастаҳои Фузайл Махсум дарёи Панҷро убур намуда, дар муддати кӯтоҳ ноҳияҳои Дарвоз, Сангвору Тавилдара, Ҷиргатол ва Қалъаи Лаби Обро тасарруф намуданд, аз аввалин амалҳои қабеҳу зиддиинсоние, ки анҷом доданд, он буд, ки дар ҳар куҷо аз ин навоҳӣ агар нафари бедору озодандешеро ё касеро, ки аз моҳияти сохти нав огоҳ гардида, ба он гаравида буд, мавриди муҷозоти сахт, ҳатто, қатл ва ҷисман нобуд карданро барояш раво медиданд.
Махсусан, ба бонувони бедору огоҳ, ки сохти навро пазируфта, ба таълиму тарбият шуғл варзида буданд, ҳеҷ гуна раҳму гузашт вуҷуд надошт. Масалан, ҳангоми ҳуҷуми Фузайл Махсум аз аввалин амалҳои анҷомдодааш он буд, ки мардуми огоҳ, чи зан ва чи мардро мавриди қатл қарор медиҳад.
Маҳз дар ҳамин вақт аввалин муаллимаҳоеро, ки мехостанд занҳоро босавод карда, ақибмондагии вуҷуд доштаро барҳам зананд ва онҳоро ҳамчун узви фаъоли ҷомеа аз илму дониш баҳравар созанд, боздошт намуда, ба ҳукми қатл маҳкум менамояд.
Ин занҳои ҷасуру диловар Маълумбӣ, Чилабибӣ ва Оламбӣ буданд. Фузайл Махсум тавассути руҳониёни иртиҷоии тарсу, махсусан, муфтӣ Исмоил ҳукми ин се муалимаро чунин содир менамояд, ки онро нависанда Диловари Мирзо дар ҳикояи «Гулҳои камари кӯҳ» (рӯзномаи «Садои мардум» №38(3988) аз 06.04.2019) чунин тасвир намудааст:
“Бародарони муъмин, инак банда баъди мусофирати панҷсола, ки бо ҳукми тақдир рух дод, ба Ватан баргаштам. Шумо гумон накунед, ки тангии рӯзгор маро иҷборан ба Ватан баргардонд. Он ҷо зиндагии шоҳона доштам. Ғами ватани поймоли қадами ҳароми бегонагон заҷрам медод. Ёди шумо қалби дардмандамро пора-пора менамуд. Овозаҳои шум мерафт аз ин тарафи соҳил. Мегуфтанд, ки мусалмонон ба дини бегона эътиқод пайдо карданд. Ва боз бузургон ба хобам медаромаданд ва мегуфтанд, ки «ай бандаи Худо, даврони ишрат нест!». Билохира, чун Парвардигори ман соаташро фаро овард, ҷони ширинро дар хатар гузошта, ба ин тараф омадам.
Махсум лаб аз гуфтор фурӯ баст ва пиёлаи чойи ба сӯяш дарознамударо ба даст гирифт. Муфтӣ Исмоил чун пай бурд, ки Фузайл дигар ҳарфи гуфтанӣ надорад, риштаи суханро ба даст гирифт:
— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим… Мардум! Аҳли муслимин! Инак, фурсат даст дод, ки мо — ҳомиёни дини мубини ислом, аз гурӯҳи худфурӯшу худофурӯш, аз онҳое, ки по аз пардаи исмат бурун гузоштанд, тани поки хешро ба ҳаром олуда намуданд, пурсиш кунем. Дар ҳузури мардуми диёр ба онҳо ҷазои сазовор диҳем.
Бо ишораи ӯ Абдуллобек муаллимаҳои даст ба пуштбас-таро ҳамроҳи се-чор сарбоз ба таги дор овард.
— Сазои ин занони бесатру беҳаё чист?
Аз байни издиҳом чанд нафар садо баланд карданд:
— Куштан! Овехтан! Сангсор!
— Ҷаноби муфтӣ, — ба Исмоил рӯй овард Махсум. — Шумо соҳиби шариат ва фатво ҳастед. Коре кунед, ки ҳукматон одилона бошад, мабодо фардо дар маҳшар мо низ қатори шумо ҷавоб нагӯем.
— Ҳамааш аз рӯи адолат аст, ҷаноби Махсум, — бо овози баланд посух гуфт муфтӣ Исмоил ва аз нав ба халқ рӯй овард. — Бале, куштан. Аммо ҷаноби ҳоким мегӯянд, ки ин гумраҳони худозада дар ҳузури шумо аз карда пушаймон гашта, тавба намоянд, гуноҳашонро мебахшад.
Вале аз ҷониби муаллимаҳо ҳаракате ё садое нашунид, боз суханашро идома дод.
— Дар қалби онҳо шайтони лаъин маскан гирифтааст. Забонашонро қулф андохтааст. Мехоҳад бо тани пур аз гуноҳ моқаби дӯзах шаванд. Дар байни онҳо як нафар, — бо ангушташ тарафи Чилабибӣ ишора мекунад, — ҳомиладор аст. Қатли ӯ мувофиқи ҳукми шариат дуруст нест. Бо амри ҳокими адолатпаноҳ озод мешавад. Бубинед, ай бародарони мусалмон. Кор то куҷо расидааст, ки як зани безоти номусалмон раиси ҳукумат таъйин шудаву ҳукм меронад ва мо аз тарс наметавонистем садо баланд кунем. Ӯ то таваллуди фарзанд зинда мемонад. Агар баъди таваллуд аз карда пушаймон шавад, касе ба вай кордор намегардад.
Махсум ба тарафи муфтӣ Исмоил нигарист.
— Агар афв кунед, ба ҷомеа таъсири бад мерасонад, — аз нигоҳи ӯ рамуз гирифта гуфт муфтӣ. – Барои тарсонидани дигарҳо қурбон намудани се нафар кирои гап намекунад. Ҷавобаш ба зиммаи банда.
Махсум садо баланд накард.
Бо ишораи Ҷалол сарбозон муаллимаҳоро ба таги дор бурданд ва хостанд, ки бо рӯймол чашмонашонро банданд, аммо духтарон ба ин роҳ надоданд.
— Мо дузд нестем. Ба касе хиёнат накардаем. Барои кадом гуноҳ дар лаҳзаи охир чашм аз дидори ҳамдиёрон бандем, аз тамошои табиати зебо маҳрум монем? Мо маргро бо сари баланду чашмони боз пешвоз мегирем, — бо овози форамаш ба мардум шунавонда гуфт Маълумбӣ. — Шумо гумон накунед, ки мо танҳоем. Дар симои шумо мардум ҷаллодони хунхорро мебинанд. Бо куштани се зан сафи мо кам намешавад, балки меафзояд. Гумон доштед, пеши пои шумо сар мемонем, хоки поятонро тӯтиё мекунем, омурзиш мехоҳем. Барои кадом гуноҳ? Гуноҳамон ҳамин аст, ки ба мардум фарқи сиёҳро аз сафед фаҳмондем. Мо комсомолем ва аз ин маслак даст намекашем…
Издиҳом хомӯш буд. Овози сеҳрноки муаллима ҳамаро афсун кард. Ҷаллодон осемасар ҳалқаҳои даҳонворо, ки мунтазири луқмаи хеш буданд, ба гардани духтарон андохтанд. Аз нав садои фораму пурдарди Маълумбӣ баланд шуд.
— Алвидоъ, ҳамдиёрони азиз! Падруд, сарзамини афсонаҳои ман…
Ҷаллодон бо шитоб кундаҳоро аз зери пои онҳо гирифтанд. Ҷисми мавзуни духтарон дар ҳаво алвонҷ мехӯрданд. Пойҳои нозуки духтарон аз зӯри дард қату рост мешуданд. Куртаи алвони Оламбӣ зери таъсири боди форами баҳорӣ мавҷ мезад ва ба чашми бинанда парчами оғуштаи хунро мемонд…”
Адиб амали нобахшиданию ноҷавонмардонаи босмачиёни хунхорро, ки ба се муаллимаи ҷасур раво дида буданд, ҳамин гуна тасвир кардааст, ки комилан воқеист. Албатта, хотираи неки муаллимаҳои мазкур, ки барои ин минтақа, хусусан, занон илму дониш ва равшанӣ меоварданд, дар қалби мардум абадист. Ҳамчунин, ба он тӯдаи одамхори босмачӣ бо сардории Фузайл Махсум то ҳанӯз сокинони водии Рашт ва умуман, кишварамон нафрати беандоза доранд.
Ба ҳамин вазъияти монанд дар ин минтақа солҳои аввали барпо шудани ҳокимияти Шуравӣ дар ноҳияи Тавилдара ҳам рух дода буд. Дар он замон Тамара ном зани маорифпарвар, ки аслан, рустабор ва зодаи кишвари Гурҷистон будааст, ба хотири рафъи бесаводӣ ва ҳамчун як рамзу намои озодии занон ба ин ноҳия кӯҳистон равона карда шуда буд.
Тамара дар яке аз оилаҳои миёнаҳол таваллуд шуда, даҳаи аввали садаи 20 ба донишомӯзию маорифпарварӣ фаро гирифта мешавад. Вай аз донишу ҷаҳонбинии навъи нави дар Аврупо ба вуҷудомада огоҳ гардида, яке аз бадбахтиҳои асосии башарро дар нодонию ҷаҳолат ва таассубу хурофот дармеёбад.
Ҳамин аст, ки ба гурӯҳҳои пешқадаму озодихоҳи минтақаи Қафқоз, ки дар тобеияти императории рус буд, мепайвандад ва ҳамчун зани мубориз вазифаи худро дар огоҳ кардани занон, бахусус, минтақаҳои осебпазир медид.
Ӯ сеҳри донишу қалам ва неруи бартар доштани илмро дарку фаҳм намуда, муътақид буд, ки вақте ҷомеа огоҳ мегардад, бидуни ҳеҷ гуна таъсири иловагӣ метавонад алайҳи зулму истибдод истодагӣ намояд ва худ мубориза барад.
Ҳамин гуна ақидаро ҳамчун меҳвари андешаи худ дониста, пас аз солҳои 20-ум, яъне, баъд аз инқилоби Бухоро ва барқарор шудани ҳокимияти Шуравӣ, ки дар садри барномаҳояш маҳви бесаводӣ буд, ҳамчун муборизи роҳи озодӣ ҷиҳати босавод гардонидан ва огоҳӣ додан ба аҳли ҷомеа раҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ пеш мегирад.
Азбаски дорои хислатҳои далерию ҷасорат ва ақидаи устувор буд, ӯро ба водии Рашт, ноҳияи Тавилдара ба ҳайси муаллима ба кор мефиристанд. Ин қаҳрамонзан дар минтақа 3 сол дар самти омӯзондани занон, боло бурдани сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо ва тайёр намудани занони донишманд ва огоҳу ҷасур, инчунин, ба аҳли минтақа фаҳмонидани моҳияти сохти нав ва роҳҳои мубориза бурдан ба унсурҳои куҳнаи феодалӣ фаъолият доштааст.
Тамара дар як муддати кӯтоҳ дар дили бошандагони ин минтақа маҳбубият пайдо карда, аввалин шогирдонро дар самти маҳви бесаводӣ омода намуд. Ба мардум илму дониш омӯзонд, занонро аз ҳаёти нав огоҳӣ дод.
Мусаллам аст, ки солҳои 20-уми қарни гузашта ҳаракати зиддиинсонӣ ва ғоратгаронаву ифротии босмачиён, ки мехостанд ҳокимияти амириро дубора дар минтақа барқарор кунанд, бедодгарӣ менамуд. Мардумони қисматҳои гуногуни Осиёи Марказӣ тайи солҳои 20-уми қарни гузашта борҳо шоҳиди бедодгариҳои босмачиён гардидаанд ва даҳшати ғоратгарӣ, куштори ваҳшиёна ва бардаву каниз кардани мардумонро дар ин минтақа хуб дар хотир доранд.
Навоҳии Рашт ва махсусан, Сангвор низ борҳо ҳадафи ҳамлаву ғорати босмачиён қарор гирифта, садҳо нафар дигарандеш бо ҷурми ҷадид ва дигарандеш мавриди қатл қарор гирифтаанд. Қобили қайд аст, ки босмачиён душмани сарсахти миллати тоҷик, илму маърифат ва мактабу маориф буда, ба ҷуз аз донишҳои маҳдуди мазҳабии хеш ҳамаро «куфр»-у «бидъат» мехонданд.
Дар яке аз чунин набардҳои нобаробар, ки босмачиён минтақаи Сангворро зери тасаруфи худ дароварданд, аввалин коре, ки анҷом доданд тарафдорони тарзи ҳаёти нав ва махсусан, муаллимонро ба қатл маҳкум карданд. Дар миёни ин шахсони ба қатл маҳкум шуда муаллимаи машҳури рус Тамара низ буд.
Таассубзадагони нохалафи босмачӣ Тамараро ба хотири тараққипарвару муаллима будан ва ба мардум таълими донишҳои навинро ба роҳ монданаш такфир карда, ӯро бо бераҳмии хоси асримиёнагӣ азоб дода куштанд.
Босмачиҳои хабису палид бо мақсади бештар даҳшат ангехтан ва тарсонидани мардум муаллима Тамараи ҷасурро аз қуллаи кӯҳ ба поён партофта, буздилона қатл карданд. Ин манзараи даҳшатбор ва қотилии босмачиён то ҳанӯз дар хотираи мардум боқист ва нақли ин ваҳшонияти босмачиҳо аз насл ба насл мегузарад.
Босмачиҳои нокасу нохалаф агарчи Тамараро ҷисман аз байн бурданд, вале ӯ то охирин лаҳза ба ин авбошон сари таслим фуруд наовард ва аз роҳи пешгирифтаву ормонҳояш барнагашт. Ҳатто дар охирин лаҳза ҳам баён дошт, ки шумо агарчи маро ҷисман аз байн мебаред, вале ормону ҳадафи ман шикастнопазир аст, зеро ман мехоҳам аз роҳи донишу хирад мардумонро огоҳ намоям ва аз зулму бардагӣ занонро наҷот диҳам, ононро ба саодат бирасонам. Марги ман метавонад ҳазорон зани ҷасуру далери дигарро ба майдон оварад то зидди шумо мубориза баранд.
Азбаски ин зани рус бо садоқату муносибати самимии хеш ва дар руҳияи донишҳои навин тарбия кардани шогирдон дар дили сокинони минтақаи Сангвор ҷойгоҳ пайдо намуда буд, он кӯҳе, ки дар он ҷо Тамара ба ҳалокат расид, то имрӯз бо номи кӯҳи Тамара ёд мешавад ва машҳур аст. Ҳар гоҳ ки одамон ба сӯи ин қулла менигаранд, чеҳраи нуронию бомаърифати Тамара пеши назарашон меояд ва аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Агар меҳмоне ва ё сайёҳе ба ин минтақа ташриф орад, сокинони маҳаллӣ ҳатман ба ин нафар асрори қуллаи Тамара ва сабаби чунин ном гирифтанашро нақл мекунанд ва ваҳшонияти босмачиҳоро, ки нисбат ба он муаллимаи далер содир шуда буд, таъкид мекунанд.
Албатта, кору амали накуи одамон, махсусан, агар он ба хотири донишу маърифат ва инсоният буда бошад, дар ёду зеҳни инсонҳо боқӣ мемонад ва новобаста ба он ки кадом як мақоме ҷойгоҳеро ба номи ӯ гузорад, мардум худ вобаста ба амали накуяш ӯро ном хоҳанд дод.
Ин навишта ду ҷанба дорад: авалан, имрӯз бонувони кишвари мо, ки дар ҷомеаи демократию дунявӣ ба сар мебаранд, бояд дарк намоянд, ки ин озодиву баробарҳуқуқӣ ва аз бардагиву канизӣ раҳо шудани онҳо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар ин роҳ ҳазорон ҳазор аз ҷинси латиф дар дарозои таърих ҷони худро аз даст додаанд. Ҳоло низ дар иддае аз кишварҳои минтақа ҷаҳолату таассуби асримиёнагӣ бедод мекунад ва занонро аз тамоми амалкардҳои иҷтимоӣ ба ҳошия ронда, аз таҳсили илму дониш гирифтан маҳрум намуд, ба бардаву каниз табдил додаанд.
Занони мубориз дар ин гуна кишварҳои шарқӣ ҳамарӯза ҷиҳати озодиву ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, ҷон нисор мекунанд. Бонувони азизи кишвари моро зарур аст, ба қадри ин неъмати бебаҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва дунявияти давлату ҷомеа бирасанд, онро ҳифз намоянд ва нагузоранд, ки бо афкори муғризонаи худ гурӯҳҳои таассубиву хурофотӣ онҳоро дубора ба бардаву каниз табдил диҳанд.
Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки омӯзгор ва донишу маърифат дар ҳама марҳалаҳои зиндагии инсон ба сифати омили пешбарандаи рӯзгор ва ривоҷу равнақи ҷомеаи инсонӣ шинохта шудааст. Ҳар давру замон инсоният вобаста аз шинохти дуруст ва маърифати наку тавонистааст ҳақоиқи олами мавҷударо равшан созад ва бо дарки ин воқеият зиндагии хеш, ҷомеа ва ҷаҳони худро созад.
Дар ин раванд нақши омӯзгор ниҳоят муҳим аст. Ба таври дигар, ин омӯзгоронанд, ки шуури пешбарандаи тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб мераванд ва бо роҳи тарбияи наку донишро дар зеҳни инсон ҷойгоҳ бахшида, онро ба шахсият табдил медиҳанд, яъне, саҳми омӯзгор дар ташаккули тамаддуни башар муҳим ва муассир аст.
Шахсияти устод ва донишу ҷаҳонбинии ӯ ба мисли офтобест, ки медурахшад ва роҳро барои шогирдон рӯшноӣ мебахшад. Дар ҳар ҷомеа вобаста ба ин ки муаллим чӣ ҷойгоҳу мақоме дорад, пешрафти онро метавон муайян намуд, зеро пешрафти ҳар ҷомеа ба сатҳи дониш ва фарогирии маърифати илмии бошандагони он вобаста аст, яъне, агар дар ҷомеа ҳар қадар сатҳи дониш ва илму маърифат боло бошад, ҳамон қадар мушкили ин ҷомеа камтар буда, осебпазирияш низ коҳиш меёбад. Иртиботи иҷтимоӣ дар сатҳи донишу маърифат қарор гирифта, ҷомеа дар сатҳи тавозун пеш меравад.
Ҳамин аст, ки башарият ҳамеша ва дар ҳама маврид ба омӯзгор, омӯзишу парвариш ва мактабу маориф ниёз дорад. Вуҷуди омӯзгор ва ҷойгоҳи баланди иҷтимоии ӯ сабаб мешавад, то дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ мутахассисон ба вуҷуд оянд ва барои пешрафти ҷомеа саҳми хешро гузоранд.
Дар баробари ин, марҳалаҳои муайянеро дар сарнавишти миллатҳо ва давлатҳо метавон мушоҳида кард, ки илму маориф мартабаву эътибори хешро аз даст дода, таассубу хурофот ва нодонию ҷаҳолат ҷойгоҳи муҳим пайдо мекунад. Хирадгароӣ мақоми худро аз даст дода, гумон ва бовару шоеот ҷойгоҳи махсус касб менамоянд. Чунин ҷомеа сахт таассубзада, хурофотӣ, аз ҳам пошида, нотавон, дармонда ва хуллас, пур аз мушкил ва гирифторист.
Дар ин навъи ҷомеа таваҳҳум бар хираду дониш ҳоким аст. Донишманд, омӯзгор ва аҳли илму маърифат дар хорию забунӣ қарор мегирад ва дар саргардонии оворагӣ ӯ умр ба сар мебарад. Ҷаҳл, таассуб ва нодонию хурофот бедод мекунад. Ҷоҳилу нодон хешро дар либоси олиму донишманд ҷилва медиҳанд ва ҳамчун сарсахттарин душмани илму маърифат амал намуда, ба донишмандони воқеӣ ҳазорон туҳмату ҳангома ва дасисаро таҳвил мекунанд. Ин гуна рашк, бухл ва нотавонбинӣ дар тӯли таърихи башар сабаби аз байн рафтани ҳазорон ҳазор донишмандони воқеӣ ва дар кураи оташи нафрини ҷаҳолатпешагон сӯхтани осори онҳо гардидааст.
Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои асосии ақибмондагии аморати Бухоро ва зери мустамликаи императории рус рафтани он нодонӣ, хурофот, таассубу ҷаҳолат ва ҷомеаи суннатгарову тақдирзада буд. Ин кишвар дар баробари донишу маърифати ҷаҳонии вақт ақибмонда ва вопасгаро буд. Ҳанӯз дар баробари дониши навини башарӣ ва фановариҳои аз таровиши мағзи он эҷодшуда бехабар буд, зеро табақаи ҳоким ва қишри руҳонии ин ҷомеа барои пазируфтани донишҳои навин имкон намедоданд ва барояшон дар вазъи инҳитоту сарбастагӣ, нодонии саросарӣ қарор додани ҷомеа муҳим буд. Чун бунёди ин давлатро таассуб, хурофот, нодонӣ, динмеҳварӣ ташкил мекард.
Аз ин рӯ, онҳо бо ҳар нафаре, ки донишу илми муосири замонро аз худ карда, дар баробари тафаккури мавҷудаи ҷомеа чизи наверо пешниҳод кунад, ӯро душман қарор дода, ба ӯ барчаспҳои муртаду кофир ва амсоли инро илова мекарданд. Ҳамин буд, ки аморати Бухоро то охирин лаҳзаи аз байн рафтан ва табақаи ҳокиму тарафдорони он бар муқобили дониш, ақлу хирад ва фанновариҳои башарӣ мубориза бурданд ва дар натиҷа ноком гашта, давлаташон низ ба фано рафт.
Бо дарназардошти ин муқаддамот, мо, аҳли ҷомеа ва тамоми мардуми кишвар, бояд ба омӯзишу парвариш таваҷҷуҳи хоса намоем ва мақому манзилати омӯзгорро боз ҳам боло бибарем, зеро ҳеҷ як ҷомеа бидуни рушди илму маориф наметавонад зиндагии шоиста ва тараққии кишвари хешро таъмин созад.
Исомиддин Шарифов,
мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ, номзади илми фалсафа