Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ марҳалаи таърихӣ аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Дар ин вазъияти ҳассос абармардони боору нанг, ба мисли устод Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон ҷони хешро дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон нисор кардаанд.
Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии ҳамин абармардон буд, ки соли 1929 ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз аввалин роҳбарони давлати навини тоҷикон – ҶШС Тоҷикистон буданд. Устод Садриддин Айнӣ – шоир, нависанда, муаррих, олим, донишманд ва қаҳрамонмарде буд, ки бо эҷодиёти хеш тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Устод аввалин шахсест, ки мафҳуми “тоҷик”-ро ҳамчун “тоҷдор” ва “тоҷвар” ба дигар халқиятҳои Осиёи Марказӣ исбот намуд. Таъйин намудани устод ба ҳайси аввалин Президенти Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон бедалел набуд, зеро он кас бо таълифи китобҳои “Ёддоштҳо” ва “Намунаи адабиёти тоҷик” аз рӯзгори пурҳаводиси халқи тоҷик ва мутафаккирони барҷастаи он ҳикоят мекард.
Аммо барои муаррифии як халқи бузург ин ҳама кофӣ набуд. Барои халқи тоҷик асаре лозим буд, ки тамоми таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёнаи ин халқи куҳанбунёдро дар бар гирад.
Навиштани ин асари бузургу гаронбаҳо ба яке аз Қаҳрамонони Тоҷикистон, ходими намоёни мамолики Шарқ, муаррихи варзида, олиму донишманди бузург, роҳбари арзанда, омӯзгор ва мураббӣ, шарқшинос, аллома Бобоҷон Ғафуров муяссар гардид.
Устод Бобоҷон Ғафуров соли 1972 китоби “Тоҷикон”-ро ба забони русӣ рӯи чоп овард, ки дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии миллати тоҷик нақши воло гузошт. Китоб дар давроне рӯйи чоп омад, ки ба ҳимояи таъриху фарҳанг, тамаддун ва забони миллӣ садо баровардан душвор буд. Сипас, солҳои 1983-1985 китоби мазкур ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор гардид. Китоби аллома Бобоҷон Ғафуров дар илми таърихнигории тоҷик шуҳрати бузург дошта, дар он муаллиф таърихи халқиятҳои Осиёи Миёнаро ба қалам дода, нақши тоҷиконро ҳамчун сокинони бумии Осиёи Миёна дар рушди тамаддун ва фарҳанги башарӣ муайян намудааст. Ҳамчунин, кӣ будани тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Навиштан ва номгузории ин асар ба устод Бобоҷон Ғафуров осон набуд. Худи мушовири устод Бобоҷон Ғафуров А.М.Гребнев доир ба номгузорӣ ва чопи китоби “Тоҷикон” чунин навиштааст:
“Дар яке аз чорабиниҳои мутантан ман шоҳиди чунин гуфтугӯ гаштам: Яке аз таърихнигорони шинохта, ки аз нашри китоби “Тоҷикон” норозӣ буд, гуфт: “Бояд ба ин китоб як тақризи манфӣ ба чоп расонд”. Дар ҷавоб узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ М.А.Суслов, ки шарики ин гуфтугӯ буд, чунин гуфт: “Ман ба шумо иҷозати ин корро намедиҳам, Ғафуровро наметавон шикаст дод…”. Бояд гуфт, ки роҳбарони бархе аз ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ аз нашри китоби “Тоҷикон” сахт озурда гардиданд ва дар мактуби ба КМ ҲКИШ навиштаашон пешниҳод намуданд, ки Бобоҷон Ғафуров маҳкум карда шавад. Барои санҷиши ин кор шарқшиносони ленинградиро вобаста намуданд. Баъди санҷиш бегуноҳии Бобоҷон Ғафуров собит шуд”.
Шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрати беандозаро соҳиб аст. Таърихнигорони хориҷӣ бе шубҳа иқрор кардаанд, ки барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёна агар бароямон китобе лозим бошад, он китоби “Тоҷикон” аст, зеро дар он китоб таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нави халқиятҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон хеле олӣ ва муҳаққиқона навишта шудааст. Дар ин асари мукаммали илмӣ доир ба мавқеи тоҷикон дар таърих ва тамаддуни башар, мақоми забони форсӣ-тоҷикӣ дар миёни забонҳои ҷаҳон, махсусан, забонҳои эронӣ бо самимияти бузург сухан рафтааст.
Дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин пешниҳод намуданд:
«Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем».
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намояд”.
Ин ташаббуси беназири Пешвои маърифатпарвари кишвар халқи тоҷикро ба омӯхтану аз худ кардани таърихи хеш водор сохт. Имрӯзҳо дар тоқдони хонаи ҳар як фарди тоҷик китоби бузурги “Тоҷикон” ҷойгир аст. Акнун миллати тоҷик ба хубӣ дарк намуд, ки китоби “Тоҷикон” аз ҷумлаи китобҳои одию муқаррарӣ нест, он таърихи пурифтихори халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳалаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданияшро ҳифз намудан ва барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқарор намудан пайваста мубориза бурдааст.
Абдулхайр АБДУРАҲМОНОВ,
корманди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
Суҳроб АБДУРАҲМОНЗОДА,
директори мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин