Бахши якум. Дарси муосир чист?
Педагогикаи ҷаҳонӣ баъди таҳқиқоти зиёд ва мушоҳидаҳои чандинсола ба чунин хулоса омад: ҳаштод дар сади донишҳое, ки дар ёди хонанда ҳифз мешаванд, ҳамон донишҳое мебошанд, ки онҳоро мустақилона аз бар намудааст. Ногуфта намонад, ки баъди кашфи ин андеша дар бахши маорифи аксар давлатҳои пешрафтаи дунё инқилоби маънавӣ рух дод:
1.Муносибат ба таълим ва тарбия дигар шуда, қолабҳои қаблӣ шикаста шуданд. 2. Моделҳои мухталифи маориф ба вуҷуд омаданд (муносибати босалоҳият дар таълим яке аз онҳост). 3. Дар низоми маорифи бисёре аз мамлакатҳои дунё ислоҳоти куллӣ ворид карда шуд. 4. Хонанда ба объекти ғайрифаъол табдил ёфта, бо омӯзгор баҳс намуда, проблема мегузорад, ғояи нав пешниҳод ва корҳои эҷодӣ анҷом медиҳад. Аз ин рӯ, ба назари банда ин кашфиётро метавон бузургтарин кашфиёти педагогикаи ҷаҳонӣ дар асри 21 номид. Акнун хонанда бояд мустақилона фикр карданро ёд гирад, вагарна ҳаштод фоизи донишҳоро мустақилона аз худ карда наметавонад.
Таҷрибаи давлатҳое, ки маорифи пешрафта доранд, ба таври эътимодбахш собит мекунад, ки истифода аз бозиҳои шавқовари дидактикӣ, бахусус, дар зинаи якуми таҳсилот талаботи замон буда, ба рушди қобилияти фикрронии хонандагон мусоидат мекунад.
Хулосаи бахши якум ин аст! 1. Вазифаи ҷонии мактаби миллӣ ба хонанда фикр карданро ёд додан аст. 2. Ба хонанда дарс надиҳед, балки ба ӯ фикр карданро ёд диҳед.
Бахши дуюм: Талаботи дарси муосир
Талаботи якуми дарси муосир қолабшиканист.
Ин маънои онро надорад, ки мо аз усулу методҳои замони Шуравӣ комилан даст кашем. На, ҳаргиз чунин нест! Бояд аз таҷрибаи хуби замони Шуравӣ бамавриду бамавқеъ истифода карда, онро ба талаботи замони нав мувофиқ кунонда, ҳар чӣ бештар истифода барем.
Хулоса, омӯзгори асри 21 омӯзгори дорои тафаккури нав, дорои тафаккури ба асри 21 сазовор бояд бошад, вагарна, дар рушди камолоти маънавии толибилмон муваффақ нахоҳад шуд.
Бахши сеюм: Хонандаро ба мустақиломӯзӣ ҳидоят намуда, аз
додани донишҳои тайёр даст кашед!
Солҳои ҳаштодуми асри гузашта файласуфони Иттиҳоди Шуравӣ аз баъзе усулҳои таълими Иттиҳоди Шуравӣ интиқод намуда, дар бахши маориф ислоҳот талаб мекарданд. Онҳо иброз медоштанд, ки қисме аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маводи таълимиро «қориазёд» намуда, аз омӯзгор баҳои қаноатбахш мегиранд. Ва аз омӯзгорон боисрор талаб мекарданд, ки аз ин шеваи тадрис комилан даст кашанд. «Чунин усули таълим, — мегуфтанд онҳо, — зеҳни бачаро кунд ва асаби хонандаро вайрон мекунад».
Баъдан, ба ин эроди файласуфон педагогҳо ва равоншиносон пайравӣ намуда, чунин тавсия медоданд: хонандагонро зарур аст, ки муҳтавои мавзуъҳои таълимиро хуб дарк намуда, баъдан дар зеҳнашон ҳифз кунанд. Маводеро, ки ба мазмуну муҳтавояш сарфаҳм намераванд, беҳтараш, ба ёд нагиранд.
Бахши сеюм:
Риояи меъёрии иттилоот
Мо бояд ду паҳлуи ин масъаларо ба риштаи таҳқиқ бикашем: иттилооти тайёр ва иттилооти аз меъёр зиёд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи муосирро ҷомеаи иттилоотию инноватсионӣ меноманд. Тибқи омори расмӣ, иттилоот дар муддати ҳар ду сол ду баробар зиёд мешавад, ки навад фоизи он иттилооти ғайрирасмӣ мебошад. Феълан, ҷавонону наврасони мо аз ҳазору як манбаъ иттилоот дарёфт мекунанд. «Тибқи тадқиқоте, ки дар Олмон ва Америка миёни хонандагон баргузор шуд, аён гашт, ки навад фоизи мактаббачагон фанҳои физика ва математикаро куллан хуш надоранд ва омӯзиши онҳоро бағоят мушкил медонанд» (маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», № 9. с. 2020). Ин посухи хонандагон далели он аст, ки интернет онҳоро танбал ва аз фикр кардан дур кардааст. Дарвоқеъ, табиати инсон чунин аст: чун роҳи осонро пайдо кард, ба роҳи мушкил нахоҳад рафт. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои раҳоӣ ёфтан аз ин мушкил қобилияти зеҳнӣ, тадқиқотӣ ва таҳлилии хонандагонро бедор намуда, тадриҷан тафаккури интиқодияшонро рушд диҳем ва ҳангоми таҳияи нақшаи дарси муосир ба ин паҳлуи масъала аҳаммияти ҳамаҷониба диҳем. Ба ибораи дигар, агар дониш ба қудрати маънавии хонанда табдил ёбад, ӯ соҳиби сертификати «калиди муваффақият» мегардад.
Хулоса, қабл аз ҳама, муаллифони китобҳои дарсӣ ва мураттибони стандарту барномаҳои таълимӣ, омӯзгорону методистон, коршиносону мактабшиносонро зарур аст, ки дар раванди иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ меъёри иттилоотро ба таври ҳатмӣ риоя кунанд.
Бахши чорум: Ба таври ҳатмӣ барқарор намудани робитаи мутақобилан судманд дар байни омӯзгор ва хонанда
Ба ҳамагон маълум аст, ки омӯзгор ва хонанда дар робитаи доимӣ қарор доранд. Аммо ҳадафи мо робитаи «мутақобилан судманд» мебошад. Хонанда вақте ки ҷавҳари дарси муосир – фикр карданро ёд гирифт, дигар хонандаи қаблӣ нест. Ҳамакнун ӯ бо устодаш баҳс мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгорро зарур аст, ки барои қонеъ кардани талаботи толибилмон пайваста донишашро такмил дода, барои баланд бардоштани маҳорати касбии худ саъю талош намояд. Ба ибораи дигар, кӯшишу ғайрати пайвастаи шогирд боиси баланд рафтани маҳорати касбии устод мегардад.
Мирзоалӣ СОДИҚОВ,
омӯзгори МТМУ №26, ноҳияи
Исмоили Сомонӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон