Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифа ва уҳдадориҳои волидон нақши муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле хуб инъикос ёфтааст.
Дар давоми собиқаи кории начандон зиёд ба хулосае омадам, ки агар омӯзгор бо падару модарон ҳамкорӣ карда, ба хондан ва тарбияи кӯдак аз рӯзҳои аввали ба мактаб омадан диққат диҳад, албатта, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад. Ин ҳамкорӣ бояд чӣ гуна бошад?
Якум, аз рӯзҳои аввали қабул кардани кӯдак ба мактаб бояд омӯзгор бо падару модарон шинос шуда, ҳафтае як бор вохӯрӣ ё суҳбат дошта бошад. (Ин амалро дар баъзе ҳолатҳо тариқи телефон ё паёмак (СМС), хатча, мактуб, даъватнома навиштан низ анҷом додан мумкин аст). Дуюм, баргузор кардани маҷлиси падару модарон бо иштироки яке аз роҳбарони муассиса. Сеюм, ҳавасмандкунии кӯдакон бо роҳи навиштани раҳматнома, сипоснома ё ифтихорнома.
Барои гирифтани баҳои «2» ё кори ношоиста кӯдакро танқид кардан, ё тарсондан, ҷазои ҷисмонӣ ё танбеҳ додан қатъан манъ аст, зеро ин амалҳо кӯдакро руҳафтода мекунанд. На ҳамаи кӯдакон барои ба мактаб рафтан тайёранд. Агар дар хона ва боғча кӯдаконро тайёр карда бошанд, минбаъд бо онҳо кор кардан осон аст. Таълим бе тарбия имкон надорад.
Мисоле меорам. Писарчае баҳои «2» мегирифт. Падараш ногаҳон дар рӯзнома инро дида, ба кӯдакаш таҳдид мекунад: «Агар боз такрор шавад, либосҳоятро кашида мегирам ва ба кӯча пеш мекунам». Ин дафъа кӯдак аз тарс ба дурӯғгӯӣ мегузарад. Саҳифаи рӯзномаашро канда мепартояд.
Бо роҳи зӯрӣ ва маҷбурӣ кӯдак чизеро ёд намегирад. Бояд шавқу рағбати кӯдакро ба ин ё он фан омӯхта, мувофиқи он бо кӯдак машғулият баргузор кардан даркор аст. Вақте ки ихтироъкори бузурги англис Томас Эдисон ба мактаб меравад, муаллим тавассути ӯ ба модараш мактубе мефиристад, ки дар он навишта шуда буд: «Писаратон камақл аст, ӯро ба мактаби дигар монед». Вақте ки Томас аз модар мепурсад, ки чӣ навишта шудааст, модар ҷавоб медиҳад: «Писаратон боақл аст, ӯ донишманд мешавад». Ин модари бузург дар оянда чунин олими ихтироъкори ҷаҳониро тарбия кардааст.
Дар аввали таҳсил бо кӯдак падару модарон на зиёдтар аз 30 – 40 дақиқа машғулият баргузор мекунанд. Бояд завқи кӯдак ба инобат гирифта шавад, ки вай ба кадом бозиҳо (расмкашӣ, велосипедсаворӣ, чистонёбӣ, шеърхонӣ ё забономӯзӣ) машғул шудан мехоҳад. Бо ёрии волидон ва истифода аз ҳамкорӣ мо метавонем насли наврасро дуруст тарбия кунем.
Зеварой ҶАББОРОВА,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии МТМУ №11,
шаҳри Душанбе
