Дар зиндагӣ беҳин амале, ки инсони соҳиброй ва фазилатпеша анҷом медиҳад ва ин хисолро ҳамчун сарнавишти якумрии хеш мепазирад, накукористу дасти сахою хайр чу Ҳотами Той дароз кардан ба одамон.
Шаш сол қабл, дақиқан 5-уми ноябри соли 2016, дар нашрияи «Омӯзгор» хабаре нашр гардид дар хусуси бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардидани кӯдакистони хусусии «Табассум», ки бо иқдоми инсони накукору шариф, соҳибкор Асадулло Алиев бунёд гардидааст. Он ҳангом хабарро хонда, ба нерую ҳиммати ин марди наҷиб аҳсан гуфта будем, вале дар бораи зиндагию кору пайкори ӯ аз ин беш маълумоте надоштем. Инак, бо саъю эҳтимоми нависандагон-публитсистон Мирзо Шукурзода ва Абдурауф Муродӣ китоби тозае таҳти унвони «Рӯзгори файзбор», ки аз ҳаёту амалҳои неку ҳамидаи марди қавлу амал, шодравон Асадулло Алиев ҳикоят мекунад, ба чоп расид, ки муфассалу серпаҳлу мебошад. Китоби мазкур аз панҷ фасл: фасли аввал – «Худшиносӣ пояи имони мост», фасли дувум – «Бо Ватан зиндаем ҳама», фасли севум – «Хотираҳо, ангораҳо ва таҳлилҳо», фасли чаҳорум – «Сабақи хештаншиносӣ» ва фасли панҷум – «Расмҳо – шоҳиди айёми гузашта» иборат буда, муаллифон дар хусуси рӯзгори ибратомӯзи ин марди соҳибназар ва меҳанпарвар нуктаю воқеаҳои ҷолибро, ки воқеан мояи ифтихори ҳар як шахси бонангуор, ки хидмати бетамаъ ва софдилонаро ба суду манфиати Ватан аз ҳама ганҷи дунё боло медонанд, ба риштаи тасвир кашидаанд. Воқеан кист ин шахси шарафманду соҳибнуфуз, ки зиндагию ҷаҳду талошҳояшро нависандагони маъруфу варзида бо эҳсоси воло, аз сари сидқу сафо рақам задаанд? Асадулло Алиев, тавре ки дар китоб оварда шудааст, дар хонадони бобои Алӣ, собиқадори кори колхозӣ, иштирокдори сохтмони «Варзоб ГЭС» ва канали калони Ҳисор ба дунё омада, ба иттилои таҳлилгарони китоби «Донишномаи Ҳисор», нахуст техникуми кооперативии шаҳри Душанбе ва сипас, Донишкадаи кооперативии шаҳри Самарқандро соли 1980 ба итмом расонда, ба сифати устои комбинати хизмати маишии ноҳияи Ҳисор, мудири мағоза дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, директори чойхонаи «Роҳат»-и пойтахт, директори Ҷамъияти хӯроки умумии ноҳияи Синои Душанбе, раиси муассисаи савдои «Муборак»-и ноҳияи Сино, мудири шуъбаи молияю хоҷагии дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона ифои вазифа намудааст. Мавсуф дар деҳаи Ҳофизкадаи шаҳри Ҳисор зиндагӣ ба сар бурда, ҳамзамон дар Душанбе пайваста аз пайи иҷрои вазифаҳои давлатӣ қарор дошт. Тарзу шеваи нигориш ва услуби эҷодии муаллифон рангин буда, онҳо дар баробари тасвири рӯзгору фаъолияти муассиру гуногунҷабҳаи қаҳрамони воқеии худ Асадулло Алиев, нақли ашхосеро, ки номбурдаро аз наздик хубу амиқ мешинохтанд ва аз дастгирию ёрмандии ӯ бархурдор гардида буданд, меоранд. Ҳамзамон, дар қисмати аввали китоб ҳикоятҳои шевою равон ва пурҳикмату ҳидоятгаронаи инсони бонаҷобат Асадулло Алиев мустақиман аз забони худи ӯ пешкаши хонандаи закӣ мегардад, ки моломоли эҳсоси ватанпарварӣ буда, пеши назар симои инсонеро ба ҷилва меоранд, ки рисолати зиндагии хешро аз нафъ расондану хидмат ба хотири ватану мардум иборат медонад. Асадулло Алиев панду андарзҳои қиблагоҳро ҳамнафаси якумрии ҳаёташ қарор дода, таҳсилро дар техникуму донишкада идома бахшида, аз пайи фаъолияти созанда гардид. Вай марҳала ба марҳала, дар кураи заҳмату ранҷ обутоб ёфта, пайваста бо фаъолияти меҳнатӣ, дар талу пуштаҳои бекорхобидаи атрофи зодгоҳаш, дар радифи боғи падарӣ ду боғи паҳновару доманфарохе бунёд кард, ки имрӯз мардуми Ҳофизкада аз меваҳои ширину хушмазза ва шодоби дарахтони он ком ширин мекунанду дар зери дарахтони густурдасояи ин боғҳо дам гирифта, дар ҳаққи шодравон А.Алиев дуои нек ва изҳори миннатдорӣ менамоянд. Бояд зикр намуд, ки дар саҳифаҳои китоби «Рӯзгори файзбор» аз донишу ҷаҳонбинии пешрафта, маърифати баланд, омӯзиши бардавоми Асадулло Алиев, ки зиёии асил ба шумор мерафт, иттилои муътамаде пайдо мекунем. Ин марди ташнаи амалҳои нек ва хайрхоҳ на танҳо аз эҷодиёти шоиру нависандагони классики форсу тоҷик огаҳии комил дошт, балки осори иншонамудаи адибони муосири тоҷикро (чи назму чи наср) пайваста мутолиа мекард ва бо нависандагону шоирон Кӯҳзод, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсору Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Аскар Ҳакиму Низом Қосим ва чанди дигар аз наздик шиносоӣ ва робитаи дӯстона дошт. Шодравон Асадулло Алиев дар ҳама вазъу шароит, лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби зиндагӣ, бахусус, замони сар задани ҷанги бемоҳияти дохилӣ, ки мамлакат арсагоҳи ваҳшонияту қатлу куштор қарор гирифта буд, фидокорӣ нишон дода, ба мардум дасти сахо дароз карда, ҳамчун раиси ситоди хӯроктақсимкунӣ сокинони рустою музофотро бо нону ғизо таъмин мекард. Ҳатто дар ҳамин гуна ҳолати умедфарсою вазнин ба ҷонаш сӯиқасд карданд. Дар матлаби «Зулм аз ҳад мабар имрӯз, ки …» А.Алиев, аз ҷумла, ҷое қайд мекунад: «Дар коллеҷи «Табассум»-и хеш бо доништалабону мураббиёни он борҳо таъкид кардаам ва гуфтаам:
«Фирдавсӣ чун Эрони Кабир (Хуросон, Мовароуннаҳр ва Осиёи Миёнаву Афғонистонро бо ҳамин истилоҳ ном мебаранд)-ро гиромитар аз ҷон медонист ва чун забон, таърих ва фарҳанги ватанашонро пас аз истилои араб дар хатар дид, ба иншои шоҳаншоҳи китобҳо – «Шоҳнома»-и оламшумул камар баст. Ва бо таълифи ин шоҳкор ҳофизаи таърихии ҳамватанонашро зинда кард. Барои устод Турсунзода низ Тоҷикистон ба монанди шири модар азизу муқаддас аст». Дар мақолаҳои пурмуҳтавои «Зиндагӣ дар пуштаҳои файзбор» ва «Ҳумоюнҳамдами аҳли маориф» тамоми паҳлуҳои фаъолияти хидматӣ ва амалҳои накукоронаи Асадулло Алиев ҳамчун як фарди маърифатпарвару соҳибдил, ки ба масоили таълиму тарбияи фарзандони заҳматкашон, умуман, соҳаи маориф муносибати дилсӯзонаву назари некбинона дорад, ба гунаи муфассал таҷассуми худро ёфтааст. Дар мақолаи «Зиндагӣ дар пуштаҳои файзбор» даст ба корҳои ободонӣ задану ба бунёди боғҳои сарсабз машғул гардидани А.Алиев чунин тасвир шудааст: «Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод!» — кунун ҳар гоҳ зери лаб такрор мекунад Асадулло Ализода. Ҳоло худ соҳиби се боғи ободу зебою самаррез дар пуштаҳои атрофи Ҳофизкада аст. Яке боғи меросӣ, дуи дигар навбунёд. Масоҳати боғҳо дар маҷмуъ, тақрибан беш аз 2,5 гектарро ташкил медиҳад ва ангуру себ, гелосу чормағз дар канор доранд. Чанд қитъаи боғҳо барои зироатпарварӣ низ ҷудо шудаанд… Асадулло Алиев дар бунёди бинои нави таълимгоҳи деҳаи Ҳофизкада саҳми бориз гузоштааст. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олӣ соли 2012 бунёди он оғоз ёфта, соли 2016 ба итмом расид, ки аз се қабат иборат буда, бо тамоми таҷҳизоту васоити аёнӣ, технологияи муосир таъмин мебошад. Дар арафаи таҷлили 3000-солагии Ҳисори бостонӣ Асадулло Алиев ҳангоми ба ин шаҳр ташриф овардани Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки кӯдакистони замонавӣ бунёд хоҳад кард. Ва воқеан марди некпиндору неккирдор ба орзуи худ расид. Сохтмони бинои нави муассиса соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 ба анҷом расонда шуд. Муаллифони китоб мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони хусусии зикршударо чунин ба риштаи тасвир кашидаанд:
«Он рӯз дигар буд, рӯзе буд мунаввартар, фараҳбортар, муассиртар аз ҳама рӯзҳои дигар. Дар ин муборакрӯз – 5 ноябри соли 2016 бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳи фаъолияти кӯдакистони «Табассум» баргузор гашт. Бемуҳобо, тамоми Ҳисор тантана дошт он рӯз. Табассумрез гашт саҳни «Табассум» бо ҳузури мардум. Ҳама шукуфта буданд, Сарвари кишвар низ…
Сардори давлат ба Асадулло Ализода низ барои бо муҳаббату саховат нисбат ба кӯдакон бунёд кардани кӯдакистони «Табассум» таҳсин гуфтанд ва соҳибкорону саховатмандони дигарро низ даъват намуданд, ки чун хонадони Ализодаҳо дар ободонии диёри азиз фаъолу кӯшо бошанд. »
Асадулло Алиев, ҳамчунин, камари ҳимматро сахт баста, иқдоми дигареро пеш гирифта, ба бунёди бинои мактаби ибтидоӣ оғоз намуд ва он соли 2017 фаъолияти худро ба роҳ монд. Кӯдакистони «Табассум» аз 14 синфхона, 2 толори варзиш, майдончаи варзиш, толорҳои мусиқӣ, рассомӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона иборат мебошад.
Фасли панҷуми китоб, ки «Расмҳо-шоҳидони айёми гузашта» ном дорад, суратҳои Асадулло Алиевро дар солҳои гуногун, дар ҷамъомаду ҳамоиш ва ҳангоми фаъолияти меҳнатияш фаро гирифтааст.
Хуллас, китоби адибон М.Шукурзода ва А.Муродӣ – «Рӯзгори файзбор» ситоишномаи арзандаест аз ҳаёту фаъолияти ибратбахши соҳибкори муваффақ, шодравон Асадулло Ализода ва он дар тарбияи эҳсоси ватанпарварӣ ва хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон нақши муассиру судманд хоҳад гузошт.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
