НОМИ НЕКАШ ҶОВИДОНИСТ

Таърих барои мо дар ҳама давру замон шахсиятҳои барҷаста ва олимони варзидаеро ҳадя намудааст, ки дар рушди илму маърифат, хулқу атвор ва тарбияи насли нав заҳматҳои зиёд кашидаанд. Яке аз онҳо устоди зиндаёди мо, донишманди маъруф ва ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари кордон ва тарбиятгари насли ҷавон Убайд Зубайдов мебошанд.
Устод 5 марти соли 1939 дар деҳаи Томчии ноҳияи Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъди ба итмом расондани мактаби миёнаи нопурра соли 1953 ба омӯзишгоҳи педагогию тарбияи ҷисмонии ноҳияи Ваҳдат (Кофарниҳон) дохил шуда, онро соли 1957 хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1962 бо дипломи аъло ба итмом расондааст.
Дар давоми фаъолияти илмию педагогӣ ва методиаш 10 монография, 19 дастури таълимӣ, 13 китоби дарсӣ, 65 барномаи таълимӣ ва дар маҷмуъ, беш аз 300 номгӯй асари илмию методӣ таълиф кардааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 20 нафар унвонҷӯи ватанию хориҷӣ (аз Тоҷикистон, Эрону Туркия) рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.Соли 1976 дар Симпозиуми химиядонҳои ИҶШС – Германия ва солҳои 1969, 1976, 1998 дар Анҷумани биохимикҳо дар шаҳрҳои Москва ва Тошканд ширкат варзида, суханронӣ кардааст.
Мутаассифона, имрӯз устод дар канори мо нест, вале номи некаш зиндаву ҷовид мондааст…
Ҳамеша пеши назарам аввалин вохӯрӣ ва суҳбате, ки бо устоди азизи хеш доштам, ҳувайдост.
Устод ба ман оид ба равияе, ки интихоб намуда будам, якчанд суол дод ва бо табассуми ба худ хос изҳор намуд, ки розист маро ба шогирдӣ қабул намояд. Боиси ифтихор ва сарфарозиям буд, шиносоию ҳамкорӣ бо ин шахсияти бузург. Ҳар як муваффақияти шогирд аз раҳнамоии устод сарчашма мегирад. Маҳз мактаби бузурги устоди гиромии ман буд, ки тавонистам, то дараҷае саҳми хешро дар таълиму тарбияи насли ҷавон гузорам.
Устоди гиромӣ то лаҳзаҳои вопасини умри хеш дар пешбурди илму фарҳанги ҷумҳурӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода ва ба халқу Ватан хидмати шоиста кард.
Ёдаш ба хайр бод!

Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,
корманди Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, номзади
илмҳои педагогӣ, дотсент