Наврӯз рӯзи оғози сол аст. Чун бо омадани Наврӯз табиат тавоно мешавад, мардум ҷисману руҳан бедор мешаванд ва аз андоми хеш гарди тирагӣ меафшонанд. Наврӯз нишонаи хотираи бузург аз ниёкони сарбаланду меҳртабор аст: хотираи ваҳдати инсону табиат, далели бақои миллати ҷонсахти мо дар паҳнои таърих, рӯзи ҷадид ва шукуфоист, баёни ҳастӣ ва бузургдошти вуҷуди таърих аст.
Дар гузари солиёну асрҳои тӯлонӣ ва фарозу шеби таърих дар оғози ҳар баҳор миллати тоҷвари мо бо шӯру шавқ ба истиқболи ин меҳмони куҳансоли ҳамешаҷавон меравад, шукуфоии гулҳову сабзаҳоро мебинад, худ шукуфо мешавад, дар ҷӯйҳо оби равонро мебинад, ҷавонии ҷаҳонро эҳсос мекунад ва об бар сару рӯйи хеш мепошад ва дар хонаи худ суфраи рангини Ҳафтсину Ҳафтшин мегузорад ва дар лаҳзаҳои расидани ин меҳмони азиз офаридгори бузургро сипос мегӯяд.
***
Чӣ афсонаи зебост ҷашни Наврӯз, зеботар аз воқеият! Оё касе эҳсос мекунад, ки нахустин рӯзи баҳор рӯзи офариниш аст, яъне он рӯзе, ки ҷаҳонофарин ҷаҳонро ибтидо кардааст, он рӯз Наврӯз буда. Феълан баҳор нахустин фасл, фарвардин нахустин моҳ, Наврӯз нахустин офариниш будааст: дар ин рӯз нахустин гулҳо мешукуфанд, сабзаҳо мерӯянд, чашмаҳо медаманд, рӯдборҳо меҷӯшанд, парандаҳо дар осмони соф парвоз мекунанд, боронҳои раҳмат мерезанд, яъне ин оғози Наврӯз аст.
Метавон гуфт, ки руҳ дар ин фасли сол падид омадааст: ишқ дар ҳамин рӯз сар задааст, нахустин бор Хуршеди ҷаҳонтоб дар ҳамин рӯз тулуъ намудааст, замон гӯӣ дар ҳамин фасл оғоз шудааст.
***
Наврӯз ҷашни бозгашт, ҷашни нав шудани замину замон аст, рӯзи шодмонии замину осмон аст, ҷашни шукуфтанҳову рустанҳост ва саршор аз ҳаяҷони рӯзи оғоз аст. Наврӯзи хуҷаста суннати дерини мост. Ва дар ин рӯзи нотакрор агар касеро сиккаи зар нест, боке набошад, чунки, эй ҳамватан, гирди хони Ҳафтсину Ҳафтшин биншину косаи оби наботе бардор, бар зулоли обии рӯшноии оина бингар, дар оғози пуршукӯҳи соли нави миллию таърихии хеш шодмона аз ҷой бархез ва дар қадами мусофири аз қарнҳои дур омадаи Наврӯз мушт аз гулбаргҳо пур кун ва дар фазои руҳ соз. Бар гӯшаву канори хона об пош, панҷараҳоро бештар боз намо ва бубин, ки ин меҳмон аз паҳноҳову саҳроҳои асру замонҳои дур расида ва солеро пушти сар ниҳодааст, монданаш кӯтоҳ аст, то чашм бар ҳам занӣ, ҳамебинӣ, ки он рафтааст. Пас, ғанимат шуморем ҳар нафаси истиқболи Наврӯзро ва бо изтиробу ҳаяҷон онро ҷашн гирем ва аз кӯлбори таърихии ин меҳмон ба умед зар бардорем ва бар хоки дашту саҳро бипошем ва бо сипосу шӯру шавқ нахустин рӯзи фарвардинмоҳро бо сипосу ниёиши офаридгор оғоз кунем, ба ғунчаи гули сурх бӯса занем ва ғубор аз таърих бизудоем. Барг-барги онро менигарему варақ мезанем, радди пои меҳмони ҳазорсолаи хешро меёбему мегӯем: Марҳабо, Наврӯз, бо шукуфтани гулҳову ёсуманҳо, бо нарм-нарм рехтани боронҳо, бо равшании офтоб, бо бодҳои гарм, ороста, бошукӯҳ, ҷавона, сабзаву муаттар, аз бӯи борон, бӯи пуна, бӯи хок, шохаҳои шуста, боронхӯрда, пок!
Таҳияи А. Муродӣ,
«Омӯзгор»
