ЧОР УНСУР ДАР НАВРӮЗ

Ориёиён ба чор унсур эътиқоду эътимоди бузург зоҳир менамуданд
Оташ
Оташ аз унсурҳои муқаддаси Наврӯз буда, дар деҳаҳои алоҳида ҳанӯз шаб гулхан афрӯхта, гирдогирди он мардум ҷамъ меоянд, оид ба корҳои рӯзгор суҳбат ва сурудхонию рақс мекунанд. ҳангоми дамидани субҳ дар идгоҳ (майдон) гулхан афрӯхта, аловпарак мекунанд. Мардум аз болои гулхан ҷаҳида, ресмони пашминро ба оташ мепартоянд ва мегӯянд: «Ту руштӣ дъэд му пипиц, му зирдэ дъэд ту пипиц» ба маънои «Сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту».
Рӯзи дуюми Иди Наврӯз кадбону барвақт аз хоб хеста, дар оташдон алов мемонад. Аслан дар аввал барои гирондани алов аз чӯби дарахти арча ё сияҳбед истифода мекарданд. Гӯё дар ин рӯзи муқаддас дуди бегона аз равзана ба хонаашон намедаромадааст. Як чизро бояд махсус зикр кард, ки оғози ҳамаи суннатҳои наврузӣ аз дуд кардани сипанд оғоз мешавад ва ҳар он чи барои истифода омода мешавад, аввал ба он орди боқило («бун») мепошанд. Бун ба маънои сафедӣ ва покии ҳама гуна кор дар ибтидои Наврӯз аст.
Об
Субҳи барвақт дар рӯзи такондани хона ва рӯзи баъди он соҳибхоназан зуд аз хоб хеста, дар оби чашма ё шаршараи деҳа ва ё дар оби дарё дасту рӯ шуста, дар ду сатил об гирифта, ба хона меорад. Баъди дуд кардани сипанд (страхм) обро ба деги сари чагдон рехта, аз Ҳазрати Хизр барои аҳли хона умри дароз ва аз модари қиёмат нозу неъматҳои худовандиро таманно мекунад.
Дар рӯзи ид ва ё баъди он агар борон борад, соҳибхона сараввал зери равзанаи хона дар як зарф орд оварда, се бор онро таҳи борон давр зада, дуо мекунад: «Борони раҳмат, дар ин сол ризқу рӯзии хонадони моро афзун гардон». Баъдан дар зарфи дигар (сиптак) донаҳои гандумро гирифта, се бор зери борон давр зада, дуо мехонад: «Борони раҳмат, ба бандагони Худо ҳосили фаровони ғаллаву гандумро рӯзӣ кун». Ҳамин тавр, бо ин оин зери борон пашм, мӯйина, ҷиҳози арӯсу домодро, ки барои тӯй омода шудааст, дар даст гирифта, се бор давр мезананд.
Ривояте ҳаст, ки бо борони раҳмат арвоҳи онҳое, ки аз Наврӯз то Наврӯз ин дунёро падруд гуфтаанд, ба замин мефуроянд ва ба авлоди хеш аз нав мепайванданд. Ордро дар оби борон хамир карда, нон мепазанд ва хурду калони хона онро тановул мекунанд.
Касоне, ки гирифтори дарди пӯст, сабӯсаки сару маризи бод ҳастанд, худро зери оби борон мегиранд, ки аз ин дардҳо шифо ёбанд.
Нақл мекунанд, ки дар гузашта мардум сари чашма ва рӯдхонаҳо рафта, ба ҳамдигар об мепошиданд, ҷавонон якдигар дошта, ба об мепартофтанд. Ин суннатро «гуноҳшӯён» мегуфтанд. Ин расм дар Ҳинд ҳанӯз ҳам мавҷуд аст. Дар рӯзҳои иди мазҳабӣ ба дарёи Ганг даромада, гуноҳшӯӣ мекунанд.
Бод
Ришсафедон мегӯянд, ки боди наврӯзӣ аз бӯй ва накҳати гул атромез буда, нафас кашидани он аз сад дору беҳтар аст.
Ҳикмате ҳаст:
Аз боди баҳор баҳра бардор,
Аз боди хазон худат нигаҳ дор!
Аз Наврӯз сар карда, самти вазиши бод дигар шуда, сардии он гум мешавад. Деҳқонон аз самти вазиши бод вазъи боду ҳавои маҳаллаашро низ муайян мекарданд.
Хок
Яке аз оинҳои муҳиму асосии суннатии иди Наврӯз дар Шуғнонзамин «ҷуфтбаророн» аст. ҷуфтбаророн расму русуми хоси худро дорад. Ҷуфти гови деҳқонеро, ки доимо ҳосили фаровон мегирад, ба хонаи урфии бадахшонӣ, ки дари он дар ҳамин соат дар муқобили ситораи наҳс рӯ ба рӯ наистода бошад, дароварда, шохи говҳоро равған мемоланд, баъдан ба шакли забон, чашм кулчаҳои пухташударо ба ҷуфти говҳо мехӯронанд. Аз хона говҳо тарзе бароварда мешаванд, ки касе аз пеш набарояд. Баъдан деҳқони асил дар замини ҳамвор тухмӣ пошида, деҳқони ҷавон дар се хати доирашакл, ба сурати нони гирда шудгор мекунад. Пиру ҷавон бо шодию хурсандӣ сари ин замин атола (кочӣ), ширбиринҷ ва ширравған оварда, ҳамагон давра шишта, онро тановул мекунанд.
Таҳияи Ҷ. Қозибеков,
«Омӯзгор»