ПИРӮЗӢ ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ ҶАҲОНӢ

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб шароити мусоид барои таълиму тарбия ва донишандӯзии толибилмон фароҳам оварда шудааст. Дар суҳбат бо мо директори маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб И. Иззатуллоев иброз дошт, ки соли сипаригашта дар олимпиадаи фаннии вилоятии мактаббачагон 118 нафар ғолиби даври шаҳрӣ иштирок намуда, 18 медали тилло, 23 медали нуқра ва 77 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони мо соҳиби 103 медал ва 15 Ифтихорнома гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 ҷой зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар олимпиадаҳои байналмилалӣ назаррас мебошад. Аз ҷумла, онҳо дар соли 2022 186 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд, ки аз он 18 медали тилло, 68 медали нуқра ва 100 медали биринҷӣ мебошанд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода афзуд, ки хонандагони литсейи №1 Ш.Ализода, Акбари Зафар ва литсейи №2 Абубакри Ҳофиз дар даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Анталияи Туркия сазовори ҷойи якум ва соҳиби диплом гардиданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»