Ноҳияи Роштқалъа аз замони Шуравӣ бо омӯзгорони варзидаю хушсалиқаи худ шуҳратёр буд. Яке аз омӯзгорони нахустини ин диёр Охон Шоҳфутури Муҳаббатшоҳзода аст, ки чун шоир ва олим низ соҳибном буда, дар ҳаммуаллифӣ бо Охон Сулаймон китоби “Таърихи Бадахшон” – ро нигоштааст. Аз наслҳои баъдӣ Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Айнулло Лутфуллоев, Қарача Қарачаев, Назарамон Махсутов, Зайдулло Хайбаров номбардори диёри худ гаштанд.
Аз соли 1991 то соли 2021 ба унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 44 нафар лоиқ дониста шуда, 66 нафар ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб шуданд.
Ҳамчунин, аз соли 1991 то соли 2021 бистуяк нафар дар озмуни вилоятии “Муаллими сол” ширкат намуданд, ки аз онҳо метавон Давлатқул Мамадраҳимов, Ҳаётбегим Наврӯз-бекова, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Азиз Ғаёсов, Рисолат Броимшоева, Эраҷ Ҷонмирзоев, Булқиёр Бодурхонов, Бекмамад Ватаниевро ном бурд, ки дар пешаи омӯзгорӣ ба натиҷаҳои баланд даст ёфтанд. Дар даври ҷумҳуриявии ин озмун Давлатқул Мамадраҳимов, Ҳаётбегим Наврӯзбекова, Азиз Ғиёсов, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Рисолат Броимшоева, Сардорбек Азорабеков ширкат карданд.
Соли 2021 омӯзгори фанни математика Эраҷ Ҷонмирзоев ва омӯзгори фанни химия ва биология Алидод Абдолбеков, ки ҳар ду зодаи ин ноҳия ҳастанд, дар озмун барои гирифтани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ шуданд.
Ҷангибеки Улфатшоҳ,
“Омӯзгор”, ВМКБ
