Ғоибназар Худоёров омӯзгори ҷавони санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технологияи МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Хатмкардаи факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, ҳамзамон дар ҳамин факултет зинаи магистратураро низ бомуваффақият хатм кардааст. Ба таълиму тарбияи шогирдон машғул гардида, мақолаҳои илмияш дар маҷаллаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп расидаанд.
“Касби омӯзгориро бе-ниҳоят дӯст медорам ва хушбахтона бо роҳнамоиҳои устодони арҷманд Ф. Файзиев, Г. Неъматов, Ш. Рустамова, Б. Содиқова нозукиҳои ин пешаи заҳматталаб ва пурифтихорро омӯхта, бо меҳру муҳаббат ба таълиму тарбияи насли наврас машғулам”, — мегӯяд Ғоибназар Худоёров.
Омӯзгори ҷавон роҳбари синфи хонандагони синфи 8 буда, бо волидайн робитаи мустаҳкамро ба роҳ мондааст, пайваста маҷлиси падару модаронро баргузор карда, мушкилоти мавҷударо дар ҳамкории судманд бо падару модарон ҳаллу фасл менамояд. Аз суҳбати волидайн бармеояд, ки сатҳи таълиму тарбия ва саводи хонандагони синф беҳтар гардидааст ва албатта, ин пеш аз ҳама, ба нақши омӯзгор ва хидматҳои муаллими ҷавон Ғ. Худоёров вобастагии қавӣ дорад.
Бо ибтикори Ғоибназар Худоёров даҳаи фаннии санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология бо баргузории озмунҳои “Техникони наврас”, “Расми беҳтарин” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ҳамаи ғолибон аз тарафи маъмурият бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар озмуни “Расми беҳтарин” хонандаи синфи 10 Марҷона Узоқова сазовори ҷойи аввал гардид. Дар озмуни “Кайҳон аз нигоҳи ман” гурӯҳи толибилмони муассиса дар миқёси шаҳр бо роҳбарии Ғоибназар Худоёров ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гаштанд.
Бо вуҷуди ҷавонӣ, Ғ. Худоёров бо меҳру дилбастагии ба худ хос ба пешаи омӯзгорӣ машғул гардида, баҳри он талош менамояд, ки дастовардҳои хешро дар таълиму тарбия афзунтар гардондад.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
