Таълиму тарбияи насли наврас танҳо кори мактаб набуда, ҳамкории муназзами мактаб, оила, ҷомеа ва мақомотро низ дар бар мегирад. Новобаста ба ин, ҳамарӯза шикояти омӯзгорон аз оила, шикояти оила аз мактаб ва шикояти ин ду ниҳод аз ҷомеа ба гӯш мерасад.
Агар кӯдак дар ҷодаи таҳсил муваффақ шуд, ҳар кадом худро саҳмдор ва агар кӯдак муваффақ нагашт, якдигарро гунаҳкор медонанд.
Ҷиҳати рафъи ин гуна ноҳамвориҳо дар кори таълиму тарбияи ояндасозони кишвар маъмурияти муассисаи давлатии таълимии гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иқдоми тозаеро амалӣ намуданд. Тибқи рӯйхате, ки роҳбари синф таҳия мекунад, падару модарони хонандагони ҳамон синф бо навбат ба муассисаи таълимӣ омада, давоми рӯз дар дарсҳо иштирок мекунанд.
Хурсандиовар аст, ки падару модарон низ ин иқдомро хуб пазируфтанд ва ҳеҷ “навбатдор”-е дар кори худ таъхир намекунад ва ба як нафар дар якуним – ду моҳ як бор навбат мерасад. Аз волидон касе зид нест, ки дар якуним – ду моҳ як рӯзи худро ба фарзандон бахшад. Давоми як моҳ аст, ки дар ҳамаи дарсҳо як нафар аз волидайн иштирок менамояд ва аз ҳамзамон таассурот, назари худ, каму костиҳои раванди таълим ва пешниҳодҳоро дар дафтари “Иштирок ба дарс” қайд мекунад.
Натиҷаи як моҳ татбиқ намудани лоиҳа нишон дод, ки он ҳам барои омӯзгор, ҳам барои хонанда, ҳам барои волидайн ва ҳам барои маъмурияти гимназия муфид аст: Омӯзгорон ба дарс бештар омодагӣ дида, ҷиҳати ҷолибу рангин сохтани дарсҳои худ талош меварзанд. Волидон заҳмати онҳоро дида, навбате ангеза мебахшанду навбати дигар мавридҳои аз ҷониби оила бе назорат мондани кӯдаконро дарк мекунанд. Хонандагон, ба назар мерасад, ки ба дарс бештар омода шуда, лавозимоти дарсиро ба мактаб меоранд ва муносибати ҷиддӣ менамоянд. Онҳо дар ҳузури волидон даступо гум накарда, баръакс, кӯшиш мекунанд, ки худро дуруст муаррифӣ намоянд. Волидон бевосита имконоти муассисаи таълимӣ ва неруи зеҳнии омӯзгоронро арзёбӣ карда, масъулияти худро бештар дарк мекунанд. Ҳамзамон, дар сурати қонеъ набудан аз донишҳои фаннӣ ё усули дарсгузарии омӯзгор, инро дар дафтари махсус зикр мекунанд, то маъмурияти муассиса чораандешӣ намояд. Аз ҷониби маъмурият назорати раванди таълиму тарбия боз ҳам осон гардид. Акнун ду шахси масъул – омӯзгор ва волидайн мустақиман робита дошта, ҳар гуна мушкилро ба вақти дигар намегузоранд ва онро таъҷилан бартараф месозанд.
Ин лоиҳаи кор дар таҷрибаи гимназия самарабахш будани худро нишон дод. Ба андешаи худи волидон ва омӯзгорони гимназия, зарурат пеш омадааст, ки барои эҷоди ҳамоҳангии фаъолияти оила ва мактаб механизмҳои ба ин монанд дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ҷорӣ гарданд.
Нурулло Ғафуриён,
рӯзноманигор
