Вобаста ба таҳлилҳое, ки ҳангоми аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорони зинаи аввали таҳсилот ва суҳбатҳои бевосита бо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ маълум гашт, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бисёр омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ таваҷҷуҳи бештарро ба омӯзиши ду фан медиҳанд.
Ин ду фан аз нигоҳи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълим «шоҳи фанҳо» ба ҳисоб рафта, онҳо тамоми қувва, дониш, малака ва маҳорати худро барои таълими ин фанҳо равона месозанд.
«Шоҳи фанҳо» якчанд хусусияти тақдирсоз доранд. Аввал ин ки онҳо тақдири дигар фанҳои таълимиро ҳал мекунанд. Дуюм, онҳо тақдири худи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва сеюм, тақдири муассисаи таълимӣ ва маъмурияти мактабро ҳал карда метавонанд.
Баъзан маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҳам нисбат ба оне ки омӯзгорони синфҳои поинӣ ба «шоҳфанҳо» бештар аҳамият медиҳанд, чашм мепӯшанд, зеро ба онҳо низ дар назди санҷишгарон натиҷа лозим аст. Обрӯйи муассисаи таълимӣ ва тақдири ояндаи маъмурияти он дар бисёр мавридҳо ба натиҷаи санҷиши «шоҳфанҳо» вобастагӣ дорад.
Фикр мекунем, шумо пайхас кардед, ки сухан дар бораи кадом фанҳо меравад. Фанҳое, ки мо онҳоро ба «шоҳи фанҳо» номида, ин қадар таърифу тавсиф кардем, «забони тоҷикӣ» ва «математика» дар синфҳои ибтидоӣ мебошанд.
Моҳияти таълими онҳо барои зинаи ибтидоии таҳсилот хеле муҳим аст ва хеле хуб аст, ки дар нақшаи таълимӣ барои омӯзиши ин фанҳо сарбории хонандагон ҳафтае 4-5 соатро ташкил медиҳад. Аммо чанд масъалае ҳаст, ки мебояд сари онҳо андеша ронем ва бигзор омӯзгорон онҳоро ҳамчун маслиҳати дӯстона қабул намоянд:
1. Ҳамагон медонанд, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф мақоми ҳамаи фанҳо баробар аст ва дар ҷараёни таълим онҳоро ба «якумдараҷа» ва «дуюмдараҷа» ҷудо кардан ва ё ба баъзе фанҳо бартарӣ додан нодуруст аст. Омӯзгороне, ки бо чунин тартиб кор мекунанд, дар маърифатнок шудани ҳаматарафаи хонандагон монеа эҷод мекунанд. Агар омӯзиши фанне зарурат надошта бошад, Вазорати маориф ва илм онро дар нақшаи талим ҷой намедиҳад. Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки барои ҳар як фан гурӯҳи шахсон (муаллифон) заҳмат кашида, стандарту барнома ва китоби дарсӣ таҳия кардаанд, давлату ҳукумат маблағи зиёд сарф мекунад, аз ҷумла, барои маоши омӯзгорон.
2. Вобаста ба хусусиятҳои синнусолӣ, педагогӣ ва психологӣ табиати хонандаи синфҳои ибтидоиро асосан шӯхию бозӣ, суол ва кунҷковӣ ташкил медиҳад. Ҳамаи раванди таълимро дар синфҳои ибтидоӣ бо дарназардошти ин хусусиятҳои онҳо ба роҳ мондан зарур аст. Омӯзгори асил ба хотири хаста нашудани хонандагон дар давоми ҳар як дарс бояд на кам аз 5-6 бор фаъолияти таълимиро иваз кунад. Тасаввур кунед, дарси навбатӣ варзиш аст, мо ба хонандагон мегӯем: «Бачаҳо, имрӯз ҳаво сард аст (ё мо тӯб надорем) ва мо ба майдони варзиши мактаб намеравем, ба ҷойи он мо фанни забони тоҷикӣ ё математика мегузарем». Мувофиқи ҷадвали дарсӣ хонандагон ин фанҳоро навакак хонда буданд ва аз хондану навиштан хаста шудаанд, онҳо мехоҳанд каме дар ҳавои тоза ба варзиш машғул шаванд. Чунин рафтори омӯзгор хонандагонро ҷисман ва руҳан хаста мекунад, ки ин, дар умум, боиси паст шудани сифати таълим мегардад.
Тавре ки дар боло қайд гардид, барои омӯзиши фанҳои забони тоҷикӣ ва математика дар синфҳои ибтидоӣ ҳафтае 4-5 соат муайян шудааст, оммо барои омӯзиши фанҳои дигар дар як ҳафта ҳамагӣ як ё ду соат.
3. Амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040-ро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардааст, чӣ тавр таъмин кардан мумкин аст, агар мо фанни табиатшносӣ (олами атрофи мо) ё фанни санъат ва меҳнатро ба хонандагон наомӯзонем? Маҳз ҳангоми омӯзиши ин фанҳо дар ниҳоди хонандагон донишу малакаи появӣ оид ба ашё ва ҳодисаҳои табиату ҷамъият пайдо мешавад. Дар вуҷуди онҳо малакаҳои тасвир кардан ё сохтани чизе пайдо мешавад, ки дар оянда аз ин хонанда муҳандис ё ихтироъгарро интизор шудан мумкин аст.
4. Санҷишгарони хеле зиёде, ки аз сохторҳои гуногуни соҳаи маориф (маъмурияти худи муассисаи таълимӣ, шуъбаҳои маориф, раёсатҳои маориф, зерсохторҳои маориф ва мутахассисони худи Вазорати маориф ва илм) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ меоянд ва дониши хонандагони синфҳои ибтидоиро месанҷанд, дар баробари фанҳои забони тоҷикӣ ва математика бояд дигар фанҳоро низ аз санҷиш гузаронанд. Ин боис мегардад, ки омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳамаи фанҳои таълимӣ аҳамияти баробар диҳанд.
Бешубҳа, мушкилоти мазкур ба ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоии муас-сисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тааллуқ надорад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ омӯзгорони зиёде ҳастанд, ки таҷрибаи хуби педагогӣ доранд, ба ҳамаи фанҳои таълимӣ яксон муносибат мекунанд, ҷараёни дарсҳои худро шавқовар мегузаронанд ва ба фарзанди халқ содиқона хидмат мекунанд. Месазад таҷрибаи чунин омӯзгорон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ паҳн карда шавад.
Набӣ Қодиров,
мутахассиси пешбари шуъбаи омӯзиши фанҳои
дақиқ ва табиатшиносии АТТ,
омӯзгори калони кафедраи табиӣ — риёзии ДҶТИБКСМ
