ПИР ҲАСТ, ТАДБИР ҲАСТ

Ривоят мекунанд, ки дар замони ҳукмронии Искандари Мақдунӣ ва қабл аз он синну соли мард аз панҷоҳ, ки гузашт, фарзандаш ӯро ба он кӯҳ бурда мепартофт. Мардеро низ баъд аз панҷоҳ гузаштан, тибқи қонуни амалкунанда писараш гирёну нолон гирифта, ҷониби кӯҳ раҳсипор гашт.
Дар роҳ монда шуд ва ба болои санге нишаст, ғарқи ғаму андуҳ ба андеша фурӯ рафта, рафъи хастагӣ мекард, ки падараш хандид. Писар бо тааҷҷуб сабаби хандаи қиблагоҳашро пурсид. Падар мегӯяд, ки ӯ ҳам дар вақташ ҳангоми падарашро ба роҳи аҷал гусел кардан дар ҳамин ҷо каме нишаста, мондагиашро бартараф намуда буд. Писар баъд аз шунидани ин сухан аз роҳаш бармегардаду падарро дар хона аз назари мардум пинҳонӣ парасторӣ мекунад. Писарро ба сафи артиш даъват намуда, ба ҷанг мебаранд. Ӯ падарашро ба сандуқе андохта, ҳамроҳаш гирифта меравад. Ҳангоми ҷаҳонгирӣ лашкари Искандар ба як биёбони беҳаддуканор мерасад. Захираи обаш кам монда буду аз охири биёбон хабаре набуд. Искандар илоҷи воқеаро наёфта, дар шигифт мемонад. Писар ба назди сандуқ омада, воқеаро ба падараш нақл мекунад. Падараш мегӯяд, ки як молро кушта, пӯст канда, пора намуда, ба майдон партоянд, каргасу занбӯру магас ва дигар ҳашарот ва парандаҳои даранда омада, аз он истеъмол менамоянду баъди сер шуданашон ба сӯи манзили об роҳ мегиранд, бояд лашкариён аз қафои онҳо раванд, ҷойи обро меёбанд. Писар ба Искандар нақли падарашро мегӯяд, ҳамин тавр мекунанду обро меёбанд ва лашкари Искандар аз вартаи ҳалокат наҷот меёбад.
Искандар ба мамлакати торикистон ҳуҷум карданӣ мешаваду аз он тараф «дар торикӣ роҳи бозгаштро ёфта метавониста бошам?» — гуфта андеша мекунад. Писар ин андешаи Искандарро ба падараш мерасонад. Падараш мегӯяд, ки аз байталҳо курраҳояшонро гирифта, ба ғори торик дароянд, баъди ба анҷом расидани ҷанг байталҳоро ба ҳоли худашон раҳо кунанд, байталҳо роҳро ёфта бармегарданд. Искандар аз рӯи гуфтаи ин ҷавон амал мекунаду сиҳату саломат мамлакати зулматро ғасб намуда бармегардад. Искандар дар ҳайрат мемонад, ки бо ин ҳама ҷавонию таҷрибаи кофии ҳаёт надоштанаш, ин ҷавон чӣ гуна ҳалли муаммоҳоро дарёфт? Ҷавонро ба наздаш даъват карда, сирри чӣ тавр ёфтани ҳалли мушкилотро мепурсад.
Ҷавон, ки ин тавр сурат гирифтани воқеаро интизор набуд, аз ин суоли шоҳ ба воҳима афтода, рангу рӯяш сурх шуда, ба замин нигариста, сукут кард. Баъди бо исрор пурсидани Искандари Мақдунӣ ӯ асли воқеаро нақл менамояд. Искандар аз ҳамон рӯз эътиборан қонуни амалкунандаро беэътибор намуда, баръакс, иззату эҳтироми куҳансолонро роҳандозӣ намуд.
Шоир ин маъниро ба хубӣ ба риштаи назм кашидааст:
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари давлат қайд намуданд, ки омӯзгори донишманд, пурмаҳсул, навовару эҷодкор 80 — сола бошад ҳам, дар таълимгоҳҳо ба кор ҷалб карда шавад, ҳар чизи дигар агар сарф шавад, кам мешавад, аммо илму дониш ҳар чӣ қадар сарф шавад, ҳамон қадар саҳеҳу комил мегардад. Вобаста ба ин, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ба омӯзгорони соҳибтаҷрибаву пирони кор таваҷҷуҳи хоса доранд. Соли таҳсили гузашта ба муносибати Рӯзи омӯзгор ҳамоиши омӯзгорони куҳансолро ташкил намуда, ба якчанд муассисаи таълимӣ бурда, бо кору фаъолияти онҳо шинос намуданд ва дар охир бо туҳфаҳо хотири эшонро болида гардонданд.
Дар муассисаи таълимии давлатии литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе чанд нафар омӯзгори варзидаву соҳибтаҷриба, пирони барнодил фаъолият менамоянд. Онҳо мудом ба омӯзгорон дасти мадад дароз менамоянду дар пешрафти кориашон раҳнамоӣ мекунанд. Роҳбари таълимгоҳ Ҷамолиддин Сироҷзода ҳамеша ба омӯзгорони ботаҷрибаи ҳаётдида муомилаи нек менамояду ба омӯзгорони ҷавон маслиҳат медиҳад, ки аз таҷрибаи кори онҳо баҳрабардор бошанд. Пир ҳаст, тадбир ҳаст, баракати кор ҳаст. Натиҷаи кори неку ройи нек аст, ки ҳар сол шогирдони литсей дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар байни таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ дар сафи пеш қарор мегиранд. Хонандаи синфи 8 «Б» Мадина Каримзода ва хатмкунандаи синфи 11 «в» Шабнам Наимзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои дуюм ва мукофоти пулӣ гаштанд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи мактабу маориф мебошад.

Муҳаммадраҳим ТОШПӮЛОДОВ,
омӯзгори литсейи №2 барои хонандагони болаёқати
дар шаҳри Душанбе