11-уми марти соли равон ҳафтаномаи «Омӯзгор» барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ифтихори «Рӯзи матбуоти тоҷик» дар маросими бошукуҳи идона дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Аҳли қалами нашрия ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг, хусусан, вазирбону Зулфия Давлатзода арзи сипоси худро изҳор медоранд ва минбаъд низ мекӯшанд дар иҷрои рисолати касбии хеш пешсафу пешгом бошанд.