Зан — Модар, пеш аз ҳама, омӯзгори ҳар яки мост ва рӯйи саҳфаҳои зиндагӣ лаҳзаҳои хуберо наққошӣ мекунад. Дар вожаи «модар» як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфтааст ва дар васфу ситоиши ин гавҳари бебаҳо садҳо достону роман офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи шаъну шарафи модар фарзандони арзанда ҳаёти худро дареғ намедоранд.
Бузургии Зан — Модар, дар он таҷассум меёбад, ки вай чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятгар ва ба камолрасонандаи фарзанд мебошад.
Рӯзи байналмилалии бонувон, ки ҳамасола 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар тамоми мамолики дунё дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо шукӯҳи хосса ҷашн мегиранд. Новобаста ба иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихист. Аз ин рӯ, 8-уми март эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳам овардани имконоти баробар ба ӯст.
Рӯзи занон дар дигар мамолики олам, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Турк-манистон ва Украина чун Рӯзи байналхалқии занон, дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Ӯзбекистон чун Рӯзи Модар; дар Арманистон 7-уми апрел чун Рӯзи Модар ва зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун нишони эҳтиром ба Зан-Модар дар кишварамон “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар ба он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимии миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишмандону соҳибназарон ҷойгоҳи хоссаеро ишғол кардааст.
Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагию нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро меафзояд. Дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ дорад. Зеро, зан ва баҳор бо ҳам тавъам буда, латофату раъноӣ ва шукуфтан нишонаи хоси ҳар ду мебошад.
Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҷомеа мебошанд.
Агар ободию суботи ҷомеа ба осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон ба руҳияи солиму созанда, сатҳи баланди маънавиёт ва тандурустии Зан — Модар вобаста аст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Модар заҳматкашу заҳматқарин буду ҳаст ва мемонад ва барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст.
Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдориянд, зеро меҳрубонтарин ин-сонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол. Дуои неки модарон ҳамсафари ҳамешагии мо мебошад.
Салима Мӯсоева,
«Омӯзгор»