«ОМӮЗГОР» — ҲАМДАМУ МАСЛИҲАТГАРИ БЕҒАРАЗИ МО

Тавре ки маълум аст, соли гузашта аз таъсиси нашрияи бонуфузи ҷумҳурӣ – «Омӯзгор», ки дар инъикосу тарғиби сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба масоили таълиму тарбия хидмати бузургеро ба иҷро мерасонад, 90 сол пур шуд.
Дар хусуси муҳтавову ғояи матолибу мақолаҳои дар нашрия ба табъ расида ва дар маҷмуъ, масъалаҳои мухталифи соҳа бо чанде аз омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи Рӯзи матбуот суҳбате анҷом додем, ки ба хонандагони нашрия пешкаш мегардад.
Ҳафиз Раҳмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
— Дар нашрияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ – «Омӯзгор», ки ман онро пайваста мутолиа мекунам, масоили тарбияи маънавӣ ва такомулу таҳаввули рушди зеҳнӣ (интеллектуалӣ)-и насли наврас ва ҷавонон бо таълифи матолиби ҷудогона хеле хуб инъикос ёфтаанд. Бахусус, таҳлилу баррасии раванди озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нашри силсиламақо-лаҳо ҷолибу хонданӣ буд. Ба андешаи мо, ҳамин мавзуъ, яъне роҳу шеваҳои ҷиддан ба мутолиа фаро гирифтани муҳассилини макотиби миёнаву олиро боз ҳам дар сатҳи созгор ба талаби замони муосир, дар муқоиса бо иқдому дастовардҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон тарғиб намудан ба суду салоҳи кор аст. Дигар масъала муаррифии соҳаи маориф ва умуман, вазъи таълиму тарбияи мамолики олам, аз ҷумла, ИМА, Ҷопон, кишварҳои Скандинавия, Аврупо, Малайзияву Сингапур, Ҳиндустон ва амсоли инҳо мебошад. Сухан сари он масъала меравад, ки чӣ тавр, бо кадом роҳ ин кишварҳо маорифро ба соҳаи пешрафта табдил додаанд, чӣ чизҳоро аз онҳо бояд гирифту дар ҷумҳуриямон амалӣ намуд? Ин омил бисёр муҳим аст.
Сайфиддин Камолзода, мудири шуъбаи АТТ:
— Бо нашрияи «Омӯзгор» Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамкорию робитаи хуб дорад. Дар тамоми конфронсу семинарҳои илмӣ — назарӣ ва ҳамоишу мизҳои мудавваре, ки бо иқдоми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ташкил ва баргузор мегардад, кормандони ҳафтанома даъват мешаванд ва раванди ин чорабиниҳоро ба таври муфассал инъикос мекунанд. Таҳия ва таълифи гузоришу мавод дар хусуси роҳу усулҳои беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, технологияи нави таълим, тағйироту дигаргуниҳо дар низоми соҳа (аз ҷумла, низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ, гузаштан ба муносибати босалоҳият ба таълим ва ғайра) масоилу мушкилоти зинаи таҳсилоти томактабӣ, дастуру васоити таълимӣ ва амсоли инҳо аз ҷониби кормандони ҳафтнома бевосита муаррифию тарғиби фаъолияти кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ба ҷуз ин, дар мавзуъҳои муҳими соҳа, ки асосан зикраш рафт, кормандони нашрия бо мо мусоҳибаҳо анҷом медиҳанд, ҳамзамон, навиштаҳои мутахассисони шуъбаҳои АТТ дар саҳифаҳои ҳафтанома зуд-зуд ба табъ мерасанд, ки ин боиси хушҳолии мост.
Маҳмудҷон Шодиев, устоди Донишгоҳи омӯзгории Рашт:
— «Омӯзгор» аз нашрияҳои писандидаву мақбули устодону донишҷӯёни донишгоҳи мо ба шумор меравад. Ҳар як шумораи онро, ки матолибу мақолаҳои шавқовару пурмуҳтаворо дар бар мегирад, бесаброна интизорӣ мекашем. Ба андешаи мо, беҳ мебуд дар саҳифаҳои ҳафтанома мақолаҳои илмӣ — оммавӣ дар хусуси маҳорати эҷодии шоиру нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик, аз ҷумла, навиштаҳои олимон ба табъ расонда шавад. Ҳамчунин, дар бораи ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақолаву мусоҳибаҳо таълиф ва нашр гардад, нуран ало нур мешавад.
Бадриддин Музаффарзода, сардори раёсати Вазорати маориф ва илм:
— Нашрияи «Омӯзгор» ма-соилу мушкилоти соҳаро пайваста пайгирӣ, таҳлил ва баррасӣ намуда, дар ин боб суҳбатҳои алоҳидаеро бо кормандони масъули ниҳоду зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм ба табъ мерасонад. Шахсан чанд матлаби банда оид ба татбиқи нуктаҳои асосии Стратегияи рушди соҳаи маориф барои соли то 2030 дар ҳафтанома чоп шуд. Умуман, аз назари ман, навиштаҳои кормандони нашрия пурмуҳ-тавову ҳадафрас буда, аз истеъдоду заҳматҳои онҳо дар ин ҷода шаҳодат медиҳад.
Таснифи
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»