Дар ин мақола сухан дар бораи як нафар бонуи тоҷик меравад, ки умри гаронмояи худро сарфи омӯзишу андӯхтанҳо ва сӯхтану афрӯхтанҳо намуда, дар ҷодаи душвор ва пурпечутоби таълиму тарбия чун шамъ сӯхтааст, то ин ки роҳи дигаронро равшан кунад. Ин бонуи соҳибному соҳибмактаб ба дараҷаи баланди профессорӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон шарафёб шудааст.
Фатҳия Икромова дар шаҳри Бухорои шариф, дар хонаводаи аҳли маърифат ба дунё омадааст. ҳангоми таҳсил дар мактаб ва омӯзишгоҳи педагогии занонаи шаҳри Сталинобод яке аз духтарони фаъолу пешқадам ба шумор мерафт. Баробари дар омӯзишгоҳ таҳсил кардан ӯ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба сифати муаллимаи синфи дуюм дарс медод. Ҳамин тавр, фаъолияти омӯзгории Фатҳия Икромова аз соли 1950 оғоз ёфт.
Меҳру муҳаббат ба фанҳои гуманитарӣ ва орзуи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик шудан соли 1952 Фатҳия Икромоваро ба Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) овард ва ӯ бе ҳеҷ дудилӣ ҳуҷҷатҳои худро ба бахши забон ва адабиёти тоҷики факултети таъриху филология, ба шуъбаи ғоибона супорида, имтиҳонҳои дохилшавиро паси сар кард ва соли 1958 мактаби олии мазкурро бомуваффақият хатм намуд.
Ибтидо устод фаъолияти худро аз мураббӣ, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, мудири кабинети Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ оғоз намуда, то ба дараҷаи унвонҷӯ, саромӯзгор, дотсент ва профессори кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ расида, солҳои зиёде роҳбарии кафедраи методикаи таълими ибтидоиро ба уҳда дошт. Дар ин солҳо (1973-1979) кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ яке аз калонтарин кафедраҳои факултаи педагогика ба ҳисоб рафта, дар ҳайати он 28 устод, 3 аспирант ва 2 лаборант кор мекард.
Мавсуф дар тадқиқи проблемаҳои гуногунҷабҳаи методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ саҳми арзанда дошта, дар ҳамкорӣ бо олимон А. Қозиҷонов, Э. Эшонҷонов, (руҳашон шод бод!), академик М. Лутфуллоев, номзади илмҳои педагогӣ Р. Давлатова ва номзади илмҳои педагогӣ И. Абдуллоев дар таълифи китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ (китоби «Хониш», «Забони модарӣ» барои синфи 2) заҳмати зиёде кашидааст. Фатҳия Икромова бо супориши Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо дотсент А.Эшонҷонов «Китоби хониш» барои синфҳои дуюмро таълиф намуда, сипас «Китоби хониш» барои синфи якуми таҷрибавӣ (эксперименталӣ)-ро ба нашр тайёр кардааст. Китоби дигари дарсӣ барои синфҳои якуми таҷрибавӣ бо номи «Супоришҳои таълимӣ оид ба хониш ва инкишофи нутқ» нашр шуд. Баъд бо ҳамкории Р.Давлатова хрестоматияро доир ба хонишҳои беруназсинфии хонандагони синфи хурди мактабӣ бо номи «Зеби ватани мо» ба нашр омода намуд. Аз соли 1987 то соли 1993 «Китоби хониш» барои синфҳои 2 ва дастурҳои методии ӯ ба ёрии муаллимони синфҳои ибтидоӣ нашр шудан гирифтанд. Китобҳои Фатҳия Икромова, аз қабили «Дарсҳои хониш ва инкишофи нутқ дар синфи як», «Инкишофи нутқи алоқаманд дар синфи якум», «Материалҳои дидактикӣ оид ба таълими савод», «Дарсҳои хониш ва инкишофи нутқ дар синфи ду», «Маводи дидактикӣ оид ба таълими грамматика, имло ва инкишофи нутқ дар синфи як», «Забони модарӣ» барои синфи 2 ва ғайра солҳост, ки китобҳои мавриди ниёзи муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба шумор мераванд.
Профессор Фатҳия Икромова зиёда аз 20 сол узви Шурои илмию методии назди Вазорати маорифи ИҶШС, узви Шурои илмии донишгоҳ, раиси Шурои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии масъалаҳои таълими синфҳои ибтидоӣ буда, дар айни ҳол узви Ассотсиатсияи «Олимаҳои Тоҷикистон» мебошад.
Профессор Фатҳия Икромова дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Тошканд, Душанбе иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Инкишофи нутқ ва тарбияи эстетикӣ», «Инкишофи нутқи шифоҳии хонандагон дар дарсҳои хониш» маърӯзаҳо намудааст.
Мавсуф 70 соли умри бобаракати худро барои рушду беҳбуди маорифи ҷумҳурӣ сарф кардааст.
Хидматҳои профессор Фатҳия Икромова бо Ифтихорномаи ВССПС (1960), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1964), медали «Барои меҳнати шоён» (1965), Ифтихорномаи Вазорати маорифи ИҶШС (1978), Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (1983), унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) қадрдонӣ шудаанд.
Мавлавӣ фармудаанд:
Эзад, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст,
Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накуст.
Ҳам сирати он, ки дӯст дорӣ касро,
Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст.
Муаллимаро, ки имрӯз давлати пирӣ меронад, ба ҷашни 90-солагии зодрӯзашон самимона табрику муборакбод намуда, барояш умри дароз, саодатмандӣ, пирӯзӣ, иқболи баланд орзумандам.
Абдулбоқӣ Нурзода,
профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф