Зайдулло Раҳмонзода аз ҷумлаи омӯзгорони соҳибмаърифат ва соҳибтаҷрибаест, ки дар давоми фаъолияти сисолаи бобаракати омӯзгории хеш ба садҳо нафар саводу одобу ахлоқ, ҳунару истеъдоди воло ва касбияту одамият ёд додааст. Вай имрӯзҳо низ дар авҷи камолоти омӯзгорӣ буда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ба номи ҷанговари башардӯст Ёдгор Давлатови Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб кору фаъолият дорад.
Чунонки мудири маорифи шаҳри Кӯлоб Қадам Ҳакимзода мегӯяд, мавсуф на танҳо дар байни ҳамкорони муассисаи худашон, балки дар байни ҳамаи омӯзгорони шаҳру ноҳия обрӯ ва эътибори баландро соҳиб гардидааст. Махсусан, бо ба соҳаи таълим ворид гардидани компютер, дар соҳаи таълим ҷорӣ гардидан ва омӯзонидани фанни информатика омӯзгор Зубайдулло Раҳмонзода тавонист, ки бо донишу маҳорати ба худаш хос ва заҳмати бисёрсола дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 як зумра хонандагони болаёқатро таълиму тарбия дода, соҳибкасб гардонад, ки на танҳо дар байни хонандагони шаҳру ноҳия, балки вилояту ҷумҳурӣ дар озмуну олимпиадаҳо доир ба омӯзиши компютер донишу малака ва ҳунару истеъдоди баланд нишон диҳанд. Аксари хонандагони ин муассиса, ки фанни компютер ва математикаву физикаро аз омӯзгор Раҳмонзода меомӯзанд, ҳоло дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои дигар таҳсилу фаъолият доранд.
Омӯзгор Раҳмонзода дар ҳақиқат бо меҳру муҳаббати беандозае, ки ба фанҳои дақиқ дорад, ба хонандагон нозукиҳои онро меомӯзонад, аксари хонандагонро дар руҳияи ҳунаромӯзӣ ва меҳру муҳаббат доштан ба Ватани маҳбуб таълим ва тарбия медиҳад. Дар охири ҳар соли таҳсил, вақте ки хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и шаҳри Кӯлоб аз рӯи фанҳои дақиқ – математикаву физика ва технологияи иттилоотӣ ба дилхоҳ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бомуваффақият дохил мегарданд ва ё дар давоми соли таҳсил дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ дар шаҳру ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ ғолиб меоянд, хурсандии омӯзгор афзун мегардад, зеро обрӯю эътибори омӯзгору муассиса дар байни дигар таълимгоҳҳо боз ҳам меафзояд.
Як идда хонандагоне, ки омӯзгор аз фанҳои дақиқ ба онҳо таълим додааст, баъди хатми донишгоҳҳо дар маркази ҷумҳурӣ ва дар Федератсияи Россия ва ИМА кору фаъолият мекунанд.
Алҳол муассиса дорои 1170 хонанда буда, роҳбарии синфхонаи компютериро омӯзгори соҳибтаҷриба Раҳмонзода ба уҳда дорад. Хонандагони синфҳои болоӣ ба ҳар як дарси омӯзгор бо тайёрии пухта меоянд.
— Меҳри касби омӯзгориро – мегӯяд Раҳмонзода, — дар ниҳодам падари бузургворам Иззатулло Раҳмонов, ки омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буданд ва дар ҳамин муассиса кору фаъолият доштанд, бедор карда буданд. Баъд омӯзгорони меҳрубону донишманд Ф. Тӯфонов, Шовалиев, Ҳоҷиев, Ҳ. Шарифов, Р. Назаров ва дигарон дар ташвиқи касб бо рафтору кори намуна ибрати дигар омӯзгорон шуданд.
Маҳз ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки Зубайдулло баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна соли 1986 ба ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, баъди хатми он ба муассисаи таҳсилкардааш ба кор меояд ва инак, беш аз сӣ сол аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас заҳмат мекашад.
Мавсуф дар баробари баланд бардоштани савияи дониши худ, пайваста аз пайи омӯзиш аст ва бо мақолаҳои методӣ ва фаннию илмӣ, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ аз таҷрибаи хеш иттилоъ медиҳад.
Заҳматҳои омӯзгор З. Раҳмонзода соли 2017 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тахассуси олӣ қадр карда шудааст. Вале мукофоти аз ҳама олӣ меҳру муҳаббати ҳамкасбону хонандагон, падару модарон аст, ки ҳар рӯзу ҳар соат ба омӯзгор зоҳир гардида, обрӯ ва эътибори омӯзгорро дар байни ҳамкасбон баланд мебардорад.
З. Раҳмонзода дар оила ва тарбияи фарзандон низ намуна аст. Духтари бузургаш Ҳусноро хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ, писараш Муътабаршоҳ баъди хатми Донишкадаи технологӣ дар Федератсияи Россия кору фаъолият дорад. Писараш Самариддин Донишгоҳи тиббиро хатм карда, дар хидмати мардум аст. Фарзанди хурдияш Суман ҳоло дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бомуваффақият таҳсил дорад.
Сайид Раҳмон,
шаҳри Кӯлоб
