НИҲОЛАКИ МОДАРАМ

Ҳамон рӯзе, ки додаракам Баҳром ба дунё омад, падарам дар саҳни ҳавлиямон ниҳолаке шинонд.
-Ин ёдгорест аз зодрӯзи мубораки додарат, — гуфт ӯ ба ман.
Додаракам рӯз то рӯз калонаку зебояк мешуду ниҳолаки саҳни ҳавлиямон низ қад мекашиду ҷилва мекард. Мо, аҳли хонадон, он қадар ки додаракамонро дӯст медоштем, ҳамон қадар ба ин ниҳолак меҳр варзидем. Ниҳолакро, ки бодом будааст, чун додаракам навозиш менамудем, ба он об медодем, атрофи решаашро нарм мекардем. Худи додаракам низ ба ин ниҳолак меҳре дошт, ба он бо шавқ менигарист. Чун ӯро сари дастамон мегирифтем, бо шохаҳои ниҳолак бозӣ мекард, кӯдакона чизе мегуфт, завқ мебурд. Аз тамошои ин ҳолат, хусусан, модарам гулосо мешукуфт.
Падару модарам ният карда буданд, ки меваи нахустини ниҳолаки бодомро маҳз додаракам бихӯрад. Инро ҳамаамон маъқул донистем. Интизор будем, ки кай ниҳолак ҳосил мебандад. Ниҳоят, имсол бодом нахустин бор ҳосил басту мевааш пухт, аммо афсӯс, ки насиби додаракам нашуд. Ӯ ҳамаи моро дар ғафлату ҳайрат монда, аз бемории ба гумонамон сабуке ногаҳон фавтид. Дарду андуҳи моро ҳадду канор набуд. Хусусан, модарам зор-зор мегирист. Доғи фарзанд қомати модарамро хам кард. Вай моҳҳои аввал пас аз дафни додаракам тамоман аз хона намебаромад, вале яке ба ҳамон ниҳолаки бодом унс гирифт. Акнун ҳамеша дар атрофи ниҳолак парвона буд. Онро мудом бо меҳр навозиш мекард, алафҳои гирду атрофашро меканд, ба бехаш об мерехт. Ҳама корашро то қадри имкон дар суфачаи зери ниҳолаки бодом нишаста иҷро мекард. Падарам таъкид кард, ки ба ин кору рафтори модарам касе дахолат накунад.
-Азобаш зӯр бечорая, — мегуфт ӯ. — Хайрият, ки ҳамин ниҳолак чун ёдгоре аз додаракат ҳаст, вагарна Худо медонад, ҳоли модаратон чӣ мешуд.
Аз ин сухани падарам муддати зиёде нагузашта, ҳама фаҳмидем, ки ҳоли модарамон бе ҳастии ниҳолаки бодом чӣ мешудааст.
Рӯзе ба кадом муносибат чанде аз ҷӯраҳои падарам дар хонаи мо ҷамъ шуданд, дастархон оростанд. Ва чӣ шуд, ки яке аз он меҳмонон аз зери бухории хонаамон зарфаки пуркарасинро гирифта, мастона аз тиреза ба берун партофт. Он рост ба танаи ниҳолаки бодом бархӯрд.
Баъди ин воқеа оҳиста-оҳиста ниҳолаки бодом саропо хушк шуд.
Инро дида модарам якбора тағйир ёфт, беҳолу бемадор, хаёлию дардманд шуд. Рӯз то рӯз аҳволаш вазнин мегашт. Як субҳ наҳваи падарам маро аз хоб бедор кард. Модарам, модари бечораам, модари пурҳасратам фавтида буд…
То ҳол фикр мекунам, ки ба фавти модарам чӣ сабаб шуд: марги додаракам, ё фанои ниҳолаки бодом ва ё бефаросатии ҷӯраи падарам?

Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»