МОДАРНОМА

Дар олами дил ягонаи ман — модар,
Дар сози дилам таронаи ман — модар.
Бо меҳри рухи ҷаҳонфурӯзат, инак,
Пурнур шудастӣ хонаи ман, модар.
***
Эй модари ҷон, фурӯғи ҷонам,
Нурӣ ба чароғи дидагонам.
Доим, ки дуои нек додӣ,
Пурмева шудӣ дарахти ҷонам.
***
Сароғози ҳама оғоз — модар,
Бароям беҳтарин дамсоз — модар
Бисозад мушкили фарзанд осон,
Ягона ҳамдаму дамсоз — модар.
***
Чароғи хонадони мост модар,
Фурӯғи дидагони мост модар.
Аз ӯ сарсабз боғи зиндагонӣ,
Баҳори гулфишони мост модар.
***
Оҳанги пур аз навост модар,
Нури дилу дидаҳост модар.
Дору зи табиби дил наҷӯям,
Бар дарди дилам давост модар.
***
Маро ту муттакоӣ, модари ман,
Ба шеърам муҳтавоӣ, модари ман.
Ҷигарбандат набинад то газанде,
Ба лаб зикри Худоӣ, модари ман.
***
Хуршеди дилу ба ҷон қаринам, модар,
Дарду алами туро набинам, модар!
Гарде, ки ба дидаат нишинад рӯзе,
Бо мижжаи чашми дил бичинам модар.
***
Ду чашми ба раҳ дӯхта дорад модар,
Ҷону ҷигари сӯхта дорад модар.
Роҳгум назанад чу тифлакаш, дар сина
Як машъали афрӯхта дорад модар.
***
Эй модари ҷон, ягона ғамхори манӣ,
Шодии дилу дидаи бедори манӣ.
Ман дӯст туро дораму ту дӯст маро,
Ман зори туям, ту зори дидори манӣ.
***
Эй модари ҷон, ту нури чашмони манӣ,
Бар дарди дилам доруву дармони манӣ.
Эй қуввати дил, зӯру мадорам, модар,
Дар чиллаи дай ғунчаи армони манӣ.
***
Эй модари ҷон, ту дурри ноёби манӣ,
Ман ташнааму чашмаи сероби манӣ.
Дар ҳар қадамат саҷда кунам, меарзад,
Ҳам қиблаву ҳам Каъбаву меҳроби манӣ.
***
Мирам ба ду чашми чори модар,
Раҳпою раҳинтизори модар.
Қурбони бузургию ҷалолаш,
Ман хок шавам ба пои модар.

Бунафша Ғаниева,
омӯзгор