ҲАЙКАЛИ РӮДАКИРО КӢ СОХТААСТ?

Аҷдоди мо аз қадимулайём мардуми зебопараст буданду кӯшиш мекарданд, ки ҳам хонаву манзили зебову мураттаб дошта бошанду ҳам сару либоси зебову муносиб ба бар кунанд. Ба шарофати кашфиёти зиёди археологӣ мо дар даст бисёр осори қадимии маданияти моддӣ дорем, ки дараҷаи рушду равнақи санъати тасвирии ниёгонамонро инъикос менамояд.
Дар ҳаёти мардуми суғднажод санъати тасвирӣ мақоми муҳим дошт. Масалан, дар солномаҳои чинӣ чунин омадааст, ки ҳокими мулки Суғд одатан дар тахти заррине менишаст, ки акси гӯсфандро дошт. Асарҳои устодони санъати ҳайкалтарошӣ на фақат дар худи Осиёи Миёна, балки берун аз он ҳам шуҳрат доштанд. Масалан, дар ибтидои салтанати императори Чин Кхай-Юан аз Самарқанд ба дарбори ӯ инъом фиристоданд, ки дар байни он ҳайкалчаҳои тилоии раққосаҳо ҳам буданд.
Санъати ҳайкалтарошӣ сол ба сол рушд ёфта, нишонаҳои он аз харобаҳои шаҳрҳои қадимии Варахша, Панҷакенти қадим, Дилварзинтеппа, Шаҳристон, Афросиёби Самарқанд, Аҷинатеппа ва ғайра ёфт шуданд. Мардуми мо дар тӯли солҳои дуру дароз ин санъатро ривоҷу равнақ доданд. Ҳунари беҳтарин ҳайкалтарошонро дар шаҳрҳои калонтарин ва марказҳои фарҳангӣ дида метавонем. Ҳайкалтарошӣ низ ҳунар аст ва шахсе, ки ҳунарманд аст, асло хор намешавад. Беҳуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон накарда буданд. Баъди пеш гирифтани ин иқдом дар кишвар тамоми навъҳои ҳунармандӣ рушд ёфт ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳунармандон грантҳо ҷудо намуд.
Чунон ки Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ҳунар ҳам нон медиҳад ва ҳам номи одамро машҳур мекунад.
Яке аз чунин ҳунарманди номӣ ҳайкалтароши машҳури замони Шуравӣ Фуод Абдураҳмонов мебошад. Ҳар як меҳмоне, ки ба пойтахти ватани мо меояд, бо дидани ҳайкали шоир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур қомат афрохтааст, аз муаллифи он пурсон мешавад.
Муаллифи ҳайкали мазкур ҳайкалтароши озарбойҷонӣ Фуод Абдураҳмонов мебошад. Нусхаи ин муҷассама толори қофиласолори илму адаби форсӣ, шоир Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии шаҳри Панҷакент» оро медиҳад, пояи ҳайкали шоир аз санги хоро ва худи ҳайкал биринҷӣ мебошад.
Фуод Абдураҳмонов барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ, Рассоми халқии Иттиҳоди Шуравӣ буда, ҳайкалҳои сохтаи ӯ шаҳрҳои бузурги ҷумҳуриҳои собиқ Шуравиро оро медиҳад.
Фуод Абдураҳмонов соли 1915 дар шаҳри Шукаи Озарбойҷон таваллуд шудааст. Дар тӯли солҳое, ки дар Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошии ба номи И. Репини шаҳри Санкт-Петербург таҳсил мекард, аз асрори санъати ҳайкалтарошӣ ва устодони ин санъат бархурдор гардида буд. Соли 1934 ба муносибати 1000 — солагии Абулқосими Фирдавсӣ муҷассама бо номи «Тирандоз» пешниҳод гардид, ки дар қатори беҳтарин нигораҳои осорхонаи санъати ба номи Рустам Мустафоев дар Озарбайҷон ҷой дорад. Аз соли 1938 Ф. Абдураҳмонов ба офаридани чеҳраҳои шоирону нависандагони машҳур оғоз кард, ки бо ҳамин як пантеони бузургеро дар осорхонаи ба номи Низомии Ганҷавӣ дар Озарбойҷон ташкил намуд.
Дар охири солҳои 30-юм дар эҷодиёти Ф. Абдураҳмонов пешравӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дида мешавад, ки ин вобаста ба ҷашни 800 — солагии шоири бузург Низомии Ганҷавӣ буд. Дар озмун устодони бузурги санъати ҳайкалтарошӣ низ иштирок карда буданд. Аз байни ҳамаи онҳо ҳайкалтароши ҷавон Фуод Абдураҳмонов ғолиб омада буд. Ӯ тавонист ки дар муҷассамаи офаридааш чеҳраи шоирро бо ҳама нозукию нафосат, нишон диҳад. Чорабинии мазкур ҷашни Ҳаким Низомӣ Ганҷавӣ буда, соли 1947 дар шаҳри Ганҷа баргузор гардида буд. Ф. Абдураҳмонов бори дувум муҷассамаи шоирро офарид ва барои ин кораш ӯ ба мукофоти далатии Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардид.
Дар солҳои 50-ум Ф. Абдураҳмонов якчанд чеҳраи бузургро офарид. Муҷассамаҳои офаридаи ӯ на танҳо шаҳрҳои дар Озарбойҷон, балки марказҳои фарҳангии дигар давлатҳоро низ оро медиҳанд. Ҳайкали Х. Чойбалсан дар Уланбатор (с.1954), Ибни Сино (Бухоро 1975) А. Рӯдакӣ ва С. Айнӣ (Душанбе 1964). Соли 1966 барои офаридани ҳайкали Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, барои хидмат ва эҷодкориҳои назаррас Фуод Абдураҳмонов бо медали тиллои Академияи рассомонии Иттиҳоди Шуравӣ қадрдонӣ карда шуд. Бояд гуфт, ки Ф. Абдураҳмонов ба қатори устодони бузурги санъат на танҳо дар Озарбойҷон, балки дар тамоми собиқ Шуравӣ шинохта шудааст. Дар эҷодиёти ӯ мо тамоми аломатҳои ҳайкалтароширо мебинем, ки фарқи кори ӯро аз дигар муаллифон нишон медиҳад. Хидматҳои бузурги ӯ буд, ки номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи санъати тасвирӣ ва бадеӣ ҷовид монд. Ф. Абдураҳмонов асосгузори саъати ҳайкалтарошӣ дар Озарбайҷон мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ марказҳои фарҳангии кишварамонро ҳайкалҳои абармардон ва қахрамонони тоҷик оро доданд. Дар пойтахти кишвар ҳайкалҳои шоиру нависандагон, абармардони тоҷик, дар шаҳри Панҷакент ҳайкалҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Деваштич, Исмоили Сомонӣ қомат афрохтаанд, ки ба ҳусни шаҳр зебоии дучанд мебахшанд ва ин аз рушди санъати ҳайкалтарошӣ дар ҷумҳуриямон гувоҳӣ медиҳад.

Фирӯза Руҳулова,
мудири фонди Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ