ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №364, аз 5 августи соли 1993 таъсис дода шудааст. Донишгоҳ фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмии худро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар асоси Иҷозатнома аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи Аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Донишгоҳ дорои 7 факултет — ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, молия, бизнес ва идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва андоз, инноватсия ва телекоммуникатсия, факултети муштарак бо Донишкадаи молиявии Тошканд ва 29 кафедра буда, мутахассисонро аз рӯи 43 ихтисос дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ, информатика, системаҳои автоматикунонидашуда, веб-дизайн ва графикаи компютерӣ омода менамояд.
Теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳ 7207 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 4140 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 3067 нафар дар шуъбаи фосилавӣ, аз ҷумла, 624 нафар донишҷӯи хориҷӣ, 116 нафар дар шуъбаи магистратура ва 7 нафар дар зинаи докторантура таҳсил доранд. Дар донишгоҳ машғулиятҳо дар 60 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 11 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитойӣ баргузор мешаванд.
Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 341 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 21 нафар доктори илм, профессор, 150 нафар номзади илм, дотсент ҷалб гардидаанд. Дар маҷмуъ, аз теъдоди умумии устодон 50,1% дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.
Дар донишгоҳ ба таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажуҳишҳои илмӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Донишгоҳ бо адабиёту китобҳои дарсӣ, дастури таълимию методӣ ва воситаҳои техникии муосири таълим таъмин аст. Айни замон барои пешбурди раванди таълим 1339 адад компютер, 95 адад ноутбук, 212 адад принтер, 160 адад УПС, 12 адад сканер, 193 адад проектор, 61 адад тахтаи электронӣ ва 201 адад камераи назоратӣ, 39 адад телевизор, 156 адад тахтаи синфӣ, 2984 адад курсӣ, 1867 адад миз мавриди истифода қарор доранд.
Донишгоҳ дорои маҷмааи варзишии замонавӣ (иборат аз ду ошёна, бо 400 ҷойи нишаст) бо фарогирии толор барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, толори варзиши сабук, толор барои бозии шоҳмот ва тенниси рӯи миз мебошад, ки ин ҳама барои боз ҳам беҳтар намудани машқу тамрини донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамоянд. Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои 53 ҳазору 334 адад адабиёт мебошад. Китобхонаи электронии донишгоҳ беш аз 130 ҳазор маводи илмиву таълимӣ-методӣ, бадеӣ ва дастурӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст.
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани донишҳои назарии донишҷӯён шартномаҳои ҳамкории донишгоҳ бо 151 муассиса, аз қабили мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва дигар субъектҳои хоҷагӣ ба имзо расонида шудааст ва дар ин замина ҳамасола донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар муассисаҳои мазкур ба роҳ мемонанд.
Имрӯз донишгоҳ узви фаъоли Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Лигаи донишгоҳҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ба ҳисоб рафта, бо 84 муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус + ва дигар барномаҳои грантӣ ҳамкориҳоро дар самти табодули устодони варзида, ҷалби магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ба роҳ мондааст.
Дар доираи бурсияи ҷудогардидаи магистратураи ДСҲШ 2 нафар магистрант дар соли таҳсили 2021-2022 ба магистратураи Донишгоҳи Нархоз фиристода шуданд. Ҳамзамон, 3 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи забоншиносии Нижний Новгороди Федератсияи Россия Арина Краюшкина, Валерия Вадимовна ва Валерия Пушкарева ба ҳайси таҷрибаомӯзон дар донишгоҳ фаъолият намуданд.
Танҳо дар соли 2022 бо истифода аз имконоти муосири таълим дар донишгоҳ аввалин табодули лексияҳои устодон бо тариқи онлайн бо устодони донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дар ин давра устодони донишгоҳамон барои донишҷӯёни донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 9 лексия хонданд ва донишҷӯёни донишгоҳ дар 7 лексияи устодон — иқтисодшиносони Россия иштирок намуданд.
Донишҷӯёни эҳтиёҷманд, аз ҷумла, ятимони кул аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо ёрии яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин, донишҷӯёни мазкур имкон доранд тариқи ройгон аз ошхонаи донишгоҳ хӯрок истеъмол намоянд.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ ва дастгирии ҷавонон танҳо дар соли 2022 ба ғолибони озмунҳои “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», “Расми беҳтарин”, “Ояндаи ҷомеа дар дасти туст”, “Донишҷӯ ва пешрафти илмиву техникӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ”, 27885 сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 нафар, стипендияи раиси вилояти Суғд 25 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд 4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ 78 нафар донишҷӯро ташкил медиҳад.
Давоми соли 2022 дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯён Шамсия Мадалиева ва Шабнам Фатҳуллозода ғолибият ба даст оварда, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 4 нафар донишҷӯи донишгоҳ сазовори ҷойҳои дуюм, сеюм ва 2 нафар донишҷӯ дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, дар даври ҷумҳуриявӣ донишҷӯ Абдуҳафиз Шамсиев сазовори Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардид. Дар Озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд-2022” Далер Қосимов — мудири озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022» донишҷӯён Парвина Дадобоева ва Моҳпарӣ Дарвешова сазовори дипломи дараҷаи 1-ум, Холидаи Ниёздухт сазовори дипломи дараҷаи 2-юм, Аҳмадҷон Абдуғаффоров ва Нуъмон Масаидов сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ донишҷён Аминҷон Ахмедов аз фанни графики компютерӣ сазовори ҷойи якум, Шукрона Дадобоева аз фанни информатика, Озодҷон Каримов аз фанни асосҳои назариявии информатикӣ, Ризвон Имомов аз фанни асосҳои алгоритми барномасозӣ, Гулноза Ҳасанова аз фанни информатика, Юлдуз Самадзода аз фанни системаҳои оператсионӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” донишҷӯ Меҳрдод Абдураҳмонзода аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи 2-юм ва Темурмалик Худойбердиев аз фанни назарияи иқтисодӣ созори ҷойи 3-юм гардиданд.
Ҳамзамон, дар соли 2022 донишҷӯёни мо — Абдумалик Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба вазнбардорӣ сазовори ҷойи якум, Нодира Шаропова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг сазовори ҷойи аввал, Шаҳбоз Ҳаитов дар чемпионати ҷаҳон ва Осиё аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи дуюм, Нигина Ботурова дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиши сабук сазовори ҷойи якум, Довуд Маҳкамов дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи сеюм, Тоштемир Назаров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди ушу сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки зимни таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ 15 ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар бинои мазкур шароити мусоид барои баргузории машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, барои донишҷӯёни риштаи молияву бонкдорӣ дарсҳои таҷрибаомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ усулҳои муосири омӯзиши забонҳои англисӣ, хитоӣ, олмонӣ ва арабӣ, барои ба роҳ мондани корҳои амалӣ бо истифода аз воситаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа лабораторияи криминалистӣ, сабти барномаҳои донишгоҳӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дошта, ҳамзамон, раёсати донишгоҳ сохтмони хобгоҳи замонавиро барои донишҷӯён ба нақша гирифтааст.
Дар умум, ДДҲБСТ дар тӯли 30 соли фаъолияташ зиёда аз 18 ҳазор нафар мутахассиси соҳибтахассус ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори корро омода намудааст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он ба ҳайси роҳбарону мутахассисон дар тамоми вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони муваффақ фаъолияти босамар доранд.