Шумораи навбатии нашрияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ – «Омӯзгор» (№9, аз 2 марти соли 2023) аз чоп баромад. Дар саҳифаи аввали он суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи Ватан ва осоиштагии мардум вазифаи ифтихорист» ба табъ расидааст. Саҳифаи 3-и ҳафтанома чун анъана силсилаахбореро дар бар гирифтааст, ки ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм марбутанд. Саҳифа, инчунин, чанд иттилои навинро аз Бадахшон инъикос намудааст. Бахши аъзами хабарҳо ба тантанаҳои ҷашнӣ (таҷлили рӯзи Артиши миллӣ) бахшида шудааст. Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2023, № 175 «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва замимаҳо ба фармоиши мазкур, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 4-8 ва 10-11-ро дар бар мегирад, дар саҳифаҳои 4-5 ҷой дода шудаанд. Дар саҳифаи 5, ҳамчунин, Муроҷиатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падару модарон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷой гирифтааст.
Саҳифаҳои 6-7 ба масоилу мавзуоти мактабу мактабшиносӣ ва маънавият бахшида шудаву як силсила мақолаҳои ҷолибу пурмуҳтаворо, аз қабили «Омӯзгор бояд ҷӯянда бошад» (муаллиф Саёҳат Ҳамидова, омӯзгори гимназияи №4, шаҳри Душанбе), «Омӯзиши пайваста самаровар аст» (Ҳадя Ҳалимова, корманди ДҶТИБКСМ), “Тоҷикон”-сарчашмаи боэътимоди омӯзиш» (Ҳабибулло Авезов, директори МТУА №111, ноҳияи Рӯдакӣ), «Ҳайкали Рӯдакиро кӣ сохтааст?» (Фирӯза Руҳулова, шаҳри Панҷакент) фаро гирифтааст. Дар саҳифаи 6 ба алоқамандони адабиёт андешаҳои адиб ва файласуфи Фаронса Андре Моруа дар тарҷумаи нависанда Шодӣ Раҷабзод ҷой дода шудааст, ки намунаи беҳтарин афкори тарбиявию ахлоқист. Саҳифаи 8-и ҳафтаномаро мақолаҳои марбут ба мавзуъҳои ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ зеб додааст, ки навиштаи узви ИЖТ Ҷаҳонгир Махкамов – «Ватанам манбаи илҳоми ман аст» аз ин қабил маҳсуб меёбад. Дар саҳифаи 9 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардидааст. Масоили тарбияи хештаншиносӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамвора дар мадди назари кормандони нашрия қарор дорад, ки мақолаи хуби нависанда Абдурауф Муродӣ – «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад» маҳз ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст.
Саҳифаи 11-и нашрияро матлаби профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён бо номи «Дар ҷавоб ба дастгириҳои ҳукумат фаъолтар бошем!» зеб додааст. Масъалаҳои методика ва тарзу шеваҳои таълим, кору пайкори олимону устодон ва сифатҳои неки омӯзгорони шаҳру навоҳӣ дар навиштаҳои «Забономӯзӣ осон мешавад, агар…», «Неруи зеҳнӣ ва дунёи имрӯза», «Одами тиллоӣ», «Фаъолияти судманди устод» ва чанди дигар дар саҳифаҳои 12-13 инъикоси худро ёфтааст. Дар саҳифаҳои 14-15 мақолаҳои омӯзандае, аз қабили «Бача ором намешинад, чӣ бояд кард?»-и омӯзгори мактаби №6-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Холмурод Ғиёспур, «Илм дар бораи ҳаёт»-и Фараҳноз Гулмирзоева, омӯзгор аз ноҳияи Айнӣ, «Вусъати фаъолияти пажуҳишгоҳ»-и корманди ПРМ АТТ Иззатулло Давлатшоев ҷой дода шудаанд.
Ва ниҳоят, саҳифаи 16 эълони озмунҳои роҳандозинамудаи нашрияи «Омӯзгор»-ро таҳти унвонҳои «Тоҷикистон-сарзамини пиряхҳо», «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа», «Тоҷикистон диданист» ва «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба» фаро гирифтааст. Дар умум, шумораи тозаи нашрия ҷаззобу хонданбоб буда, бо матолиби гуногуну пурмуҳтаво таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунад.
Навбатдори шумора:
Шодӣ Раҷабзод