ОДАМИ ТИЛЛОӢ

Соли 2016 вақте ки банда ба риштаи унвонҷӯии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дохил шудам, зарурати интихоби роҳбари илмӣ ба миён омад ва барои ин аз дӯстон маслиҳат пурсидам. Аз гуфтаҳои дӯстон дарёфтам, ки устод бояд касе бошад донишманд, хушахлоқ ва дорои сифоти шоистаи роҳбариву инсонӣ.
Барои пайдо кардани ин гуна устод ҷустуҷӯи зиёд кардаму дар охир тақдир маро ба назди устод Аламхон Кӯчарзода бурд. Мувофиқи ваъда ману устод бояд дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вомехӯрдем.
…Пас аз салому алайк ва баёни мақсад устод Кӯчарзода дар аввал аз мушкилоти роҳи илму дониш, таҳқиқу пажуҳиш сухан карданд ва гуфтанд, ки агар азмат қавист, ворид шудан ба он кори олист, вагарна худатро беҳуда ташвиш надеҳ. Ман ҷиддӣ будани мақсадамро баён кардам. Сипас, сари қавлу қарор омадем, ки минбаъд ман шогирдаму устод Аламхон Кӯчарзода роҳбари илмӣ.
Пас аз расидан ба тавофуқ бо устод Кӯчарзода ба корхона баргаштам ва яке аз ҳамкоронам, ки худ аспирант буд, аз ман пурсид, ки чӣ кор кардӣ, роҳбар ёфтӣ? Гуфтам: Як нафарро ёфтам, аммо ростӣ, намедонам чӣ гуна одам бошад, номаш Аламхон Кӯчаров. Ҳамкорам бо хушнудӣ ҷавоб дод: “Дӯстам, бахт ба рӯят хандид, устод Аламхон Кӯчаров одами тиллоӣ ҳастанд. Ман он касро хуб мешиносам”. Пас аз шунидани ин суханҳо ҳисси хушнудӣ маро фаро гирифт ва зуд ба падарам, ки пайваста мепурсиданд “устод ёфтӣ ё не?”, занг задаму иттилоъ додам. Падарам ҳам дар ҷавоб гуфтанд, ки: “Писарам, иқболат баландӣ кард, Аламхон Кӯчаровро ман хуб мешиносам, он кас одами тиллоӣ ҳастанд. Солҳое, ки ман дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил мекардам, дар он донишгоҳ дарс медоданд. Агарчи маро дарс надодаанд, аммо ман он касро хуб медонам”. Ростӣ, ҳамин ибораи “одами тиллоӣ”-ро дар сифати устод Аламхон Кӯчарзода борҳову борҳо аз забони афроди зиёд шунидам.
Ҳамин тавр, давоми чанд соле, ки бо роҳнамоиҳои устод Кӯчарзода рӯйи мавзуи “Хусусиятҳои мазмуниву шак-лии шеъри тоҷик дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон” таҳқиқоти илмӣ анҷом додаму бо муваффақият рисолаамро дифоъ намудам, бо тамоми ҳастиям дарк кардам, ки дар воқеъ, устод Аламхон Кӯчарзода одами тиллоӣ ҳастанд.
Устод донишманди хуби риштаҳои матншиносӣ, нақди адабӣ, пажуҳишгари хуби шеъри муосир ва дар умум як адабиётшиноси муваффақи замони мо мебошанд. Инчунин, ахлоқу одоб, рафтору гуфтор ва хислатҳои неки башардӯстонаашон ҷойгоҳи эшонро дар миёни дӯстону ҳамкорон, шогирдон ва умуман, аҳли ҷомеа боло бурдааст.
Ҳар касе, ки дар мавриди устод Кӯчарзода сухан гуфтан хоҳад, ҳатман аз ахлоқи наҷиб ва инсонияти ӯ суханро оғоз мекунад, ки ин мартабаи баланди инсонӣ ба ҳар кас муяссар намешавад. Устодро илму ахлоқ тавъам аст ва омезиши ин ду унсури муҳими ҳаётист, ки эшонро муътабару соҳибэҳтиром гардонидааст.
Аламхон Кӯчарзода ҳамчун донишманд, адабиётшинос, матншинос, мунаққиди адабӣ ва ҳамчун шоир (баъзан шеър ҳам мегӯянд) пайи хидмат ба халқу миллат заҳматҳои зиёд кашидаанд.
Устод илми матншиносиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун фанни мустақил вориди барномаи таълимӣ намуда, барои рушди ин бахши адабиётшиносӣ бо нашри китобу мақолаҳо, таҳқиқоти осори адибони алоҳида ва ба воя расонидани шогирдон хидматҳои бузург анҷом додаанд.
Мунаққидӣ ё худ ба таҳлилу баррасӣ гирифтани осори шоирону нависандагон кори саҳл нест, зеро содиқонаву софдилона ва воқеъбинона баҳо додани заҳматҳои як адиб, пеш аз ҳама, дониши кофӣ ва дили пок тақозо менамояд, ки устод Кӯчарзода Аламхон ҳар дуро дороянд.
Пажуҳишҳои устод оид ба осори устод Садриддин Айнӣ, ашъор ва эҷодиёти адибони наслҳои бузургсолу ҷавон ва таҳлили илмии матни осори адибони муосири тоҷик арзиши баланди илмӣ — адабӣ доранд ва барои кушодани гиреҳҳои сарбастаи таҳқиқи илмӣ, барои муҳаққиқони дигар, аз ҷумла, олимони ҷавон, сарчашмаҳои муҳим ва боъэтимоди илмӣ ба ҳисоб мераванд.
Таълифоти устод Аламхон Кӯчарзода дар бахшҳои мухталифи адабиётшиносии муосири тоҷик ба бештар аз 500 адад мерасанд ва устодро бо бовари том метавонем донишманди соҳибмактаб унвон намоем.
Устод Аламхон Кӯчарзода ҳоло дар авҷи кору эҷоданд ва мақсаду ниятҳои бузург доранд. Саодати ҳамешагӣ ва дасти болову рӯзгори ободи ин марди фидоии илму маърифат ормони шогирдон аст.

Ҳадиятуллоҳи Амриддин,
номзади илмҳои филологӣ