БАЧА ОРОМ НАМЕШИНАД, ЧӢ БОЯД КАРД?

Оид ба тарбияи насли наврас олимону педагогҳои машҳури олам суханҳои писандидаи зиёде гуфтаву роҳҳои ҷолибро ба мо пешниҳод намудаанд, ки арзиши хеле баланд доранд. Вале мутаассифона, на ҳама омӯзгорон аз онҳо дуруст истифода мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам дар самти тарбия мушкил вуҷуд дораду омӯзгорони камтаҷриба сари ҳар қадам ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Азбаски пешаи омӯзгорӣ дораму ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастам, хостам, андешаҳоямро оид ба ин мавзуъ баён намоям.
Ба касе пӯшида нест, ки касби омӯзгорӣ басо мушкилу заҳматталаб ва дар навбати худ ифтихоровару муқаддас аст, зеро ба зиммаи омӯзгор бунёди ояндаи насли созандаву бунёдкор вогузор шудааст. Фардои дурахшони наврасон ба он вобастагӣ дорад, ки омӯзгорон дар баробари волидону аҳли ҷомеа нисбат ба тақдири ояндаи онҳо чӣ масъулият доранд. Мавзуи тарбия басо доманадору мураккаб аст. Мақсади мо аз нигоштани ин сатрҳо оид ба тарбияи бачаҳои беқарор ё чӣ тавре ки мегӯянд, бачаҳои «шӯх» мебошад.
Тӯли фаъолияти омӯзгорӣ ба шогирдоне дарс додаам, ки аз ҷиҳати дарку фаҳм ва хислату характер аз ҳам ба таври куллӣ тафовут доштанд. Мусаллам аст, ки ҳама бачаҳо хислати яксон надоранд, ба қавле «панҷ ангушт баробар нест». Кӯдаконе ҳастанд, ки фаъолу боҳуш ва хушахлоқу ботамкинанд. Суханони устодону волидон ва атрофиёнашонро хуб дарк мекунанд, супоришҳои ба зимма доштаашонро сари вақт ва босифат анҷом медиҳанд. Дар хонаву мактаб ва кӯча боодобу намунаанд. Вале боз кӯдаконе вомехӯранд, ки баръакс, хислатҳое, аз қабили моҷароҷӯӣ, шӯхтабиатӣ, беқарорӣ, асабонияту тундхӯӣ доранд.
Маълум аст, ки дар олам касе ба касе на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳам айнан монанд буда наметавонад. Душвории таълиму тарбияи шогирдон дар ҳамин аст, ки ҳар яке аз онҳо хислату характер ва дарку фаҳми гуногун доранд. Аз ин рӯ, танҳо устоде дар тарбияи шогирдон муваффақ мегардад, ки соҳибтаҷриба бошад, аз илмҳои педагогика, равоншиносӣ ва физиологияи синнусолӣ хуб огаҳӣ дошта бошад ва ҳангоми фаъолияти корӣ аз ин донишҳо дуруст истифода барад. Устоди таҷрибадор медонад, ки системаи асаби баъзе кӯдакон нисбат ба ҳамсолонаш дертар инкишоф меёбад. Бино бар ин, бо чунин кӯдакон эҳтиёткорона муносибат карда, бо суханҳои хуб онҳоро ба иҷрои дурусти корҳо ҳидоят намудан лозим аст. Охир, кӯдак ҳам дар ҷамъият зиндагӣ карда, мебинаду мешунавад, фикр мекунад ва аз мушоҳидаҳояш мувофиқи фаҳми худ ва дар асоси таҷрибаҳои ҳосилнамудааш хулоса мебарорад. Агар калонсолеро бинад, ки хурдсолеро таҳқир мекунад, мезанад ё дашном медиҳад, ба ӯ тақлид карда, ин амалро иҷро мекунад ва гумон мекунад, ки дуруст аст, зеро ҳар як амал аз тақлид сар мешаваду оҳиста — оҳиста ба дарки дурусти он боис мешавад.
Набояд фаромӯш кард, ки наврас ҳанӯз комилан инкишоф наёфтааст. Бинобар ин, мо бояд ба кӯдак фишор наорем, бо таваҷҷуҳ ба дараҷаи фаҳму даркаш ба вай муносибат намоем. Вагарна, вай озурда мегардаду худро як шахси дар ҷомеа нодаркор гумон карда, дилсард мегардад. Бояд ба назар гирифт, ки кӯдак на танҳо аз оила ва мактаб, балки аз ҷомеа низ меомӯзад. Пас, агар муҳит солим бошаду ҷомеа бофарҳангу бомаданият, дар ташаккули шахсияти кӯдак таъсири мусбат мерасонад.
Аз таҷриба ва мушоҳидаҳоям медонам, ки нисбат ба духтарон писарони шӯху беқарор дар байни хонандагон бештаранд. Ҳарчанд ба чунин хонанда устодон ҳангоми тадрис «Ором шин!», «Гап назан!», «Рост шин!», «Халал нарасон!», «Шӯхӣ накун!», «Нарас!», «Гӯш кун!» гӯянд ҳам, фурсате нагузашта, боз ҳамон амалу рафторашро дубора такрор мекунад. Духтарони хурдсоле низ вомехӯранд, ки худро идора карда наметавонанд, шӯхию бозии ноҷо ва ё беқарорӣ мекунанд.
Вақте кӯдак бо ҳамсинфи худ хархаша ва ё занозанӣ кунад, набояд ба зуд хулосаи манфӣ барорему ӯро гунаҳкор дониста, сарзаниш кунем. Баръакс, бояд муайян намоем, ки сабаби ба ҳамсинф даст бардоштан ё дашном доданаш, умуман рафтори ношоистааш дар чист? Кадом омилҳо боис гардидаанд, ки ӯ ба ҳамсоли худ рафтори дағалона намояд? Вале имрӯз ҳам ёфт мешаванд омӯзгороне, ки хусусиятҳои психологӣ, синнусолӣ ва физиологии бачаҳоро ба назар намегиранд, мехоҳанд бо усули «яккаҳукмронӣ» амал карда, сухани худ ва ё хостаи худро ба сари кӯдакон бор кунанд. Бисёр мушоҳида кардаам, ки бархе аз волидон низ ба ҷои он ки бо нармӣ хатои кӯдакро фаҳмонанд, ӯро дашному таҳкир мекунанд, носазо мегӯянд, ҳатто латукӯб мекунанд. Ва чунин муносибати дурушти калонсолон ба ин гуна кӯдак таъсири бад расонида, метавонад, ӯро ба ҳадди кӯдаки душвортарбия расонад.
Омӯзгор дар тарбияи маданӣ ва ташаккули сифатҳои ахлоқии наврасон метавонад бо рафтори худ таъсири хуб гузорад. Агар дар муоширату рафтор ва фаъолияти корӣ омӯзгор маҳорати нигоҳ доштани тартибу низом ва маданияти баландро доро бошад, бешак, шогирд ӯро эҳтиром мекунад ва чун идеали худ дар зиндагӣ қабул мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд чи дар вақти дарс ва чи берун аз он, хушгуфтору ботамкин, мушфиқу ғамхор ва дар навбати худ сахтгиру меҳрубон бошад. Кӯшиш намояд, ки ба эҳтиёҷоти наврас сарфаҳм рафта, онро ҳал кунад. Ин амал руҳафтодагиро аз наврас дур сохта, боиси хушҳолияш мегардаду ба вай эътимоду неру мебахшад, зеро кӯдак ба устоди хушҳолу зиндадил, ҳамдаму ғамхор ниёз дорад.
Хулоса, омӯзгоре, ки аз маҳорати педагогӣ, маданияти шахсӣ ва усулҳои пешрафтаи таълиму тарбия ва таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти худ истифода мебарад, ҳамеша комёбу муваффақ мегардад.

Холмурод ҒИЁСПУР,
омӯзгори мактаби №6,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин