Ҷумҳурии мо дорои кӯҳу дараҳо, кӯлу баҳрҳо, ҷангалзорҳо ва сарватҳои дигар мебошад. Вале ин захираҳои фаровони табиат на ҳама вақт оқилона истифода мешаванд. Баъзан ҷангалзорҳоро худсарона мебуранд, оби дарёҳову ҳаворо олуда мекунанд.
Масъалаи муҳофизати муҳити зист серпаҳлу буда, моҳияти асосияш муҳофизати саломатии инсон ва ҳифзи бошууронаи табиату сарватҳои он мебошад. Ҳангоме ки дарахтон дар миқёси калон бурида мешаванд, равандҳои табиие ба мисли фотосинтез, аз оксиген ғанӣ шудани ҳаво халал меёбанд. Дарахтон ва рустаниҳо ҳаворо тоза карда, гарду ғуборро нигоҳ медоранд.
Ҳифз намудани муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар замони муосир бе тартиби муайян ғайримумкин аст. Муҳофизати муҳити зист, назорат ва идоракунии истифодаи сарватҳои табиӣ дар ҷумҳурии мо ба низом омада истодааст. Ҳамаи ин тадбирҳо на танҳо барои беҳтар кардани тарбияи экологии одамон кумак мерасонанд, балки дар оянда барои ҳалли проблемаҳои экологӣ замина мегузоранд.
Асомуддин МУСОЕВ,
омӯзгори химияи мактаби №38,
шаҳри Ваҳдат
