ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЖУҲИШГОҲ

Таърихи омодагиҳо ба ташкил намудани Институти давлатии таҳқиқоти илмии педагогӣ (кунун Пажуҳишгоҳи рушди маориф) ба рӯзи 21 августи соли 1930, ки қарори Шурои Комиссариати халқи РСС Тоҷикистон қабул карда буд, марбут аст.
Моҳи феврали соли 1931 дар съезди Совети РСС Тоҷикистон маърузаи раиси Комиссариати маорифи халқ Нисор Муҳаммадов дар бораи «Гузаронидани таълими умумии ибтидоӣ ва масъалаҳои навбатии маорифи халқ» шунида шуд. Гуфта шуд, ки фаъолияти институт ҳаматарафа беҳтар карда шуд ва дар бораи бо кадрҳои илмӣ таъмин намудани он чораҳои таъҷилӣ андешида шаванд. Минбаъд дар соли 1933 Шурои Комиссариати халқи маорифи РСС Тоҷикистон қабули қарорро дар хусуси ташкили кафедраи педагогика дар назди институт, тибқи ташкили корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ба тасвиб расонд.
Моҳи июли соли 1934 бо тасдиқи Шурои Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон Низомнома дар бораи Институти таҳқиқотии илмии педагогика ҷорӣ карда шуд. Он солҳо дар назди кафедраи педагогикаи институт корҳои илмӣ — таҳқиқотии олимону омӯзгорон, ноширону рӯзно-манигорон ва масъалаҳои мубрами ташкили маориф дар Тоҷикистон ба таври васеъ баррасӣ карда мешуд. Ба инкишофи корҳои илмию таҳқиқотии соҳаҳои педагогика ва психологияи тоҷик як катор маҷмуаҳои махсуси илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои дар давраҳои гуногун интишоргардидаи «Раҳбари дониш», «Дониш ва омӯзгор», «Мактаби советӣ», «Газетаи муаллимон», «Минбари маориф ва маданият», «Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ» ва ғайраҳо мусоидат мекарданд.
Бо қарори Кумитаи Марказии ВКП(б) аз 4 июни соли 1936 дар ҳайати панҷ зерсохтори асосӣ шуъбаҳои педагогика, психология, шуъбаҳои барномасозию методӣ, политехникӣ ва кабинети педологӣ (бартараф намудани нуқсонҳои педагогӣ) таъсис дода шуданд.
29 майи соли 1939 Институти таҳқиқотии илмии педагогика ба Институти таҳқиқоти илмии мактаб табдили ном кард, ки дар низомномаи он ба низоми ягона даровардани таълиму тарбияи насли наврас, бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи кори мактабҳо ва омӯзгорони пешқадам пешниҳод карда шуд.
Институт то соли 1958 бо номҳои гуногун, аз ҷумла, Институти давлатии илмию таҳқиқотии маорифи халқи РСС Тоҷикистон, Институти илмию таҳқиқотии педагогика, Институти илмию таҳқиқотии мактаб ва такмили ихтисоси муаллимон амал мекард. Танҳо соли 1958 ин муассиса Институти илмию таҳқиқотии илмҳои педагогии Точикистон номида шуд. Соли 1989 институт аввал Пажуҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон ва баъд Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон номгузорӣ шуда-аст. Қатъи назар аз тағйири ном, пажуҳишгоҳ дар давоми 90 сол вазифаҳоеро анҷом додааст, ки ба омӯзиш ва густариши таҷрибаи пешқадам, таҳқиқу таҳлили масъалаҳои тарбия ва таълими мактабиён, тарбияи иҷтимоӣ, такмили мазмуни таҳсилот, татбиқи натиҷаҳои илм дар истеҳсолот, пешгирии қонуншикании нав-расону ҷавонон, омодасозии кӯдакон ба мактаб ва ғайраҳо алоқаманданд.
Пажуҳишгоҳ неруи бузурги илмӣ дар ихтиёр дорад, ки ҳамеша маркази эҷоду тафаккури олимону мутахассисони зиёди риштаи омӯзишу парвариш ва манбаи тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ мебошад.
Миёнаи солҳои 80-ум шуъбаи педагогика ба унвони шуъбаи таърих ва назарияи педагогика табдил дода шуда, проблемаҳои рӯзмарраи педагогикаи муосир аз давраи қадим то кунунро ба таври васеъ дар бар мегирифт. Дере нагузашта, аз охири солҳои 90-ум Пажуҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ба таълими ҳамгиро (муштарак) ва тафриқа рӯ овард. Дар ин самт зери сарпарастии мутахассисони касбӣ, амсоли М. Лутфуллоев, У. Зубайдов ва Ф. Шарифов асосҳои таълиму тарбияи хонандагон дар тамоюли таълими ҳамгиро ва тафриқа саҳмгузорӣ мекарданд ва барои татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф шуъбаи педагогикаро маркази асосии танзими раванди илми педагогикаи муосир қарор доданд, ки онро шуъбаи пешбар меномиданд ва ҳамчун намуна ҳамаи супоришҳо ва дархостҳои фармоишӣ аз шуъбаи таърих ва назарияи педагогика оғоз мегардиданд.
Минбаъд аз соли 2000 сар карда, шуъба бо вуҷуди буҳрони шадиди иқтисодӣ зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Х. Раҳимзода мутахассисони болаёқати илмиро дар шуъбаи таърих ва назарияи педагогика муттаҳид намуда, дар ҳайати 4 сектор – синфҳои ибтидоӣ, мактаби олӣ, мактабҳои шакли нав ва рушди мактабҳои муосирро таҳким бахшиданд. Оғози асри ХХ1 пажуҳишгоҳ ба Пажуҳишгоҳи рушди маориф тағйири ном кард ва ба проблемаҳои иҷтимоӣ — иқтисодии даврони гардиши қатъии бозаргонӣ рӯ ба рӯ гардид ва барои ҳайати кории шуъбаи навташкили масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва робита бо оила ва ҷомеа падидаҳои нав ба нави илмию амалии тадқиқотиро вобаста ба талаботи соҳаи маориф ба пеш гузошт. Акнун бо ҷорӣ шудани Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар шуъба имкон фароҳам омад, ки пажуҳишгарон Қ. Қодиров ва М. Яҳёев бо муваффақият рисолаҳои докторияшонро перомуни проблемаҳои педагогикаи ниёгон ва тарбияи ахлоқии ҷавонон дар шароити кунунӣ дифоъ намоянд.
Шуруъ аз соли 2005 вобаста ба тағйироти куллии низоми нави зерсохторҳои пажуҳишгоҳ фаъолияти таҳқиқотии ходи-мони илмии шуъба дар самтҳои ташкили фаъолияти созмонҳои талабагӣ ба номи Исмоили Сомонӣ, тарбияи маънавӣ ва ташаккули шахсияти хонандагон, худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии онҳо равона карда шудаанд.
Солҳои 2010-2013 ходимони илмии шуъба уҳдадор шуданд, ки то рӯзҳои истиқболи ҷашни 80-солагии Пажуҳишгоҳи илм-ҳои педагогӣ нақшаҳои илмии ба зимма гирифтаашонро иҷро намуда, баҳри татбиқи Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи гузариш ба маълумоти миёнаи умумӣ (12-сола), танзими нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Иззатулло Давлатшоев,
ходими калони илмии шуъбаи педагогика ва психологияи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ, номзади илмҳои педагогӣ