Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза (ташхис ва баҳодиҳӣ) ва нашри адабиёти таълимӣ», Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба баргузории экспертизаи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, маводи дигари таълим барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф миёни олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорон оид ба таълифи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои зерин озмун эълон мекунад:
1. Китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11;
2. Барномаи таълим ва китобҳои дарсии фанни геометрия барои синфҳои 7-11;
3. Барномаи таълим ва китобҳои дарсии фанни санъати тасвирӣ барои синфҳои 5-7;
4. Барномаи таълим ва китобҳои дарсии фанни таърихи халқи тоҷик барои синфҳои 5-11;
5. Китобҳои дарсии фанни физика барои синфҳои 7-11;
6. Китоби дарсии фанни забони тоҷикӣ барои синфи 11;
7. Китоби дарсии фанни суруд ва мусиқӣ барои синфи 6.
Мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба баргузории экспертиза (ташхис ва баҳодиҳӣ)-и китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва маводди дигари таълим барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф ҷавобгӯ бошанд.
Номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:
— маълумот дар бораи иштирокчии озмун (насаб, ном ва номи падар);
— дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад);
— номи муассисае, ки дар он иштирокчии озмун кору фаъолият менамояд;
— вазифаи ишғолнамуда;
— собиқаи корӣ дар соҳаи маориф;
— дар таҳия ва ё таълифи кадом барномаи таълим ва китобҳои дарсии дар боло номбаршуда иштирок менамояд;
— телефон, e-mail.
Эзоҳ: Бо шахсоне, ки дар озмун ғолиб меоянд, шартномаи дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Комиссияи тадорукотии озмуни таълифи барнома ва китобҳои дарсӣ дар муҳлати 30 рӯзи баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Нишонии комиссияи тадорукоти озмун: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 126. Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
Телефонҳо барои тамос: 225-85-06; 225-85-08.
Нишонии электронӣ: prmatt@mail.ru