ДАР СЕГОНАИ БЕҲТАРИН

Нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ба саволи хабарнигори ҳафтаномаи “Омӯзгор” оид ба сохтмони бинои нави таълимии донишгоҳ ва омодагиҳо ба бузургдошти зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом посух дод, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2022 бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони бинои замонавии 9-ошёна бо 140 синфхона барои 4000 донишҷӯ мебошад. Бинои нави замонавии таълимӣ то ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад ва ҳамакнун корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Дар донишгоҳ омодагиҳо ба ҷашни 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров идома дошта, силсилаи нақша-чорабиниҳо мураттаб гардида, баргузории конференсияву симпозиумҳо дар назар аст.
Ҳамчунин, тасмим гирифта шудааст, ки то зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров осори Қаҳрамони Тоҷикистон бо сифати баланд нашр ва дастраси хонандагон гардад.
Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки дар раванди таълим Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил гардид.
Дар қисмати дуюми нишаст мавзуъҳои марбут ба сохтмони бинои нави таълимӣ, раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ифтитоҳи лабораторияҳо, теъдоди муқоисавии магистрантону докторантон, вазъи иқомат дар хобгоҳҳои омӯзгорон ва донишҷӯён, рушди интеллекти сунъӣ дар донишгоҳ, теъдоди донишҷӯёни эҳтиёҷманд, стипендияҳо ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ин саволҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ ва масъулин посухҳои муфассал ироа гардиданд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”