ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲ

Дар нишасти матбуотии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ректори он Р. ғаниев зикр намуд, ки донишҷӯёни филиал аз рӯйи шаш равияи таълимӣ: математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод, геология, идоракунии давлатӣ ва мунсипалӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва лингвистика ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Директор афзуд, ки бо кор таъмин намудани хатмкунандагон пас аз таҳсил на танҳо барои донишҷӯён, балки барои ҳар як муассиса, ки хатмкунандагони он соҳиби диплом гардиданд, яке аз самтҳои муҳим маҳсуб мешавад. Фаъолият дар самти бо кор таъмин намудан ва роҳнамоии касбии хатмкунандагон дар филиали донишгоҳ аз ҷониби мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, кормандони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва назорати сифати таҳсилот ва шуъбаи илм, инноватсия, муносибатҳои байналхалқӣ ва табъу нашр, инчунин, мудирони кафедраҳо амалӣ карда мешавад. Дар хусуси фаъолияти илмию тадқиқотии устодону донишҷӯён ҳарф зада, директор, аз ҷумла, гуфт, ки он дар доираи се равияи илмӣ мувофиқи равияҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ, техникӣ ва технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. (Равияҳои мушкилоти муосири илмҳои табиӣ, типология ва мушкилоти мубрами илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ). Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар конференсияҳои байналмилалии илмӣ-амалии «XII-умин хониши Ломоносовӣ», байналмилалии илмӣ-амалии «Муаммоҳои муосири математика ва татбиқи онҳо», байнидонишгоҳии «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди Тоҷикистони муосир» ва ғайра пешниҳод шуданд.
Инчунин, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони филиал дар 54 конференсияи сатҳи гуногуни ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ширкат варзиданд. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии ҳайату профессорону омӯзгорон ва кормандони филиал дар маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияҳои рейтингии хориҷӣ инъикос ёфтаанд. Дар доираи грантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2022 татбиқи 2 лоиҳа ба маблағи умумии 152 000 сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»