Тоҷикон аз қадим халқи тамаддунпарвару соҳибфарҳанг будаанд ва аз ин лиҳоз, шуҳрати ҷаҳонӣ доштаанд. Таърихи халқи тоҷик пур аз комёбиҳои илмию фарҳангист. Адабиёти тоҷик аз ҷиҳати бостонӣ будану мазмуну муҳтавои баланд доштанаш дар ақсои олам камназир аст.
Ковишҳои бостоншиносӣ собит кардаанд, ки дар қатори адабиёту фарҳангу илм тоҷикон анъанаҳои дерини варзишӣ низ доштаанд. Мардумони ориёӣ-аҷдоди тоҷикон паҳлавону далеру шуҷоъ ва чобуку тундрав буданду бо ин ҳама сифатҳои барҷастаашон пеш аз ҳама Ватани худро, дастовардҳои худро, шаҳру деҳу хонадони худро ҳифз мекардаанд. Дар байни ориёитаборон ҳамчун навъҳои варзиш-аспсаворӣ, найзазанӣ, тирандозӣ, гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, шикор, камонварӣ, гулӯлапартоӣ, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, давидан, ҷаҳидан, дарахтбароӣ… ривоҷ ва шуҳрат доштааст. Бо мурури замон ин ҳама навъҳои варзиш дар миёни тоҷикон боз ҳам равнақ пайдо карданд, такмил ёфтанд ва бо навъҳои нав ғанитар гаштанд. Бозиҳои миллии қадимии халқи тоҷик, махсусан, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада ва маросими тантанавиро шукӯҳу шаҳомат мебахшиданд, шодиафзои ҳамагон мегаштанд.
Хушбахтона, халқи тоҷик дар қатори дигар сарватҳои маънавии худ бозиҳои варзишии миллияшро аз чанги ҳаводиси мухталифи замонҳо ҳифз намуду поянда нигаҳ дошт. Ба ин гуна, бозиҳои варзишии тоҷикӣ марҳалаҳои гуногуни таърихро тай кардаву то рӯзгорони мо расидаанд. Барои ташаккули комил ва эҳёву ривоҷи бозиҳои миллии тоҷикӣ маҳз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шароити созгор фароҳам овард. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш омили асосиву таконбахши рушди бозиҳои миллӣ гардид.
Сарвари кишвар дастгиру илҳомбахшу роҳнамои ҳамешагии варзишгаронанд ва махсусан, ба вусъати бозиҳои миллӣ эътибори рӯзафзун доранд. Бо ибтикори Пешвои миллат барои варзишгарони муваффақи мамлакат ҷоизаҳои баланду бонуфуз таъсис дода шудаанд, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ варзишгоҳҳову толорҳои варзиш бунёд ёфтаанд ва ҳамасола дар кишвар мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мешаванд.
Ҷои ифтихор аст, ки рушди варзиш дар Тоҷикистон боиси ба Ватани маҳбуби мо таваҷҷуҳ зоҳир кардани бисёр кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонии соҳаи варзиш гардид. Аз ин ҷост, ки дар шумори рухдодҳои нишотбахши дигар аввали соли равон ба гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми ҷаҳонӣ дода шуд ва ин навъи варзиши тоҷикон аз ҷониби Вазорати адлияи кишвари Швейтсария шаҳодатнома оид ба мақоми ҷаҳонӣ дастрас кард.
Ин ҳодисаро метавон ҳамчун комёбии барҷастаи варзиш ва тамаддуни халқи тоҷик муаррифӣ намуд. Дар иртибот ба ин ҳодисаи таърихию фараҳбор ҳафтаномаи маҳбуби мо – «Омӯзгор» (№5, 02.02.2023) мақолаи хеле пурдалелу пурмуҳтаво ва ҷолибу муфиди ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов Шодӣ Сафаровро таҳти унвони «Боз як комёбии варзиши тоҷик» ба нашр расонд, ки саршор аз ифтихор ва таманниёти нек аст. Муаллиф аз мақоми ҷаҳонӣ дарёфтани гӯштини миллии тоҷикӣ изҳори шодмонию қаноатмандӣ карда, зимнан иброз медорад, ки «гӯштини миллии тоҷикӣ сазовори эътирофи бавусъат ва мақоми ҷаҳонист, зеро он аз намудҳои қадимтарини варзиш буда, таърихи хеле ҷолиб дораду байни мардум васеъ паҳн шудааст ва дорои ҳаводорони зиёд мебошад». Ба зикри ин муаллиф, гӯштини миллӣ сабку усулҳои зиёдро дар бар мегирад, чун сари севҷӣ, ҳалуки сари зону, ҳалуки Искандарӣ, сари китф, таги каш, хӯрҷин, ҳел-ҳелакон ва монанди инҳо.
Ин ҳолат таваҷҷуҳи ҳаводорони варзишро ба гӯштини миллӣ боз ҳам бештар мекунад. Вақти он расида, ки дар таълимгоҳҳо гӯштини миллии тоҷикӣ бештар тарғиб ва омӯхта шавад. Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ба ин навъи варзиш диққати махсус зоҳир бояд кард. Бояд дар назди тамоми таълимгоҳҳо маҳфилҳои гӯштини миллии тоҷикӣ фаъол бошанд. Як воситаи тарғиби ин навъи гӯштин нақл дар бораи корномаи гӯштингирони маъруфи тоҷик-паҳлавонон мебошад. Дар тарғиби гӯштини миллӣ истифода аз воситаҳои техникӣ низ самаровар хоҳад буд.
Амирқул Қобилзода,
омӯзгори тарбияи ҷисмонии
МТМУ №28-и ноҳияи Айнӣ
