ФАЪОЛИЯТИ СЕРПАҲЛУИ ДОНИШГОҲ

Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ дар бораи фаъолияти солонаи таълимиву тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ, байналмилаливу иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ маълумоти муфассал дод.
Гуфта шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ва литсейи касбии хизмати шаҳри Душанбе ба тавозуни донишгоҳи мазкур гузаронида шуд. Бино ба таъкиди ректор, чунин иқдом ба раёсати донишгоҳ имкон фароҳам меорад, ки кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода карда шаванд. Падидаи дигари вобаста ба пешрафти муассисаи мазкур он аст, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои «Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ», «Иқтисодиёти соҳибкорӣ» ва «Маркетинг» таъсис дода шуд. Дар робита ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори кор дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – «Саноатикунонии босуръат» татбиқи муқаррароти «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» барои пешбурди фаъолияти таълимӣ донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои полиси сайёҳӣ, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоишгоҳӣ – табобатӣ, иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати берунӣ ва дипломатия иҷозатнома гирифт.
Рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои дигари фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла, оид ба самтҳои илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявӣ, филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, литсейҳои касбии хидмати маишӣ дар шаҳри Хуҷанд, литсейи касбии саноати кимиё дар шаҳри Левакант, литсейи назди донишгоҳ дар шаҳри Душанбе ва монанди ин мароқ зоҳир намуданд. Вобаста ба самти илм ва инноватсия гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нуҳ нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, ҳашт нафар омӯзгор давраи пешдифоъро гузашта, ба шуроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои илмии худро пешниҳод карданд. Ҳамчунин, дар ин давра бо ибтикори раёсати донишгоҳ ду конфронси байналмилалӣ, ёздаҳ конфронси ҷумҳуриявӣ, ду конфронси донишгоҳӣ, сиюяк мизи мудаввар ва 113 семинари илмӣ — назарӣ баргузор гардид.
Ректор ба саволҳои дигари рӯзноманигорон ҷавобҳои муфассал дода, онҳоро барои таблиғу ташвиқи фаъолияти донишгоҳ ба ҳамкорӣ даъват намуд.