ДОНИШКАДА ДАҲСОЛА МЕШАВАД

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ректори муассиса ғанизода ҷамшед Шуҷоат ба рӯзноманигорон доир ба ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 маълумот дод.
Бино ба гуфтаи ректор, раёсати донишкада, вобаста ба беҳтар кардани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳоли таҳсилоти олии касбии кишвар, қарору фармоишҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шурои олимон ва раёсати донишкадаро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ, як қатор корҳои судмандро дар соли 2022 амалӣ намуд.
Дар баробари омӯзиш ва фаъолияти рӯзмарраи худ донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳамасола дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври донишкадавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» раёсати донишкада дар давоми соли 2022 тадбирҳои муассир андешид.
Чунонки ректор афзуд, 951 нафар донишҷӯ сессияи зимистониро бомуваффақият ҷамъбаст намуда, 22 нафар донишҷӯ бино бар бартараф накардани қарзи академӣ хориҷ карда шуданд. Таҷрибаомӯзии таълимӣ, педагогӣ, истеҳсолӣ яке аз бахшҳои муҳимми раванди таълим ба шумор меравад. Донишҷӯён вобаста ба ихтисос дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба таҷрибаомӯзӣ машғул гардиданд. Хусусияти эҷодии таҷрибаомӯзӣ ва дар минтақаҳо ташкил кардани он аҳаммияти тарғиботӣ низ дорад. Ба ин васила ҷавонону наврасони минтақаҳои гуногуни кишварро баҳри интихоби касби санъати тасвирӣ ва дизайн баланд менамояд.
Ректори донишкада аз хусуси корҳои илмӣ ва эҷодӣ сухан ронда, афзуд, ки омӯзгорону кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмиву фарҳангӣ ва рӯзномаҳо зиёда аз 145 (нисбат ба соли гузашта 45 адад зиёд) адад мақолаи илмиву оммавӣ нашр карданд. Дар давоми сол 46 адад дастури таълимӣ – методӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва монографияҳо ба чоп расонида шуд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»