11-12-уми феврал дар литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми (минтақавӣ) олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии хонандагони синфҳои 7-8 баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур 910 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, 521 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 389 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ширкат варзида, ки аз ин шумора 115 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд.
Тавре ки директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм Нусратулло Саломзода зикр намуд, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. қобили зикр аст, ки соли 2022 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар маҷмуъ 6520 нафар хонандаи синфҳои (5-11)-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок карданд, ки нисбат ба соли 2021 2287 нафар, яъне 54 фоиз зиёд мебошанд. Агар дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ дар соли 2016 133 ададро ташкил дода бошад, пас, ин шумора дар соли 2022 ба 1805 адад расидааст.
Тибқи низомномае, ки дар мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар шудааст, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои муассисаҳои таълимии типи нав — гимназияву литсейҳо ин гурӯҳбандӣ дигар буда, яъне, 60 хол ва барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 50 холро ташкил медиҳад.
Шартҳои баргузории олимпиада низ тибқи низомномаҳои нав тағйир ёфтаанд. Саволу супоришҳо дар сатҳи миёна гирифта мешаванд, на мураккаб ва на сода, чун имрӯз марҳалае фаро расидааст, ки тибқи низомномаҳои нав 35 фоизи саволу супоришҳо берун аз барномаи таълимӣ ва стандартҳои таълим гирифта мешаванд. Ин ба мо имкон медиҳад, то хонандагони тоҷик омодагии хуб дида, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ фаъолона иштирок намоянд.
Омӯзгори химия ва биологияи мактаби миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Ҳисор Суҳроб Шаъбонов, ки шогирдонашро дар олимпиада ҳамроҳӣ кардааст, чунин иброз дошт:
-Олимпиада дар солҳои охир шаффоф гузашта истодааст. Бо ифтитоҳи марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо бештар гардида истодааст. Имрӯз он барномае, ки мо ба хонандагон таълим медиҳем, аз масъалаҳое, ки дар олимпиада пешниҳод шуда буданд, нисбатан сабуктар аст. Саволу масъалаҳое, ки пешниҳод шудаанд, вазнинтар аст, ҳам барои хонанда ва ҳам барои омӯзгор. Хуб мешуд, ки аз ҳисоби омӯзгорони пешқадами ноҳияҳо дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба муддати 10 ё 15 рӯз тренинг ташкил мекарданду аз кадом манбаъҳо истифода кардани мисолу масъалаҳоро ба мо мегуфтанд.
Мадина Боронова, хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт, иштирокчии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва чандин озмуни мактабӣ мебошад. Ӯ дар олимпиадаи мазкур аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик иштирок мекунад ва мегӯяд, ки олимпиада шаффоф гузашта истодааст ва ман бовар дорам, соҳиби ҷойи намоён мегардам. Ба ақидаи Мадина, иштирок дар чунин як олимпиада ва то ба ин давр омадан худ ғолибият мебошад. Вай тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият намуда, ба халқу миллати хеш хидмат намояд.
Дилдода Мӯсоева,
«Омӯзгор»