Мусоҳиба бо мудири шуъбаи омӯзиши стандарт, нақша, барномаҳои таълим, таҳлили соҳаи маорифи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Давлатназар Имомназаров
— Устоди муҳтарам, тавре ки маълум аст, тайи чанд соли охир масъалаи гузаштан ба низоми нави баҳогузории бисёрхола бо дастури Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мавриди коркард, таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Омӯзгорони МТМУ №58, шаҳри Ҳисор А. Холов ва А. Яқубов дар навиштаи худ «Тарзи нави баҳогузорӣ зарур аст» масъалаи мазкурро дубора мавриди андеша қарор дода, аз ҷумла, зикр кардаанд, ки баҳогузории 5-холаи кунунӣ маҳдудият дошта, сатҳи омодагии комили хонандагонро дар 45 дақиқаи дарсӣ дар бар намегирад. Табиист, ки гузариш ба низоми баҳогузории бисёрхола ҷонибдорону муқобилони худро дорад. Мегуфтед, ки зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузории бисёрхола дар чист?
— Таҷдиди назар намудани системаи баҳогузорӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани он амри ногузир аст. Чунин зарурат аз он бармеояд, ки системаи баҳогузории панҷхола, ки ҳоло ҷараён дорад, имконоти арзишёбӣ, ташхис, ҳавасмандсозӣ ва пешбиниро дар раванди таълиму тарбия аз даст додааст. Ба ибораи дигар, дар шароити кунунӣ таъсири меъёрҳои баҳодиҳии мавҷуда ба дониши хонандагон нисбӣ буда, сатҳи дараҷаи дониши воқеии хонандагонро инъикос карда наметавонад. Омӯзгор ба дониши хонандагон танҳо дар муқоиса баҳо медиҳад. Мазмун, бидуни низом ва меъёрҳои амалкунанда дониши як хонанда бо дониши хонандаи дигар муқоиса карда мешавад. Азбаски дар ин низом андоза ва меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ вуҷуд надорад, он дар навбати худ боиси воқеӣ набудани баҳо ва тобеият ба мақоми омӯзгор мегардад. Аз ин рӯ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ дар марҳалаи кунунӣ аз чанд ҷиҳат ногузир аст. Аввалан, дар раванди баҳогузории мавҷуда асосан аз се баҳо-3 (миёна), 4 (хуб), 5 (аъло) истифода мебаранд. Дуюм, ин меъёр барои баҳогузорӣ намудани дониши воқеии хонандагон кофӣ нест, сеюм, баҳои «2» кам ва «1» тамоман гузошта намешавад. Дар низом ва баҳогузории 5-хола гузоштани баҳоҳои+4», «+3»,-3 ва ғайра ба мушоҳида мерасад, ки аз доира ва имконоти танги он шаҳодат медиҳад, чорум, низоми мазкур ба мусобиқаи байни хонандагон, бо ҷудо кардани онҳо ба гурӯҳҳои «аълохонҳо», «хубхонҳо», «сехонҳо» ва «духонҳо» табдил ёфтааст, ки он ба вазъи психологии хонандагон таъсир мерасонад. Панҷум, низом ва меъёрҳои баҳогузории амалкунанда ба омӯзгор имкон намедиҳад, ки ба натиҷаи ниҳоӣ ва комёбиҳои таълимии хонанда ба таври воқеӣ баҳо диҳад. Супоришҳое, ки аз тарафи хонандагон иҷро карда мешаванд, аз ҳамдигар фарқ доранд ва ин тафовутҳоро дар баҳогузории 5-хола муайян кардан ғайриимкон аст.
— Мехостем дар робита ба ин ҳадафҳои асосии гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ ва вазифаҳои татбиқи низом ва меъёрҳои нави баҳодиҳиро шарҳу тавзеҳ медодед.
— Ҳадафҳои асосии гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ аз ворид кардани ислоҳот дар низоми номбурда бо дарназардошти таъмини раванди мақсадноку самарабахши назорат ва идораи босуботи сифати таҳсилот, таъмини иштирокчиёни раванди таҳсилот бо бонки иттилоотӣ (натиҷа), оид ба комёбиҳои таълимии ҳар як хонанда, ҷорӣ намудани системаи нави баҳогузорӣ ба дастовардҳои таълимии инфиродии хонанда ва ба ин васила таъмин намудани таҳсилоти босифат, амалӣ намудани талаботи ягонаи барномаҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дараҷаи дарки масъулияти волидайн баҳри қабули қарори ҳаётан муҳим оид ба идома додани таҳсил ё шуғли кории фарзандон ва таъмини ҳамкории судманди таълимгоҳ, оила ва ҷомеа баҳри ҳавасманд кардани хонандагон ба донишомӯзӣ иборат мебошад.
— Низоми баҳогузорӣ дар кишварҳои ҷаҳон чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
— Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварҳои ҷаҳон шаклҳои зиёди низом ва баҳодиҳии бисёрхола ба дониш, маҳорату малакаи хонандагон мавриди истифода қарор доранд. Дар баъзе аз ин мамлакатҳо тарзи рақамии баҳодиҳӣ ва дар қисми дигари онҳо шакли ҳарфӣ ва ба таври калима қабул карда шудааст. Дар гурӯҳи сеюми давлатҳо ҳам баҳогузории рақамӣ, ҳам миқдорӣ, ҳам ҳарфию калимагӣ мавҷуд аст.
Низом ва меъёрҳои баҳодиҳии бисёрхола (аксаран 100-хола) ба дониш, малака, ва маҳорати хонандагони теъдоди зиёди кишварҳо тавъам ва ё аз ҳамдигар каме фарқ мекунад. Масалан, низоми баҳодиҳӣ дар ИМА аз 5 то 100 холро фаро мегирад. Дар баробари баҳодиҳии рақамӣ баҳодиҳии ҳарфӣ низ вуҷуд дорад. Барномаи мазкур «Баҳодиҳии миллии пешрафт дар таҳсилот» номгузорӣ шудааст. Дар Латвия низоми 10-холаи баҳодиҳӣ амал мекунад. Низом ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон дар Британияи Кабир самаранок дониста шуда, тибқи он баҳодиҳии рақамӣ бо баҳодиҳӣ ба таври калима низ иваз карда мешавад. Дар Исроил баҳодиҳии 100-хола, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Эрон низоми 20-хола, дар Олмон 6-хола, дар Фаронса системаи 20-холаи баҳогузорӣ, дар Кореяи Ҷанубӣ 100-хола, Канада баҳои ҳарфӣ (А,В,С,Д,Е,F) ва 100-хола, инчунин, ба таври калима (аъло, хеле, хуб, хуб, қаноатбахш ғайриқаноатбахш) ба роҳ монда шудааст.
— Феълан, ба андешаи шумо, дар муассисаҳои таълимии кишварамон гузаштан ба кадом низоми баҳогузорӣ самараи нек дода метавонад?
— Аз ҷониби шуъбаи мо ду варианти гузаштан ба баҳогузории бисёрхола: низоми 10 ва 100-хола кор карда шудааст. Аз ҷумла, зарурати гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола дар марҳалаи кунунӣ аз чанд ҷиҳат зарур шуморида мешавад. Фаъолияти таълимӣ- маърифатии хонандагон аз рӯйи баҳогузории 10-хола чунин аст: камтарин (1-4 хол) дар сурате гузошта мешавад, ки маводи таълимӣ (мавзуъ)-ро аз худ накардааст, моҳияти мавзуъро дарк намекунад: маводи пешниҳодшударо таҳлил карда наметавонад: баъзе қоидаҳоро медонад, лекин ба маънӣ ва мазмуни онҳо ба таври маҳдуд сарфаҳм меравад: ба саволи додашуда ҷавоб намедиҳад; ҳангоми муошират забони гуфтугӯӣ ва лаҳҷаро истифода менамояд:
— 40%-и маводи таълимиро медонад ва бо далелҳо исбот мекунад, воситаҳои фаъолияти таҳқиқотӣ, иртиботӣ ва иттилоотӣ ба таври кофӣ ташаккул наёфтаанд. Дар посухи кофӣ хонанда мавзуи таълимиро қисман аз худ кардааст, 41-50%-и маводи таълимиро медонад ва бо далелҳо ҷавоби худро бо кумаки омӯзгор исбот мекунад. Баҳои миёна дар сурате гузошта мешавад, ки хонанда мазмуни маводи таълимиро дуруст дарк мекунад, дониш ва маҳорати азхудкунии иттилоотро дорад, дар овардани далелҳо ба баъзе хатоҳо роҳ медиҳад, вале онро бо кумаки омӯзгор ислоҳ мекунад; маводи таълимро то андозае ҷамъбасту хулосабарорӣ мекунад; супориши таълимии муқаррариро иҷро ва меъёри забони адабиро асосан риоя менамояд. Дараҷаи дониш ва маҳорати хешро дар сатҳи зерин намоиш дода метавонад: 51-60% маводи назарияро медонад ва бо далелҳо исботи онҳоро пешниҳод мекунад. Баҳои қаноатбахш (7) ба хонандагоне гузошта мешавад, ки дониш ва маҳорати дарки маводи пешниҳодшудаи таълимро намоиш медиҳад; мазмуну муҳтавои мавзуъро бо мисолҳо мефаҳмонад, баъзан дар исботи далел ба хатоии ҷузъӣ роҳ медиҳад, вале онро мустақилона ислоҳ ва маводи таълимро асосан ҷамъбасту натиҷагирӣ ва меъёри забони адабиро риоя мекунад:
Дараҷаи дониш ва маҳорати хешро дар сатҳи зерин намоиш дода метавонад; 61-70%-и маводи назариявиро медонад ва бо далелҳо онҳоро пешниҳод мекунад. Баҳои хуб (8) ба шогирде гузошта мешавад, ки 71-80%-и маводи назариявиро медонад ва бо далелҳо исботи онро пешниҳод мекунад. То андозае малакаҳои тафаккурӣ, таҳқиқотӣ, иртиботӣ ва иттилоотии инкишофёфта дорад.
Дар маҷмуъ, ташаккули салоҳиятҳои асосии хатмкунанда аз он гувоҳӣ медиҳад. Хеле хуб (9) дар ҳолате ин баҳодиҳӣ амалӣ мегардад, ки хонанда 81-90 фоизи маводи назариро медонад ва бо далелҳо исботи онро пешниҳод мекунад.
Ва ниҳоят, баҳои аъло (10) дар сурате гузошта мешавад, ки хонанда малакаҳои тафаккурӣ, тадқиқотӣ, иртиботӣ ва иттилоотии инкишофёфта дорад. 91-100 фоизи маводи назариро медонад ва бо далелҳо пешниҳод карда метавонад. Истифодаи ҷадвали 10-хола имкон медиҳад, ки ҳар як сатҳи дастоварди омӯзиши хонанда дуруст баҳогузорӣ карда шавад. Баҳогузории натиҷаҳои фаъолияти таълимии хонандагон аз рӯйи системаи 10-хола дорои функсияҳои таълимӣ, ташвиқӣ, ташхисӣ, назоратӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Низоми нави баҳодиҳии 100-хола дар доираи чор дараҷаи салоҳиятҳои таълимӣ бо дарназардошти хусусиятҳои таълими фанни муайян тибқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълими фанҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.
— Дар низоми баҳогузории 100-хола боз кадом омил ё равандҳои таълимӣ ба эътибор гирифта мешаванд?
— Баҳои хонанда дар низоми садхолаи баҳогузорӣ аз ду бахш иборат мебошад: бахши аввалро холҳои умумие, ки хонанда аз ҳар як фанни таълимӣ дар давоми ҳар як марҳалаи рейтингӣ дар раванди пурсиши вазифаи хонагӣ, фаъолӣ, натиҷаи корҳои хаттӣ, амалӣ, лабораторӣ ба даст овардааст, ташкил мекунанд. Ва онҳо натиҷаи омодагӣ ба дарсҳо ва фаъолии ӯро нишон медиҳад.
Бахши дуюми онҳоро барқарор кардани холҳои аздастдодаи хонанда ташкил медиҳад. Мувофиқи он ба хонанда имкон дода мешавад, рӯзҳое, ки ӯ дар дарсҳо баҳо нагирифтааст. (пурсида нашудааст ё иштирок надоштааст), барои тасдиқи салоҳиятнокии худ дар ҳар як марҳалаи рейтингӣ тавассути супоридани санҷишҳои тестӣ холҳои аз даст додаашро барқарор намояд. Баргузор намудани санҷиши тестӣ дар охири ҳар як марҳалаи рейтингӣ қобили қабул мебошад. Ҳолҳое, ки аз натиҷаи санҷиши тестӣ ба даст меоянд, танҳо ба сатҳи дониши хонанда тааллуқ дошта, дар маҷмуъ 50 фоизи холи умумии хонандаро ташкил медиҳанд. Дар умум, дар низоми садхолаи баҳодиҳӣ баҳои умумӣ аз маҷмуи фаъолияти хонанда (иштироки фаъол дар дарсҳо, иҷрои вазифаву супоришҳои хонагӣ дар раванди дарсҳо, санҷишҳои тестӣ, корҳои санҷиши хаттӣ, амалӣ, лабораторӣ, корҳои эҷодӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ таркиб меёбад.
Мусоҳиб Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»