КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

— Дар донишгоҳ дар соли таҳсили 2021-2022 барои 51 ихтисос ва дар соли таҳсили 2022-2023 барои 53 ихтисос барномаҳои таълимии нави намунавӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ тибқи модулҳо, мутобиқи талаботи байналмилалӣ, ва принсипҳои раванди Болония таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дар раванди таълим тавсия гардиданд,-изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ва афзуд, ки ба таълиму тарбия донишҷӯён зиёда аз 481 нафар устод, аз он 6 академики АИКТ, 3 нафар узви вобастаи АМИТ, 5 узви вобастаи АИКТ, 47 нафар доктори илм, 51 нафар профессор ва 140 нафар номзади илм сафарбар гардиданд. Аз моҳи январи соли 2022 сар карда, дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ ҷаласаҳо оид ба таъмини хонандагон бо ҷойи кор баргузор гардид. Бо ин мақсад моҳи май дар донишгоҳ «Ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор» бо иштироки хатмкунандагон, садорати факултетҳо, намояндагони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру вилоятҳо, раёсати кишоварзии ноҳияҳо ва агентиҳои давлатӣ шуда гузашт. Дар натиҷа зиёда аз 120 нафар хатмкунандаи буҷавӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ба таъкиди ректори донишгоҳ, яке аз самтҳои асоси фаъолияти донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим мутобиқи талаби замон мебошад. Аз ин рӯ, баъди ҳар як семестр дар доираи фанҳои алоҳида мониторинг сатҳи дониши донишҷӯён пас аз санҷишу имтиҳонҳо гузаронида мешавад. Донишҷӯёни донишгоҳ таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиашонро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ, ки дар онҳо филиалҳои кафедраҳо амал мекунанд, мегузаронанд. Аз ҷумлаи онҳо, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор»-шаҳри Ҳисори донишгоҳ мебошанд. Дар соли 2022 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 19 китоби дарсӣ 7 монография, 189 дастури методӣ ва таълиф таҳия карда шудааст. Дар назди донишгоҳ Институти илмӣ- тадқиқотии биотехнологӣ таъсис дода шудааст, ки ҳоло дар бисёр хоҷагиҳои картошкапарварии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон картошка бо усули биотехнологӣ парвариш карда мешавад. Дар Пойгоҳи КВВТ «Ҳисор»-и донишгоҳ дар шаҳри Ҳисор бо дастгирии Агентии ТИКА дар Тоҷикистон боғи интенсивӣ дар масоҳати 2 га бунёд гардид. Ҷиҳати амалисозии Барномаи ҳукумати электронӣ дар донишгоҳ тамоми фаъолият ба таври электронӣ роҳандозӣ гардида, китобхонаи электронии донишгоҳ дорои 213041 китоби электронӣ мебошад. Дар китобхонаи марказии донишгоҳ 592929 нусха адабиёт мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин, соли гузашта зиёда аз 140 чорабинии тарбиявӣ-донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.

 

Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»