Пиряхҳо манбаи табиии захираҳои обӣ дар тамоми сайёраи Замин маҳсуб меёбанд. Онҳо захираи бузурги обӣ буда, бахусус, барои соҳаи кишоварзии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аҳамияти бағоят калон доранд. Масоҳати умумии онҳо дар ин минтақа 17-18 ҳазор км2 буда, 60 %-и он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд. Масоҳати умумии пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,5 ҳазор км2 буда, қариб 8-%-и масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Қисми зиёди ин пиряхҳо дар қаторкӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ҷой гирифтаанд. Пиряхҳо, бахусус, дар баландиҳои аз 3500-5300м ҷойгиранд. Дар кӯҳҳои Помир 1085 пиряхе ҷойгир шудаанд, ки калонтарини онҳо пиряхи Федченко мебошад, ки он дар нишебиҳои шарқи қаторкӯҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Чанд сол пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 14 ҳазор пиряхи хурд, миёна ва калон вуҷуд доштанд, вале имрӯз беш аз 1000-тои онҳо нест шудаанд, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад. Аз ин ҳолати изтиробовар, ки дар Тоҷикистон ба амал омадааст, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетараф наистода, ҳамеша дар суханрониҳои худ ба таври қатъӣ ёдовар шуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ даъват мекунанд.
Бо назардошти чунин аҳамият доштани ин муъҷизаи бебаҳои табиати Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои наҷиберо вобаста ба масъалаи мазкур, на ин ки дар кишвари худ ва ё минтақа балки барои кулли башар ба миён гузоштанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ташаббуси бевоситаи ҷониби Тоҷикистон дар асоси Қатънома ва пешниҳодҳои ироашуда аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо; дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин, дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст ва дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
Теъдоди зиёди ҷонибдорони Қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд:
Соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи “2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.
Вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар факултети химия ва биология як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифта, амалӣ намуда истодааст.
Ёдрас менамоем, ки соли 2022 озмоишгоҳи химияи таҳлилӣ ва химияи ғайриорганикӣ, озмоишгоҳҳои биология ва биотехнология аз нав эҳё карда шуданд. Ин озмоишгоҳҳо имконият медиҳанд, ки донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD корҳои илмии худро дар сатҳи зарурӣ амалӣ созанд.
Д.ИСУФОВ,
И.ЗОИРОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ