Баҳри дуруст тарбия намудани насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул гардид.
Дар ин замина, мо, омӯзгорон тасмим гирифтем, ки ҳар насли наврасро дар руҳияи эҳтироми муқаддасоти миллӣ, эҳсоси волои ватандӯстӣ, риояи қонун ва арзишҳои фарҳангию миллиро тарбия намуда, ҳувияти миллиро дар ниҳоди онҳо ташаккул диҳем. Таълиму тарбияро дар мактаб сифатан дуруст ба роҳ монда, наслҳоеро ба воя расонем, ки дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм гузоранд, марзу буми аҷдодиро ҳимоя кунанд, ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ бошанд.
Бояд қайд кард, ки дар таркиби мафҳуми «ҳувияти миллӣ», ки муталлиқ будани шахсро бар гурӯҳи муайяни иҷтимоии миллат — ҳамчун шакли олии ҷомеаи қавмии умумияти сиёсӣ, забонӣ, иқтисоду фарҳангидошта ифода мекунад, инчунин, ҳисси сипосгузорию ҳимоят аз давлату Ватан, вафодорӣ ва садоқат нисбат ба давлат — ҳамчун макони рушди миллӣ ва воҳиди сиёсии нигоҳдорандаи миллат маҳфуз мебошад.
Дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, инчунин, ташаккули умумияти этникии мардуми худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар азму субот доранд, зоҳир месозад.
Арзиши инсонӣ мафҳумест, ки дар таълиму тарбияи насли наврас рукнҳои махсуси муқарраргардидаи иҷтимоиро фаро мегирад, ки он дар шаклҳои мусбату нек, зебову савоб, равою ҳақ, қобили қабули умум гардида, дар ҳаёти онҳо нақши худро мегузорад. Арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мутааллиқ ба тамоми инсоният ва халқҳо буда, сарвати маънавии ҷомеаро ташкил менамоянд.
Ҳувияти миллиро аз рӯйи мафҳумҳои муҳаббат ба Ватану ватандорӣ, забони миллӣ, шаъну шараф, шарму ҳаё, нангу номус, иззату нафс, риоя намудани одоби муошират, таҳаммулпазирӣ, сулҳхоҳиву сулҳдӯстӣ, иҷрои амали савобу накукорӣ ва ғайраҳо, ки маҷмуи сифатҳои шахсию меъёрҳои ахлоқиро ифода менамоянд ва дар таркиби арзишҳои умумибашарӣ мавқеи хоса доранд, бояд фаҳмиду дарк кард.
Тарбияи хонандагон дар назария ва амалия мавқеи хоса дошта, он ҳамчун арзишҳои умумиинсонӣ ҷойгаҳи густурдаи худро соҳиб шудааст. Тарбияи хонандагон дар мактаб ин шаклгирии инсонгароӣ дар одату анъана, расму оин ва муоширату муносибати одамон роҳандозӣ мегардад. Худи мафҳуми тарбия кардан, ғамхорӣ ва парвариш намудан, муҳофизат кардан, меҳрубониву дӯстдорӣ зоҳир сохтан ифодагари инсонгароӣ нисбат ба насли наврас, дирӯзу имрӯз ва фардои неки халқу миллат аст.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баҳри болоравии сатҳи тарбияи насли наврас таъсири ҷиддӣ расонид. Дар фаъолияти таълиму тарбиявии хонандагон ва муассисаҳои таълимӣ эҳсоси масъулияту ҷавобгарӣ зиёд гардид. Вақти он расидааст, ки волидайн ба пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки дар оянда онҳо ба доми гурӯҳҳои тундраву ифротӣ наафтанд. Волидон бояд ба ташвиқу тарғиби амалҳои хайру савоб, дастовардҳои неки хонаводагӣ диққати махсус дода, устувории оиларо таъмин намоянд ва дар солим нигоҳ доштани фазои маънавию камолоти ҷисмонии фарзандон саҳми босазои хешро гузоранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон ва манзалати омӯзгорон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки тамоми кишри ҷомеаи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд, ҳамеша такя карда мешавад. Баҳри сайқал додани ҳувияти миллии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ соатҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои «Ҳувият-саодат ба миллат», «Ҳувият-тарбияи сиёсӣ», «Ҳувият- ҳимояи давлати аҷдодӣ», «Ҳувият-вафодорӣ ба давлат» гузаронида мешаванд, ки дар баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносии онҳо нақши босазо мегузоранд. Таълиму тарбия наслу наврас равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шуда, он пайваста зина ба зина амалӣ карда шавад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар собит мекунад, ки таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо пайомадҳои ногуворро ба бор меоварад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи наслу наврас, ки ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, тадбирҳои зиёде ба тасвиб расида, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуданд. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддӣ мебошад. Зеро тарбияи насли наврас, махсусан, ҷавонон яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба шумор рафта, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тамоми давлатҳои дунё ба он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад.
Бахтовар Давлатқадамов,
директори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ
ба номи Додхудо Карамшоев