Варзиш як бахши бисёр муҳим ва судманди ҳаёти инсонҳост. Ба варзиш ҳамагон таваҷҷуҳу ҳамбастагӣ доранд; қисмате ҳамчун варзишгар, гурӯҳе ҳамчун мухлис, бархе ҳамчун посдору ҳомии саломатӣ ва иддае ҳамчун корманди соҳа. Варзиш, пеш аз ҳама, ба гунаи тарбиятгари иродатмандию тавоноӣ, далерию шуҷоат, ифтихору комёбӣ тарғиб мешавад, он дар мавридҳои алоҳида шаъну шарафи миллату давлатро ҳимоя мекунад ва шуҳратафзои кишвар мегардад.
Ҳар қадар варзиш рушд ёбад, оммавитар гардад, ҳамон қадар мамлакат комёб мешавад. Аз ин ҷост, ки дар ҳама давлатҳои ҷаҳон таваҷҷуҳ ба варзиш ва рушди он рӯзафзун аст.
Маълум, ки варзиш намудҳои гуногун дорад. Бисёр намудҳои варзиш дар саросари ҷаҳон паҳн гаштаву маъруфу мақбул гаштаанд ва ҳаводорони зиёд пайдо кардаанд. Масалан, назар ба таъкиди мутахассисон, аз ҳар се нафар сокини сайёра ду нафар ҳаводори футбол аст. Ҳаводорони хоккей низ дар олам хеле зиёданд. Волейбол ҳам дар шумори бозиҳои варзишии маъмулу густаришёфтаи ҷаҳон ба забон оварда мешавад. Имрӯз ба ин намуди варзиш дар тамоми давлатҳо иштиёқ доранд ва сафи ҳаводорону варзишгарони он пайваста меафзояд. Волейбол бозии зебо, тамошобоб ва озодаву мақбул аст. Он чун аксар намудҳои варзиш таърихи аҷоибу рангин дорад.
Дар ҷаҳон 9 феврал ҳамчун зодрӯзи волейбол дониста шудааст ва ҳамасола таҷлил мегардад.
Ба гувоҳии таърих, 9 феврали соли 1895 дар шаҳри Холиоки иолати Массачусетси ИМА ҳодисаи мондагоре рух медиҳад. Дар толори варзиши ин шаҳр, ки мансуб ба Иттиҳоди христианҳои ҷавон буд, мураббии варзишгарон Уилям Морган (1870-1942) ба он мушарраф шуд, ки намуди нави варзишро муқаррар намояд. Ӯ дар заминаи андешаву таҳлили амиқ унсурҳои бозиҳои маъмули замон – баскетбол, бейсбол ва гандболро ба ҳам омехта, ҳаллу фасл намуда, бозии навро ихтироъ кард. Морган тӯри теннисро ба назар гирифта, ин гуна тӯрро ба баландии 196 см (қисми болоии тӯр аз фарши толор) кашид (ба тавре ки аз сари одами миёнақад андаке болотар бошад). Ин бозӣ дар оғоз «минтонет» ном гирифт. Дар аввал теъдоди бозингарон дар ду тарафи тӯр дақиқан муайян нашуда буд. Соле пас аз ин ҳодиса минтолет ҳамчун намуди варзиши алоҳида дар конфронси васеи Иттиҳоди христианҳои ҷавон дар шаҳри Спринфилди Массачусетс ба аҳли ҷомеа муаррифӣ гардид. Иттиҳоди мазкур минбаъд ба паҳншавию эътирофпазирии ин намуди варзиш кӯшиши зиёд ба харҷ дод.
Чун амалиёти меҳварии минтонет бо даст аз як самти тӯр ба самти дигар партофтан буд, профессори иолат Алфред Халстед пешниҳод кард, ки ин бозӣ волейбол номида шавад. Вожаи волейбол маънои «тӯби парон» (яъне тӯбе, ки бо даст партофта шудааст)-ро дорад. Соли 1897 аз ҷониби мутахассисон ба таври фишурда қоидаву шартҳои бозии волейбол муқаррар карда шуд ва ин бозӣ ба рӯйхати бозиҳои варзишии Иттиҳоди христианҳои ҷавон ворид гардид. Дар соли 1900 волейбол аз ҳудуди ИМА берун рафт ва зуд ба бисёр мамолики ҷаҳон роҳ ёфту оммавият пайдо кард. Акнун меъёрҳои байналмилалии ин бозӣ таъйин шуданд. Дар он ду дастаи 6-нафарӣ иштирок мекунанд. Бозӣ дар майдон ё толори 9 х18 м, ки аз мобайн бо тӯр ҷудо шудааст, баргузор мешавад. Баландии тӯр вобаста ба синну сол ва ҷинси бозингарон 2,24-2, 43м. Волейболбозони як даста бо зарбаи даст тӯбро (вазнаш 289 г ва қутраш 65-67 см) аз болои тӯр ба сӯи ҳарифон (дастаи дигар) равона мекунанд, то он ба фарши майдон афтод ё аз ҷониби ҳарифон зада баргардонда шавад. Варзишгарон то се давр (дар ҳар давр то гирифтани 25 хол) бозӣ мекунанд. Сабқат то се ғалаба ба даст овардани дастае идома меёбад…
Соли 1924 (пас аз густариши васеъ дарёфтани ин бозӣ дар Амрикои Лотинӣ ва Аврупою Осиё) волейбол ҳамчун навъи шоистаи таваҷҷуҳ дар Олимпиадаи Париж муаррифӣ шуд. Соли 1974 Федератсияи байналмилалии волейбол (ФБВ) таъсис ёфт, ки 218 федератсияи миллиро муттаҳид кард (иттилои то с. 2005). Соли 1964 волейбол бори аввал ба барномаи Олимпиада ворид карда шуд. Бо мавқеи устувор пайдо намудани волейбол дар арсаи ҷаҳон соли 1948 Чемпионати Аврупо байни мардҳо оид ба ин намуди варзиш баргузор гардид.
Як сол пас дар ҳамин сатҳ мусобиқа байни занҳо ба вуқуъ пайваст. Соли 1949 Чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол байни мардҳо (соли 1952 байни занҳо) созмон дода шуд. Минбаъд дар ҳар чор сол баргузор намудани сабқати ҷаҳонии волейбол ҳукми анъанаро гирифт. Зикр кардан бамаврид аст, ки аз нимаи дуюми садаи бист навъи дигари волейбол – волейболи соҳилӣ низ арзи ҳастӣ кардаву ривоҷ ёфт. Ин бозӣ дар майдони регпӯш ташкил мешавад ва ҳар даста танҳо ду бозингар дорад. Волейболи соҳилӣ аз соли 1996 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид карда шуд.
Бо мурури замон волейбол низ чун дигар намудҳои варзиш қаҳрамонони маъруфи худро пайдо кард. Имрӯз дар байни ҳаводорони ин навъи варзиш номҳои қаҳрамонони секаратаи ҷаҳон оид ба волейбол Андреа Гардини, Фердинандо ди Ҷорҷи, Андреа Ҷони, Марко Браччи, Данте Амарал, Жиба Сантана, Родриго Сантана… маъмулу машҳур аст. То ҳол 11 кишвари ҷаҳон Чемпионати ҷаҳон оид ба волейболро баргузор намудааст (дар маҷмуъ, 20 чемпионати ҷаҳон баргузор шудааст).
Дар Тоҷикистон низ волейбол батадриҷ рушд меёбад. Аввалин дастаи волейболбозон дар кишвари мо соли 1926 таъсис ёфт. Пас аз соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ соли 1992 Федератсияи волейболи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бо ибтикори ин ниҳод солҳост, ки дар мамлакатамон дар сатҳои гуногун (аз мусобиқаҳо байни шаҳру деҳоту навоҳӣ то Чемпионати Тоҷикистон) баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба волейбол (мардона ва занона) дар сабқатҳо ва чемпионатҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзад ва пешрав аст. Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов низ дар рушду густаришёбии волейбол дар саросари мамлакат ҳиссагузорӣ мекунанд…
Ба кулли варзишгарон ва ҳаводорони варзиш зодрӯзи волейболро табрик мегӯем.
Чемпионатҳои ҷаҳон оид ба волейбол
Сол | Мавзеъ | Ҷойи 1 | Ҷойи 2 | Ҷойи 3 |
1949 | Чехословакия Прага |
СССР | Чехословакия | Булғория |
1952 | СССР Москва |
СССР | Чехословакия | Булғория |
1956 | Фаронса Париж |
Чехословакия | Руминия | СССР |
1960 | Бразилия Рио-де-Жанейро |
СССР | Чехословакия | Руминия |
1962 | СССР Москва |
СССР | Чехословакия | Румыния |
1966 | Чехословакия Прага |
Чехословакия | Руминия | СССР |
1970 | Болгария София |
ГДР | Булғория | Япония |
1974 | Мексика Мехико |
Полша | СССР | Япония |
1978 | Италия Рим |
СССР | Италия | Куба |
1982 | Аргентина Буэнос-Айрес |
СССР | Бразилия | Аргентина |
1986 | Франция Париж |
США | СССР | Булғория |
1990 | Бразилия Рио-де-Жанейро |
Италия | Куба | СССР |
1994 | Юнон Афина |
Италия | Нидерландия | США |
1998 | Япония Токио |
Италия | Югославия | Куба |
2002 | Аргентина Буэнос-Айрес |
Бразилия | Россия | Фаронса |
2006 | Япония Токио |
Бразилия | Полша | Булғория |
2010 | Италия Рим |
Бразилия | Куба | Сербия |
2014 | Полша Катовите |
Полша | Бразилия | Германия |
2018 | Италия / Булғория Турин / София |
Полша | Бразилия | США |
2022 | Полша / Словения Катовите /Любляна |
Италия | Полша | Бразилия |
А.Муродӣ,
«Омӯзгор»