ҲИДОЯТ БА КОМЁБИҲОИ НАВИН

Дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамоянд.

Аз  ҷиҳати  мазмун  ва  моҳияти худ  Паёми  Сарвари  давлат  дар таҷрибаи  муосири  давлатдории  ҷаҳонӣ ифодакунандаи  принсипҳои  муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф, Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар,  дурнамои  рушди  ояндаи  тамоми соҳаҳои  ҳаёти  ҷомеа  ва  давлатро  дар асоси  таҳлил  ва  баҳогузорӣ  мушаххас месозад.

Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир  вазъи  сиёсиву  иқтисодии  ҷаҳон хеле  мураккаб  гардида,  ҳоло  инсоният дар  давраи  ниҳоят  ҳассос  ва  душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Бо дарки ин моҳият, Пешвои  миллат  таъкид  намуданд,  ки  “дар панҷ  соли  охир  таъсири  манфии  бархӯрдҳои  геосиёсӣ,  низоъҳои  тиҷоратӣ, паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  инчунин,  пайомадҳои  тағйирёбии  иқлим ба  иқтисоди  кишварҳои  ҷаҳон  шиддат  ёфта,  яроқнокшавии  бошитоб  ва оғози  марҳалаи  «ҷанги  сард»  боиси  халалдор  шудани  низоми  муносибатҳои иқтисодиву  тиҷоратии  байни  давлатҳо ва  ба  вуқуъ  омадани  буҳрони  ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.”

Дар  ҳақиқат,  пӯшида  нест,  ки  имрӯз талошҳои  низоми  сиёсатҳои  якқутбаву чандқутбасозии ҷаҳон авзои сайёраро торафт тира сохта истодаанд. Ин низомҳо баръакс,  як  омили  ба  вуҷуд  омадани бенизомиҳову  даҳшатҳо  дар  сайёра  мебошанд. Манфиатҷӯиҳову сиёсатсозиҳои сунъӣ ба он оварда расонида истодаанд, ки ҳоло дар чанд «нуқтаи гарм», ҳамчун сарчашмаи  бадбахтиҳои  аҳли  башар, эҳтимоли сар задани бархӯрдҳои бузург аст.

Зимни  ироаи  Паём  Президенти  кишвар  дуруст  таҳлил  намуданд,  ки  соли 2022  таҳримҳои  иқтисодиву  тиҷоратӣ вусъат  гирифта,  занҷираҳои  мавҷудаи таъминоти  молу  маҳсулот  канда  шуданд,  истеҳсоли  маҳсулот  коҳиш  ёфт  ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафт.

Сарфи  назар  аз  таҳаввулоти  дар иқтисоди  ҷаҳон  идомадошта  ва  таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии  мо,  дар  натиҷаи  татбиқи  самараноки  ислоҳоти  иқтисодӣ,  амалӣ намудани  стратегияву  барномаҳо  ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир  рушди  иқтисодиёти  Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ  аз  71  миллиард  ба  115  миллиард  сомонӣ  расид  ва  ба  ҳар  сари  аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани  нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба  иқтисоди  миллӣ,  фаъолияти  босуботи  низоми  бонкӣ,  афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани  фазои  сармоягузорӣ  ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда,  рушди  иқтисоди  миллӣ  дар  сатҳи  8 фоиз таъмин карда шуд.

Ҳамзамон,  таъкид  гардид,  ки  дар  31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион  хонанда  сохта,  ба  истифода  дода шуд.  Ҳол  он  ки  дар  70  соли  замони  гузашта  ҳамагӣ  3229  муассисаи  таълимӣ бунёд гардида буд.

Суҳроб ШАРИФЗОДА