САЙЁҲӢ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

Бо ҳадафи ташкили фаъолияти сайёҳӣ дар кишвари мо қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаю стратегияҳои давлатӣ қабул шудаанд, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва монанди инҳо.

Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар намудани  вазъи иҷтимоию  иқтисодии минтақаҳои  кишвар,  бо шуғли  пурмаҳсул  таъмин кардани  аҳолӣ  ва  баланд бардоштани  сатҳи  фаъол-нокии  иқтисодии  сокинони мамлакат  бо  ибтикори  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ —  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон соли  2018  Соли  рушди  сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ  ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди  деҳот,  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуданд.

Омили  дигари  такондиҳандаи  соҳа    дар  сатҳи зарурӣ  омодасозии  мутахассисон ба ҳисоб меравад, чунки  мутахассисони  болаёқати соҳаи  сайёҳӣ  пешбарандаи фаъолияти  соҳа  мебошанд. Вобаста ба  ин,  дар  «Стратегияи  рушди  сайёҳӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  давраи  то  соли  2030», Боби  3.  Вазъи  муосир  ва ҳадафҳои  рушди  соҳаи сайёҳӣ,  сархати  §1.  Соҳаи сайёҳии  Тоҷикистон  дар соли  2030  (пешбинӣ,  ҳадаф ва  вазифаҳо)  қайд  гардидааст,  ки:  яке  аз  муассисаҳои олии кишвар бояд дар самти омодасозии  мутахассисони сатҳи  байналмилалии  соҳаи сайёҳӣ  махсусгардонида  шавад.  Бо  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 27  январи  соли  2022,  таҳти рақами  №17  ба  Муассисаи давлатии  таълимии  «Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» мақоми муассисаи таълимии  байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии  сайёҳӣ  ва  соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ карда шуд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки  имрӯз  дар  ин  муассисаи таълимӣ тамоми шароити таълимию илмомӯзӣ барои омодасозии  мутахассисони  ҷавобгӯ ба  талаботи  бозори  меҳнат дар соҳаи мазкур мавҷуд мебошанд.

Ба  сифати  омили  навбатӣ, дар  сатҳи  қаноатмандкунанда таъмин будани соҳа бо инфрасохтори  зарурӣ  ва  содагардонии ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба  кишварро  номбар  намудан мумкин аст.

Мавҷудияти  инфрасохтори  зарурӣ  яке  аз  омилҳои асосии  ба  маротиб  афзункунандаи  ташрифи  сайёҳони хориҷӣ  ба  кишвар  маҳсуб меёбад.  Бо  бунёди  роҳҳои сатҳи  байналмилалӣ, меҳмонхонаҳо,  марказҳои хизматрасонӣ  ба  сайёҳон ташрифи  онҳо  ба  кишвар рӯ  ба  афзоиш  ниҳодааст. Соли  2021-ум  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёда  аз  230 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамуданд. Шумораи умумии  шаҳрвандони  хориҷие, ки  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташриф  оварданд,  дар нимсолаи 1-уми соли 2022 нисбат ба нимсолаи 1-уми соли 2021 203%-ро  ташкил  дод,  ки  ин нишондиҳандаи  хуб  мебошад. Инчунин, қайд намудан бамаврид  аст,  ки  шумораи сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур нисбат ба нимсолаи соли 2021  дар  нимсолаи  1-и  соли 2022-юм ба 110% расидааст.

Мутаассифона,  ҳиссаи соҳаи  сайёҳӣ  дар  ММД–и кишвар  қаноатбахш  нест.  Ин нишондиҳанда соли 2021 1,2%-ро  ташкил  дод,  ки  дар  ҳамин сол  350  ҳазор  нафар  сайёҳ  ба кишвар  ташриф  оварданд. Агар мо ба давраи пеш аз пандемия  назар  кунем,  яъне  соли 2019 ба кишвар 1, 350 ҳазор нафар сайёҳ ташриф оварданд ва дар ҳамин давра ҳиссаи сайёҳӣ дар  ММД  2,3  фоизро  ташкил медод.

Бояд  қайд  намуд,  ки сайёҳони хориҷӣ, пеш аз ҳама, ба манзараҳои табиӣ ва обҳои шифобахши  «Шоҳамбарӣ», «Хоҷа  Оби  Гарм»,  «Гармчашма»,  «Оби  гарм»,  қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои Тоҷикистон, ба монанди қуллаҳои баланди Помир,  қаторкӯҳҳои  Ҳисору Зарафшон,  инчунин,  шаҳрҳои қадимаи  Тоҷикистон  –  Истаравшан,  Ҳисор,  Панҷакент, Кӯлоб,  Исфара  ва  ғайра  бо нигоҳ  доштани  анъанаҳои фарҳангӣ  ва  ҳунармандӣ мутаваҷҷеҳ мешаванд.

 Омили  ниҳоӣ,  ба  ақидаи мо,  ки  имрӯз  мушкилоти асосӣ дар самти рушди сайёҳӣ мансуб  меёбад,  дар  сатҳи зарурӣ  муаррифӣ  нагардидани  имкониятҳои  сайёҳии кишвар  ба  ҳисоб  меравад. Боиси  зикр  аст,  ки  дар  кишвар  сарчашмаҳои  иттилоотии сайёҳӣ,  аз  қабили  маҷаллаи махсуси  сайёҳӣ,  телевизиони сайёҳӣ,  рӯзномаи  сайёҳӣ  таъсис  дода  шудаанд,  аммо  мушкилоти  ҷойдошта  то  ҳанӯз ҳалли худро пайдо накардааст.

Мушкилот дар мавриде ҳалли худро пайдо  менамояд, ки  воситаҳои ахбори умуми кишвар дар ҳамбастагӣ  бо олимон, мутахассисони соҳа ва ширкатҳои сайёҳӣ бренди миллии  сайёҳии  кишварро  таҳия ва коркард намоянд.

Ҳ. ГАДОЕВ,

декани факултетисайёҳии ДБССТ,

Ҳ. ШАРИФОВ,

ассистенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва

меҳмондории ДБССТ